Ғолибан се даҳсола пеш тасаввур намешуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада имрӯз ба давлати мунодии сулҳ дар ҷаҳон ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ табдил меёбад. Вазъи асафборе, ки солҳои аввали истиқлоли давлатӣ мамлакати моро домангир буд, ин тасаввурро аз зеҳни мардум дур нигоҳ медошт. Хушбахтона, бо фазли илоҳӣ ва иқболи халқи сарбаланди тоҷик дар саҳнаи сиёсӣ шахсияти тобноке зуҳур кард, ки аз ҳамон оғози амр чароғи умед ба фардои дурахшонро дар дили халқ фурӯзон намуд.
Оре, аз файзи хиради сиёсии ин абармарди таърих – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ва гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз марҳалаи ҳассосу хатарбор вориди марҳалаи барқарорсозиву бунёдкорӣ шуд. Албатта, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ осон ба даст наомада, балки роҳи душворе буд, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Тасвиби Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки ба қимати ҷонбозиву заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат 27-уми июни соли 1997 ба даст омад, дар мамлакат фасли нави давлатсозиро оғоз бахшид.
Ҳоло беҳуда нест, ки маҷмуи дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ дониста мешавад. Дар ҳақиқат ҳамин неъмати бебаҳо имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дохил ба пешрафтҳои назарраси таърихӣ даст ёфта, дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувору боэътибор созад.
Воқеан, дар ҳоле ки зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабори маънавиро дар пай дорад, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ амри ногузирест, ки беш аз ҳар вақти дигар ба он муносибати ҷиддӣ тақозо мегардад. Миллати куҳанбунёди тоҷик бо вуҷуди мероси гаронбаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиаш дар ростои таърих азиятҳои зиёдеро дидааст, ки тозатарин намунаи он воқеаҳои хунину бегонапарастии солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин, имрӯз моро зарур аст, ки аз масири худшиносиву худогоҳии миллӣ қадаме берун нагузорем ва дар муқобили идеологияву фарҳанги бегона сангари қавӣ бунёд созем. Алайҳи ҷаҳолату хурофотпарастӣ иқдомоти муассир анҷом диҳем, зеро ҷаҳолату хурофотпарастӣ махуфтарин авомилест, ки бисёр ҷомеаҳои солимро батадриҷ аз масири рушду тараққӣ мунҳариф месозад.
Тоҷикон дар оинаи таърих бо сифатҳои хубе, аз ҷумла адолатхоҳӣ, инсондӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, садоқат ба хоки Ватан, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ арзи ҳастӣ карданд, ки ҷомеаи имрӯз низ бояд чунин оинҳоро риоя ва ҳифз намоянд. Дар ин самт тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ омили калидие хоҳад буд, ки барои татбиқи ҳадафҳои бунёдии Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ барои дарозмуддат нақши бориз мегузорад.
Комилҷон ҒАНИЗОДА, муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом