Баргашт Чоп кардан

АЗ «НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК» ТО «НАМУНАҲОИ АДАБИЁТИ ТОҶИК»


Мусаллам аст, ки неруҳои иртиҷоиву аморатгаро баъд аз тақсимоти миллӣ ва ташкили Ҷумҳурии Шуравии Мухтори Тоҷикистон ба дасисаву фитна пардохтанд. Онҳо мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд ва ҳамин буд, ки барои исботи мавҷудияти миллати тоҷик ва илму адабу тамаддуни бузурги ӯ Ҳукумати ҶШМТ ба устод Садриддин Айнӣ супориш дод, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бинависад.


Устод Айнӣ дар як муддати кӯтоҳ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт ва он соли 1926 дар Москва чоп шуд. Аммо душманони миллати тоҷик хомӯш нанишастанд ва бо ҳар роҳ ба устод Айнӣ ва китоби ӯ ҳамла оварданд, аммо давлати шуравӣ ва намояндагони пешқадами он аз устод ва китоби ӯ дифоъ намуданд.
Бадбахтона, дар замони «бозсозӣ» (бозсӯзӣ) ҳамин неруҳои аксулинқилобӣ, иртиҷоӣ, айниситез, амалдорони амирӣ, руҳониён, бойҳо, кулакҳо, фарзандону наберагони онҳо аз нав сар бардоштанд ва ба устод Айнӣ ва шоҳасари ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳуҷум намуданд. Хушбахтона, баъди соҳибистиқлолӣ Президенти адабпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳимояи устод Садриддин Айнӣ камари ҳиммат баста, аввалқадам ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро арзонӣ доштанд ва бад-ин тартиб, пеши роҳи айниситезонро гирифтанд.
Агарчи устод бо иншои «Намунаи адабиёти тоҷик» исбот кард, ки «дар диёри Мовароуннаҳр як қавми муаззам бо номи тоҷик истиқомат дорад» ва бо ин кор, ба даҳони бадхоҳони миллати тоҷик муҳри хомӯшӣ зад, аммо масъалаи исботи мансубияти мероси адабӣ ва пуштибонӣ аз ин мерос Айниро водошт, то собит намояд, ки тоҷикону форсҳо дорои мероси муштарак ва ягона мебошанд. Лиҳозо, ӯ ба навиштани асарҳои дигари илмӣ, аз ҷумла «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ», «Шайхурраис Абуалӣ Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» ва ғайра, иқдом намуд. Маҳз ӯ қабули истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик»-ро пешниҳод ва расман ба кор андохт ва ба тасбеҳ даровард. Дар ин бора дар сарсухани китоби дастаҷамъонаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» чунин маълумот дарҷ шудааст: «Агар асрҳои Х-ХV-ро гирем, мебинем, ки дар ҳақиқат, тақдири таърихии қавмҳо ва халқҳои форсизабон дар ҳар ду тарафи дарёи Ому, дар ин муддати таърихӣ, аз нашъунамои маданияти давраи Сомониҳо сар карда, то ба фалокати зулми муғулон, чунон ба ҳамдигар печдарпеч буд, ки ҳамаи ин халқҳо дар он вақт ба як забон эҷодкори ягона адабиёт шуда мебароянд. Мазмуни реалии таърихии ин давра на фақат дар таъсиррасонӣ ба якдигар, балки маҳз дар печдарпеч будани тақдири таърихӣ аст, ки ба эҷод карда шудани адабиёти ягона оварда расондааст».
