Баргашт Чоп кардан

МАСТЧОҲ ДАР МАСИРИ РУШДИ САНОАТӢ


Ноҳияи Мастчоҳ ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноатии кишвар табдил ёфтааст. Истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва фароҳам гардидани шароити мусоид барои соҳибкорон боис шудааст, ки дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёбанд ва соҳаи саноати минтақа рушд намояд.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар се моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии ноҳия ба 69 миллиону 756 ҳазор сомонӣ расидааст. Дар ин давра корхонаҳои ноҳия истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулотро ба роҳ монда, даҳҳо тонна маҳсулоти нонӣ ва ширӣ, ҳазорҳо тонна семент, инчунин, маҳсулоти пластикӣ ва пластмасӣ истеҳсол кардаанд.
Нақши сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти минтақа низ назаррас аст, зеро дар ҷараёни сафари кории Сарвари давлат ба ноҳия якчанд иншооти муҳими истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои рушди иқтисоди маҳаллӣ аҳамияти муҳим доранд. Яке аз чунин иншоот корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии «Ҷаъфар-2014» мебошад, ки ба беш аз 50 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё кардааст. Ин корхона бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ва бо ҷалби технологияҳои муосир бунёд шуда, имрӯз ҳамчун яке аз корхонаҳои муҳими истеҳсолии ноҳия фаъолият дорад. Тибқи иттилоъ, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 80 ҳазор дона хиштро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар ноҳия 50 корхона ва коргоҳи хурду бузург фаъолият намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи босифати сохтмонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Бо афзоиши ҳаҷми сохтмон дар минтақа талабот ба масолеҳи сохтмонӣ низ меафзояд ва фаъолияти чунин корхонаҳо барои қонеъ кардани ин ниёзҳо муҳим мебошад.
Дар радифи ин, мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи коркарди регу шағал ва истеҳсоли симчӯбҳои бетонии ҶДММ «Эронёр» низ дар рушди соҳаи сохтмон нақши муҳим мебозад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 320 метри мукааб маҳсулот мебошад. Ин имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи бозори сохтмон ба маҳсулоти босифат таъмин шавад. Бо ба фаъолият оғоз кардани корхона 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”