Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ТО ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ


Тамаддуни безавол ва шукӯҳманди ориёӣ, ки дар сайри таърихии ниёгони шарафманди мо ташаккул ёфтааст, ҳазорсолаҳо инҷониб асолати миллӣ, таърихӣ ва маънавии миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад.
Донишманди номдори рус Н.Хаников сарнавишти миллати ориёии моро дар партави ҳақиқати таърихӣ чунин ба қалам додааст: Калимаи “тоҷик” дар ватани аслии Зардушт, ки таълимоташ дар Бохтар хеле пештар аз он ки ба Ғарб (Эрони Ғарбӣ) ворид шавад, роиҷ буд. Калимаи “тоҷик”, ки дар ибтидо чун истилоҳи ҷомеи исми нахустин оташпарастон арзи вуҷуд намуда буд, ҳоло ба номи мардуми шохаи эронӣ, ки қатъи назар аз асорати бисёрасраи бегонагону барбарон забон ва осори фарҳангии қадимаи худро нигоҳ доштаанд, табдил ёфтааст.”
Тамаддуни ориёӣ ончунон тавоноӣ пайдо карда, ки сабаби ба вуҷуд омадани як силсила давлатҳо гардид ва онҳо дар пешрафти тамаддуни башарият нақши мондагор бозидаанд. Ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон „Ориёнҳо дар таърих давлату давлатдориҳои мутамаддини Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Ҳайтолиён, давлатҳои Суғду Бохтар, Хоразм ва ниҳоят давлати бузурги миллии Сомониёнро таъсис дода ва дар ин давлатҳо тамаддунҳои дурахшонеро офарида, ба ҷаҳониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ арза доштаанд.”
Ба андешаи Сарвари давлат таърихи халқи тоҷик бояд дар алоқамандӣ бо таърихи гузаштагони пешини худ, аз ҷумла, бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишини сақоӣ, скифҳо, сарматҳо ва дигар қавмҳои ориёинажод мавриди пажӯҳиш қарор бигирад.
Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон рағбат ба омӯхтани таърихи ниёгони ориёии мо хеле вусъат ёфт. Дар ин иртибот як силсила тадбирҳои таърихӣ анҷом гирифтанд, ки ташаббускори асосии онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз ҷумла, соли 1999 доир гаштани Ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён, эълон гардидани соли 2006-Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз, соли 2008 доир гардидани Ҷашни ҷаҳонии 1150-солагии устод Рӯдакӣ, бузургдошти 5500-солагии Саразми бостон ва ҷашнҳои адибону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ дар шинохту омӯзиши амиқи фарҳанги ориёӣ нақши ниҳоят бузург гузоштаанд.
Чун Тоҷикистон ба озодиву истиқлол расид, ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва арҷ бигзоштан ба гузаштаи пурифтихори миллат Исмоили Сомонӣ ва давлати Сомониёнро ҳамчун намунаи давлатдории миллӣ эътироф намуд ва 1100-солагии давлати Сомониёнро дар асоси қарори ЮНЕСКО ҳамроҳ бо ҷомеаи башарӣ таҷлил намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳри Бухоро дидан намуданд (27-уми марти соли 2026) ва дар аснои зиёрати мақбараи бошукӯҳи Исмоили Сомонӣ бо як ҷаҳон муҳаббат ва эҳсосот ба марқади ӯ бӯса заданд. Ин бӯса танҳо бӯсаи Президент набуд. Ин бӯсаи ҳар як тоҷики бедордил ва дорои ифтихори миллӣ буд, ки меҳри Сомониёнро дар дил мепарварид, зеро дар арсаи таърих падид омадани давлати Сомониён падидаи басо нодир ва беназирест, ки ба зуҳури „Эҳёи Аҷам” ё худ „Эҳёи Тоҷик” сабаб гашт. Маҳз дар аҳди Сомониён миллати тоҷик пирӯзмандона қомат барафрохт ва дар таърих мақоми шоиста пайдо кард. Аз он ки мо имрӯз чун миллати соҳибдавлат ва соҳибистиқлол бо забони нобу шевои тоҷикӣ сухан мегӯем ва аз дурдонаҳои илмиву адабии бо ин забон эҷодшуда баҳра мебардорем, аз давлати Сомониён сипосгузорем.
Сарвари давлат бо ифтихор борҳо таъкид кардаанд, ки миллати фарҳангдӯсти тоҷик дини исломро пазируфт, аммо забони арабро қабул накард ва ин иқдоми ҷасурона чун падидаи беназири ватанпарастӣ дар таърихи давлати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Дар роҳи бегазанд мондани забони тоҷикӣ ҷаҳду талошҳои Имоми Аъзам, ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, нақши бениҳоят тақдирсоз бозидааст. Маҳз бо фатвои шаръии ин шахсияти бузург истифодаи забони тоҷикӣ ҳангоми хондани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа ва бо ин забон тарҷума ва тафсир намудани Қуръони карим мақому манзалати забони тоҷикиро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ гардидани он шоҳроҳи васеъро боз намуд.