Боиси тазаккур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Шуравии Мухтори Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои хоҷагӣ, иқтисодӣ, маданият, хусусан ба масъалаи омӯхтани мероси адабӣ, диққати ҷиддӣ медод. Мо ин гуна таваҷҷуҳи давлатро дар мураттаб сохтани «Намунаи адабиёти тоҷик» бармало мебинем. Дар ин бора Абдусалом Деҳотӣ чунин мегӯяд: «Солҳои 1924 – 1925 буд... Ҳукумати ҷавонтарин республикаи автономӣ дар масъалаҳои хеле муҳими хоҷагӣ ва маданият: сохтмони роҳу манзил, тараққӣ додани деҳқонӣ, нест кардани бесаводӣ ва монанди инҳо аввалин қарорҳои худро мебаровард. Яке аз ҳамон қарорҳои аввалини ҳукуматӣ ба масъалаи омӯхтани мероси адабии халқи аз зулму асорат озодшудаи мо, яъне ба тартиб додани «Намунаи адабиёти тоҷик» марбут буд. Вазифаи мушкил, вале бошарафи тартиб додани чунин китобро устод Садриддин Айнӣ дар шароити мавҷудаи ҳамон вақт бомуваффақият адо кард. Дар ҳақиқат, ҳамон солҳо – дар шароити набудани ягон институти тадқиқоти илмӣ-адабӣ ё ягон китобхонаи каму беш мукаммали ба кори илмӣ мусоидаткунанда, дар сурате ки намунаи эҷодиёти ин ё он шоирро кӯча ба кӯча ва дар ба дар гашта, аз китобдорони алоҳида ба даст овардан лозим меомад, хидмати устод Айнӣ дар тартиб додани аввалин тазкираи адабии тоҷикии замони мо, қатъи назар аз як қисм норасоиҳо ва нуқсонҳои ин китоб, як навъ фидокории қаҳрамонона буд дар соҳаи маданияти советӣ. Агар бо таъбири шоирона гӯем, «Намунаи адабиёти тоҷик» пойдевори адабиётшиносии советии халқи мо буд, ки баъдҳо бар он пойдевор бинои бошукӯҳи ин соҳаи илм бунёд шуд».
Ҳамзамон, бояд таъкид кард, ки китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) пас аз 14 соли интишори «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) мураттаб ва иқболи чоп ёфт. Он як навъ идома ва такмили «Намунаи адабиёти тоҷик» буда, аз тарафи Холиқ Мирзозода, Ҷавҳарӣ Суҳайлӣ, Ҷалол Икромӣ, Кибриё Лутфуллоева, Лутфулло Бузургзода мураттаб гардида, зери таҳрири устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Иосиф Брагинский ва роҳбарии Абулқосим Лоҳутӣ соли 1940 бо алифбои лотинӣ дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон мунташир гардид. Дар аввали китоб телеграммаи табрикии Сардори давлати шуравӣ Иосиф Сталин, ки соли 1925 ба конференсияи якуми болшевикони Тоҷикистон фиристода буд, ҷой дода шудааст, ки бо чунин суханон сар мешавад: «Тоҷикон таърихи бой доранд. Лаёқатҳои ташкилотӣ ва политикии онҳо дар гузашта барои ҳеҷ кас махфӣ нест. Коркунони Тоҷикистон! Маданияти мамлакати худатонро боло бардоред, хоҷагии вайро тараққӣ диҳед, ба меҳнаткашони шаҳру қишлоқ ёрӣ расонед, дар атрофи худ беҳтарин писарони ватани худро муттаҳид кунед ва ба тамоми Шарқ нишон диҳед, ки шумо беҳтарин авлоди бобоҳои худ мебошед, ки онҳо байрақи озодшавиро дар дастони худ мустаҳкам нигоҳ медоштанд».
«Намунаҳои адабиёти тоҷик» аз сарсухани Правленияи Союзи нависандагони Тоҷикистон ва ду бахш иборат мебошад. Дар сарсухан ба бархе аз масъалаҳои адабиёт ва адабиётшиносӣ дар он замон, аз ҷумла танқидан омӯхтани осори адабӣ, мубориза алайҳи ҷараён ва равияҳои зарарноки адабиётшиносии буржуазӣ, ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон дар тақсими мероси адабию маданӣ, корбурд ва қабул гардидани истилоҳи адабиёти «форс-тоҷик», даврабандии таърихи адабиёт ва баррасии осори адибони маъруф, баррасӣ ва нақди эҷодиёти даҳанакии мардум ва ғайра, равшанӣ андохта шудааст.


