Баргашт Чоп кардан

ҶАЙҲУН. НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБӢ ВА МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАНД

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бомаром идома дорад. Татбиқи ин лоиҳаи муҳими энергетикӣ дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.

Мувофиқи лоиҳа, неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 500 мегаватт бунёд мешавад, ки яке аз бузургтарин тарҳҳои энергетикии минтақа ба ҳисоб меравад. Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз тарафи ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо маблағи 125 миллион доллари ИМА сохта мешавад. 
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими стратегӣ аз тарафи “Аён Энерҷӣ” ҳамчун сармоягузори маҳаллӣ ва “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҳамчун паймонкор дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ анҷом дода мешаванд.
Инчунин, дар ноҳия бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Марзкати деҳоти Панҷ сокинони маҳаллӣ муассисаи томактабӣ бунёд доранд, ки барои сохтмони он беш аз 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдоми созанда нишонаи баланди ҳисси масъулиятшиносӣ ва таваҷҷуҳи мардум ба таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир ба хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ дар рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии кӯдакон нақши муҳим дошта, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли оянда аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”