Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. МИЗБОНИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


Дар шаҳри Бохтар Ҳамоиши байналмилалии «Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.


Ҳамоиши илмӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи асосии он омӯзиши амиқи таърихи Хутали қадим, нақши он дар ташаккули забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон арзёбӣ мешавад.
Дар он роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Аз ҷумла, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода, намояндагони дипломатӣ аз Россия ва Эрон суханронӣ намуданд.
Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳқиқ, омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии миллат ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, Хутали қадим танҳо як минтақаи ҷуғрофӣ набуда, балки фазои бузурги таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад, ки дар тули ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази ташаккули арзишҳои сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ин сарзамин хидмат кардааст.
Зикр гардид, ки Хутал дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои «Хутал», «Хуталон» ва «Хатлон» ёд шудааст ва омӯзиши таърихи он барои дарки решаҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни Осиёи Марказӣ ё ҳамон Варорӯд аҳамияти хос дорад.
Тибқи барнома, чорабиниҳои Ҳамоиш то 14-уми май дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Норак ва ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг ва Данғара идома ёфта, дар доираи он нишастҳои илмӣ, муҳокимаҳои тахассусӣ ва боздид аз ёдгориҳои таърихӣ гузаштанд.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"