Қисми аввали «Намунаҳои адабиёти тоҷик» фарогири осори адибон (аз асри Х то ХХ) буда, дар он роҷеъ ба 26 адиб маълумот дода шудааст. Чун урф дар тазкира аввал тарҷумаи ҳол ва пасон осори адибон пешниҳод гардидааст. Ин ҳамон равиши коре буд, ки устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз карда буд ва дар ин ҷо мавриди такмил қарор гирифта, пурратар гардид. Дигар, барои аввалин бор роҷеъ ба бархе аз адибони гузашта, тарҷумаи ҳоли ишон маълумот дода шуда, осорашон мавриди таҳлилу арзёбӣ ва пешниҳод қарор гирифт. Ҳамзамон, дар ин бахш аз эҷодиёти тоинқилобии даҳанакии халқи тоҷик намунаҳо баргузида шудаанд. Мақолаи «Шоирони кӯҳистон»-и Деҳотӣ, ки дар ҳамин бахш ҷой дода шудааст, то имрӯз аҳамияти худро аз даст надодааст. Он дар пажӯҳиш ва нашри осори адибони кӯҳистон нақши вижа бозида ва мебозад.
Бахши дуюми «Намунаҳои адабиёти тоҷик», ки ба адибони советии тоҷик ихтисос дода шудааст, намунаи осори устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода ва амсоли инро фаро мегирад. Мураттибон дар ин бахш бо зикри соли таваллуди адибон ва овардани намунаи осорашон иктифо кардаанд. Дар бахши «Фолклори советӣ» аз эҷодиёти шифоҳии халқ, намояндагони маъруфи он, аз ҷумла ашъори Сайдалӣ Вализода, Бобоюнус Худойдодзода, Юсуф Вафо ва ғайра, намунаҳо оварда шудаанд. Дар хотимаи китоб рӯйхати сарчашмаҳо мавриди зикр қарор гирифтааст.
Бояд гуфт, ки «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) баъд аз китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и устод Садриддин Айнӣ дуюмин китобе буд, ки бори аввал хонандаи тоҷикро ба таври муназзам бо ҳаёту осори адибони гузаштаю имрӯзаи тоҷик ошно менамуд. Аз ин лиҳоз, ин асар аҳамияти калони илмӣ, адабӣ, маданӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, эстетикӣ дошт ва дар тарбияи адибони ҷавон, умуман инкишофи адабиёти тоҷик, худогоҳӣ ва худшиносии аҳли кишвар, нақши мусмир бозид. Ба ҳарфи дигар, мураттаб сохтан, дастраси хонандагон ва аҳли адаб қарор додани «Намунаҳои адабиёти тоҷик» қадами дувум баъд аз «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ буд. Он на танҳо ҳамчун тазкира, балки ҳамчун маъхази пурқимати илмию адабӣ ва ба масобаи як навъ таърихи адабиёт низ дар он рӯзгорон хидмат менамуд.
Хулоса, ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), ки мо имсол 100-солагии иқболи нашр ёфтани онро ҷашн мегирем ва ҳам «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940), ки як навъ такмил ва идомаи кори оғозкардаи устод Айнӣ дар аввали асри гузашта маҳсуб мешавад, аз оғози тартиб ва таълиф ёфтанашон, то имрӯз ба илму адаб ва миллату кишвари тоҷик хидмати бузургеро ба анҷом расонданд. Ин ду китоб минбаъд роҳро барои навиштани китобҳои таърихи адабиёти тоҷик ҳамвор намуданд. Агар «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар солҳои аввали асри гузашта барои исботи мавҷудияти халқи тоҷик нақши муҳим ва калидӣ бозида бошад, «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар солҳои 40-уми қарни гузашта барои жарфтар ва чуқуртар омӯхтану фаро гирифтани адабиёти гузаштаву муосир, осори шифоҳии халқи тоҷик, танқидан омӯхтани мероси адабӣ, мубориза бар зидди адабиётшиносии буржуазӣ, ҳуқуқи тоҷикон ба мероси адабии муштараки тоҷикону форсҳо, қабули истилоҳи адабиёти «форс-тоҷик», ба давраҳо тақсим намудани адабиёт ва дигар масъалаҳои муҳими адабиёту адабиётшиносӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳри инкишофу рушди адабиёт, ошноӣ бо мероси ҳазорсола, соҳибӣ кардани он, тарбияи олимону адибону хонандагон, омӯзишу тадқиқ маводи муҳими илмиву адабиро муҳайё сохт.
Зимнан, ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ҳам «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар оянда низ барои миллати тоҷик, роҳравони роҳи адабиёт, олимону адибону муаррихон ва соири аҳли қалам, бавижа хонандагон, ҳамчун китобҳои муқаддасу шоҳасарҳои илмиву адабӣ хидмат хоҳанд кард. Ҳамин гуна аҳамияту нақши муҳим доштани «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дарк карда, пас аз истиқлол, онро ду нашрия ба теъдоди зиёд нашр намуд ва дари омӯзишу мутолааро на танҳо барои аҳли илму адаб, балки ҳамагон боз намуд. Дар бораи нақши муҳими ин китоб аҳли илму адаб, муаррихон, рӯзноманигорон, аҳли сиёсат ва соири қаламбадастони дохиливу хориҷӣ суханҳои зиёд ва дархури аҳамият гуфтаанд. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» онро «корномаи таърихӣ ва шиносномаи миллат» хондаанд, ки баҳои бисёр барозанда аст. Ба қавли Ҷаноби Олӣ, «корномаи таърихии устод Айнӣ – «Намунаи адабиёти тоҷик», дар замони худ, воқеан, нақши шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро бозид, беасосии даъвоҳои бадхоҳони миллати тоҷикро фош намуда, ҳуқуқи таърихии халқи моро ба адабиёти ғаниву оламшумул исбот кард».
Мутаассифона, «Намунаҳои адабиёти тоҷик», ки соли 1940 бо алифбои лотинӣ нашр шуда буд, то имрӯз ба хатти кириллӣ баргардон нашудааст ва аҳли илму адаб, бавижа хонандагон, аз мутолааи он бенасибанд. Умед аст, ки дар кӯтоҳтарин муддат «Намунаҳои адабиёти тоҷик» низ, мисли китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», бо алифбои кириллӣ баргардон мешавад ва ин ду китоб ба масобаи ду боли як парандаи илму адаби тоҷик дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба парвоз медароянд ва роҳро ҷиҳати худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ барои ҳамватанон ҳамвор менамоянд.

Ҷамолиддин САИДЗОДА, адабиётшинос