Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» ҳамасола ҷиҳати ғанӣ гардондани бозорҳои истеъмолии пойтахти кишвар, пешгирӣ аз болоравии беасоси нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия, таъмини саривақтии сокинон бо маҳсулоти хушсифат бо нархҳои нисбатан арзон ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот масъул аст.
Зимистони имсола, ки нисбат ба солҳои қаблӣ сардтар омад, масъулияти кормандони соҳаро дучанд афзуд. Бо назардошти ин, онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулот фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондаанд, то ки дар ин давраи мушкил ягон монеа садди роҳи зиндагии шоистаи мардум нагардад.
Чунонки аз чанд нуқтаи фурӯшгоҳҳои корхона дидан намудем, 5 литр равғани рустанӣ (истеҳсоли Россия) бо нархи 85 сомонӣ, 50 килограмм орд (истеҳсоли Қазоқистон) 265, 1 кг биринҷ 9,50, 1 кг пиёз 3,50, 1 кг картошка 3,50, 1 кг сабзӣ 2,70 ва 1 кг гӯшт 55 сомонӣ пешниҳоди харидорон карда шудааст.
Тавре маълум аст, тайи қариб 3 ҳафта мешавад, ки нархи пиёз дар бозорҳои истеъмолии мамлакат гарон шуд. Бо назардошти ин, кормандони корхонаи мазкур тибқи супориш тасмим гирифтаанд, ки ҳар рӯз зиёда аз 60 тонна пиёзро бо нархи 3, 50 сомонӣ барои 1 кг ба сокинони пойтахт пешниҳод намоянд.
Хайрулло Сафарзода, муовини директори корхонаи мазкур, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки таъминот ва дастрасӣ доштани сокинони пойтахт ба маҳсулоти ғизоӣ, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон, ҳадафи асосии кормандон маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад мо бо хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин бо ширкатҳои молтаъминкунандаи давлатҳои хориҷи кишвар, ҳамкории хуб ба роҳ мондаем. Бо ин ширкатҳо барои хариди маҳсулоти гуногуннавъ шартномаҳои ҳамкорӣ баста, дар асоси он маҳсулоти ниёзи аввалияро ворид ва захира мекунем. Соли сипаришуда дар доираи шартномаҳои басташуда маҳсулоти ниёзи аввалияро, дар маҷмуъ ба миқдори 9 730 тонна гандум, 9778,1 тонна орд, 20113,3 тонна шакар, 1012,4 тонна равғани рустанӣ, 754 тонна биринҷ харидорӣ ва захира намудем.
Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2022, № 220 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва захира намудани онҳо, инчунин аз ҷониби корхона маҳсулоти зерин, аз қабили 5010,9 тонна картошка, 6006,8 тонна пиёз, 7000 тонна гандум, 3043,4 тонна шакар, 708,7 тонна равғани рустанӣ, 3571,4 тонна орд, 210 тонна биринҷ, 30 тонна ангур харидорӣ ва захира карда шудааст.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти масъулони корхона барои таъминоти талаботи аҳолии шаҳри Душанбе бо гӯшт равона гардидааст. Корхона дар давоми соли сипаришуда, дар маҷмуъ ба миқдори 118,6 тонна гӯшт, ки аз ин 88,6 тонна гӯшти гов, 19,2 тонна гӯшти гӯсфанд ва 10,8 тоннаашро гӯшти буз ташкил медиҳад, бо нархҳои дастрас ба харидорони бозорҳои пойтахт пешниҳод намудааст.
Яке аз иқдомҳои хубе, ки дар асоси иҷрои қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби корхона пайваста роҳандозӣ мегардад, ин ташкили ярмаркаҳои доимоамалкунанда ва мавсимӣ дар гӯшаҳои муайяни бозорҳои пойтахт мебошад. Маҳсулоти захирашуда тариқи бозорҳои зертобеи корхона дар 15 гӯшаи муайян, аз ҷумла дар даромадгоҳи асосии КВД “Бозори Деҳқон”, “Бозори Саховат”, майдончаи назди собиқ “Қарияи Боло”, “Меҳргон”, “Якачинор”, “Балеҷавон” ба воситаи ярмаркаҳои доимоамалкунанда ҳамарӯза бо нархҳои дастрас, нисбат ба нархи бозор арзон ба харидорон пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, дар нуқтаҳои сераҳолии шаҳр, аз қабили маҳаллаҳои 91, 33, 104, Мехкалон, Профсаюз, Зарафшон, Қӯштеппа ярмаркаҳои мавсимии фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҷониби корхонаи мазкур амал мекунад. Саҳми корхона дар арафаи таҷлили ҳама иду ҷашнвораҳо низ ҷиҳати фаровонии маҳсулот дар бозорҳо назаррас мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”