20-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ин созмони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
"Мо рушди минбаъдаи шарикии худро бо САҲА муҳим мешуморем", – таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар се самти асосии кори Созмон: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона шуд.
Сарвари давлат таъкид доштанд: "Мо кӯшиш мекунем, то барномаҳо ва лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амалишаванда ба ниёзҳои воқеии мардуми мо ҷавобгӯ бошанд".
Фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадот хуб арзёбӣ гашт.
Дар ченаки низомӣ-сиёсӣ идомаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили расмиёти гумрукӣ ва мубодилаи иттилоот ҳамчун аз авлавиятҳо номида шуданд. Ҳамчунин, ба шумора ва сифати барномаҳо ва лоиҳаҳои Созмон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва экологӣ, аз ҷумла обу иқлим, «иқтисоди сабз», бахусус «энергияи сабз» ва технологияҳои рақамӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.
Ба омодагӣ ба ду конфронси байналмилалӣ – оид ба масъалаҳои ҷаҳонии об ва мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, ки мутаносибан моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ню-Йорк баргузор мешаванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Густариши ҳамкорӣ дар ченаки инсонӣ бо назардошти афзалиятҳои миллии Тоҷикистон низ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд. Дар ин замина, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо харидуфурӯши одамон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт.
Инчунин, мусоҳибон доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд. Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори Тоҷикистонро дар бораи аҳамияти истифодаи воситаҳои осоишта барои ҳалли ҳама гуна низоъҳо зикр намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо музокирот ва дипломатияро ягона воситаи муассири таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ медонем».
Дар хотима, ҷонибҳо алоқамандии худро ба идома ва тақвияти ҳамкории созанда таъкид карданд.