“Мо – тоҷикон, мардуми ориётабор, аз қадим шаҳрсозу шаҳрдор будем”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод яке аз бонуфузтарин муассисаҳои омодасозандаи мутахассисони зинаи миёнаи касбӣ буда, мақсадаш таъмини ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳаи обрасонӣ, хидматрасонии техникии роҳу нақлиёт, обшорсозӣ, ҳифз ва беҳдошти замин, сохтмону истифодаи пойгоҳҳои обкашӣ, наҳру ҷӯйбор ва дигар касбу корҳои соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ вобаста ба талаботи ҷаҳонии бозори меҳнат ихтисосҳои муосир фаъол гардида, заминаи моддию техникӣ ва кадрии Муассиса мукаммал гардид. Дар Коллеҷ факултетҳои «Иқтисодиёт ва муҳосибот», «Нақлиёт ва сохтмон» фаъолият мебаранд, ки мутахассисони техникиро аз рӯйи ихтисосҳои “Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ”, “Таъминоти барқ”, “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”, “Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат”, “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”, “Обёрӣ ва хоҷагии об”, “Кори бонкӣ” барои истеҳсолоти ҷумҳурӣ ва берун аз он омода менамоянд. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ якчанд касбу ҳунарҳои ҷавобгӯй ба бозори ҷаҳонии меҳнат омӯзонда мешаванд, ки барои таъминот бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони диёр такони бузурге гардидааст.
Бо ҳидоятҳои маорифпарварона, созанда, бунёдкор, некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири асосии биноҳои таълимии Коллеҷ корҳои банақшагирию сохтмонӣ оғоз гардиданд. Ин беҳтарин туҳфаи ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли маориф ва мардуми заҳматқарини ноҳияи Зафаробод мебошад.
А. ЗАРИФӢ,
муовини директор оид ба таълими МДТ Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод, Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон