Баргашт Чоп кардан

ГУМРУК. ГАРДИШИ ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ БА 2 МИЛЛИАРДУ 224,4 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОБАР ШУД


Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти гумрук, ки бо санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ муқаррар гаштаанду ба такмили маъмуригардонии гумрук равона шудаанд, тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои муайянеро анҷом дод.
Дар ин давра, гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 2 688,6 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2 224,4 миллион доллар) 464,2 миллион доллар ё 20,8 дарсад зиёд мебошад.
- Сарфи назар аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд, - иброз дошт Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар давраи ҳисоботӣ, мақомоти гумрук дар доираи ҳамкориҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, дар маҷмуъ, 84 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукиро муайян, ошкор ва ба қайд гирифт.
Бо мақсади бозбинӣ ва таҷдиди хизматрасониҳо ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи рақамикунонӣ дар Хадамоти гумрук низоми иттилоотии нави “Асикуда”-и ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардид, ки тавассути он хизматрасониҳо ба тариқи электронӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ пешниҳод мегарданд.
Ҷиҳати мутобиқат намудан ба талаботи муосири техникӣ дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маркази коркарди маълумот фаъол аст, ки дар он таҷҳизотҳои зарурӣ барои таъмини кори доимии автоматонидашудаи системаи иттилоотии “Асикудаи ҷаҳонӣ” ва системаҳои нигаҳдории маълумот дар ҳолатҳои фавқулода ва садамавӣ ҷойгир карда шудаанд.
Вобаста ба системаи байниидоравии гардиши электронии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ портали алоҳидаи doc.hukumat.tj таҳия ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз ҷониби мутахассисони Маркази мазкур дар якҷоягӣ бо масъулини Хадамоти гумрук дар шуъбаи умумӣ барномаи дахлдор барои дастрасӣ ба портали doc.hukumat.tj васл ва роҳандозӣ гардид.
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ”, дар мақомоти гумрук аз 1-уми сентябри соли 2020 Низоми миллии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мавриди истифодаи расмӣ қарор гирифт. Равзанаи ягонаи мазкур ба гузариш аз шакли қоғазӣ ба электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳои расмии 11 мақомоти ба низом шомилшуда мусоидат менамояд. Мақсад аз ҷорӣ намудани низоми мазкур, аз байн бурдани ҳомили қоғазӣ дар амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ дар кишвар, шаффоф гардондани танзими ғайритарифии савдои хориҷӣ, аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, кам намудани сарфи вақт дар амалиёти барасмиятдарорӣ, ташкил намудани махзани маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ғайра, ба ҳисоб меравад. Айни замон 24 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат аз ҳомили қоғазӣ ба электронӣ гузаронда шудааст.
Раванди дигар дар рақамикунонии фаъолияти мақомоти гумрук ин бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо тавассути портали ягона мебошад, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ” ва фармоиши Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оид ба тартиби барасмиятдарории гумрукии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ” ба роҳ монда шудааст.
Татбиқи имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии солҳои охир қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди устувори сармоягузорӣ ва соҳибкории истеҳсолиро дар кишвар тақвият бахшид. Яъне, дар ин давра аз ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёти дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» воридшуда танҳо 30,1 фоизи он (617,9 миллион доллар) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳое, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои тарифию андозӣ қисман татбиқ гардидаанд, 1122,6 миллион доллар ё 54,6 фоиз ва арзиши гумрукии молҳои пурра аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор 314,9 миллион доллар, ё 15,3 фоизро ташкил намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки тайи солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, тадбирҳои андешидаи Хадамоти гумрук як қатор корҳои муҳим ба итмом расонда шуданд, ки ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла барасмиятдароии саривақтӣ ва шаффофи мол ва воситаҳои нақлиёти аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, мусоидат намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими роҳандозигардида, аз 1-уми октябри соли 2025 дар амал татбиқ намудани фаъолияти системаи иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Системаи иттилоотии мазкур барои содагардонии расмиёти гумрукӣ тавассути татбиқи шакли мукаммали декларатсиякунонии электронӣ, автоматикунонии расмиётҳои гумрукӣ, ҳосил намудани маълумоти боэътимоди саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва омори фискалӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади рақамикунонии соҳоти фаъолияти гумрукӣ ва таъмини гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо ренгенҳои муосир барои назорати гумрукии мошинҳои боркаш бояд ёдовар шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рақамикунонии равандҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ” дар якҷоягӣ бо Оператори рақамикунонии раванд дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ - ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таҳия, насб, ҷорӣ ва идора намудани механизми муосири дорои имконияти сабткунии зеҳнӣ, тарозуи рақамӣ ва аксҳои рентгенӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумрук ба марҳалаи нави рушд — рақамикунонии пурраи равандҳо қадам гузошт.
Яке аз натиҷаҳои барҷастаи ин ислоҳот — кӯтоҳ шудани вақти барасмиятдарории гумрукӣ аз 14 то ба 7 соат мебошад, яъне самаранокӣ дақиқан ду баробар афзуд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”