Забони тоҷикӣ дар аҳди давлати Сомониён чун симурғ ба парвоз даромад ва ба забони байналмилалии Машриқ табдил ёфт. Шарҳи он дар китоби академик Бобоҷон Ғафуров „Тоҷикон” чунин омадааст:
„Таъсир ва шуҳрати адабиёти хаттии форсӣ дар асрҳои миёна чунон бузург буд, ки вай на танҳо дар мамлакатҳое, ки забони форсӣ барои аҳолии онҳо забони модарӣ ҳисоб мешуд, балки дар кишварҳои берун аз ҳудуди онҳо чун Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Курдистон, Афғонистон, Ҳиндустони шимолӣ, Туркистони шарқӣ низ эҷод мешуд.
Донишмандон аз сари минбарҳо аз панду андарзҳои ин китоби муқаддас вазъ гуфта, пиру ҷавонро сӯи тариқати “пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” ҳидоят менамуданд.”
Донишмандону мунаҷҷимони аҳди бостон бар асоси ҳаракати сайёраҳо, махсусан Офтоб, ҷашнҳои абадзиндаи ориёӣ – Наврӯзу Сада ва Меҳргону Тиргонро падид овардаанд ва шарҳи онҳо дар осори Умари Хайём ва Абурайҳони Берунӣ равшан таҷассум ёфтаанд. Ин ҷашнҳои бузург ва ҷовидонӣ дар партави истиқлоли давлатӣ ва талошҳои Сарвари давлат фурӯғи тоза ёфта, имрӯз бо шукӯҳи хосса таҷлил мегарданд.
Пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва муҳити зист аз фарҳанги безаволи ориёӣ шодоб гаштаанд, зеро дар фарҳанги ориёӣ об ҳамчун унсури муқаддас, сарчашмаи ҳаёт, мазҳари покиву саломатӣ ва шукуфоии боғу бӯстонҳо мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Оини зардуштӣ обро мавҷудоти зинда меҳисобад ва покиза нигоҳ доштани чашмаву дарёҳо, баҳру уқёнусҳо ва чоҳҳои обро фармудаи Аҳурамаздо медонист. Дар тамаддуни ориёӣ мавқеи инсон дар ҷомеаи башарӣ хеле дурахшон таҷассум ёфтааст. Зардушт инсонеро мепарастад, ки бо неруи хеш ризқ меофарад, замин кишт мекунад, боғ бунёд менамояд, чорво мепарварад, зироатро обёрӣ мекунад. Аммо касе, ки заминро кишт намекунад ва онро хор медорад, бояд бидонад, ки ба суроғи як пора нон ба дари хонаи касон хоҳад рафт ва муҳтоҷи бозмондаи хони дигарон хоҳад гашт. Ниёгони ориёии мо бо таронаҳои авестоӣ ба кишту кор оғоз менамуданд ва саховати заминро тараннум мекарданд. Мазмуни баъзе аз он таронаҳо чунин садо медиҳанд:
– Ман модар, заминам. Агар донае бар дили ман биафшонӣ, бар ивази он сад дона хоҳам дод.
– Агар ниҳолаке биншонӣ, хонаат аз мева пур хоҳад шуд.
– Он касе, ки ба замин тухм мепошад, азизи парвардигор аст. Подоши он аз сад дуову ибодат, аз ҳазор адои маросими мазҳабӣ ва аз сад ҳазор қурбонӣ болотар аст.
Дар таълимоти авестоӣ ҳифзи саломатии инсон, покии ахлоқ ва макони зист ҷойгоҳи хоссае доранд. Шигифтангез аст, ки дар ҳазораҳои басо дур ниёгони мо аз омилҳои барангезандаи ҳар гуна бемориҳо тавассути обу ҳаво, маводи ғизоӣ, ҳар гуна ҳашарот огоҳии комил доштаанд. Сарчашмаи тибби Аҷам аз Авесто оғоз меёбад ва ҳадафи волои он солимии руҳ ва ҷисму ҷони инсон аст. Ориёиҳо тарзу усули аз рустаниҳои шифобахш табобат намудани бемориҳоро ба таври бояду шояд омӯхтаанд. Усули гиёҳдармонӣ, ки имрӯз дар аксари кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мавқеи хосса дорад, панҷ-шаш ҳазор сол пеш барои ниёгони мо шинос будааст. Ба гуфтаи табиатшиносон дар Тоҷикистони мо беш аз панҷ ҳазор гиёҳҳои шифобахш мерӯянд ва дар тиб мавриди истифода қарор доранд.
Фарҳанги ориёӣ дар боби маърифати оиладорӣ ва ҳуқуқи зану мард дар асли хеш беназир аст ва метавонад имрӯз барои мардумони замони мо намунаи ибрат бошад. Бар асоси фармудаи Авесто издивоҷ бо хешовандони наздик қатъиян манъ аст.
Авестошиноси маъруф М.Ҳазратқулов дар асари хеш „Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ” оварда, ки дар Авесто 13 моддаи марбут ба танзими оила ва 37 модда перомуни ҳуқуқи зану мард ва инсон мавҷуданд ва арзиши баланд доранд. Дар тамаддуни ориёӣ аз зулму ситаму зӯроварӣ асаре нест. Дар партави истиқлоли давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат тамаддуни шашҳазорсолаи ниёгони ориёии мо аз нав эҳё гардида, дурахшу ҷилои тоза ёфта, дар тору пуди Тоҷикистони нав ва мардуми он сахт танидааст.

Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон