Баргашт Чоп кардан

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА АФЗОИШИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА


Вақте аз ноҳияи Лахш дидан мекардем, дар майдони марказии шаҳраки Ваҳдат бо Каромиддин Холзода, раиси ноҳияи Лахш, вохӯрдем. Мавсуф дар суҳбати сарироҳӣ аз дастовардҳои навини ноҳия ёдовар шуда, зикр кард, ки бо мусоид омадани боду ҳаво кишоварзон талош доранд, ки майдони картошказорро дар ҳудуди ноҳия васеъ кунанд.

– Имсол соли хуб аст, аз баҳораш пайдост, ки соли пурфайзу баракат хоҳад буд. Дастгирии деҳқонон вазифаи мост. Ҳоло барои обёрии заминҳои бекорхобида ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, таъмини кишоварзон бо техникаву мошинолоти кишоварзӣ тамоми қувваи худро сафарбар намудем. Акнун дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия, тибқи нақша, дар майдони 5575 гектар картошка кишт хоҳад шуд, – гуфт раиси ноҳия.
Суҳбати раис моро водор кард, ки рафти иҷрои киштукори баҳориро дар ноҳия пайгирӣ намоем. Лахш ноҳияи аграрӣ мебошад. Шуғли асосии мардум чорводорию картошкапарварӣ аст. Солҳои охир соҳаи боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ низ дар мавзеъҳои гуногуни он рушд кардааст.
Маҳмадзариф Воҳидов, мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш, ҳангоми суҳбат иттилоъ дод, ки танҳо дар бахши хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ дар майдони 3320 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 12-уми май дар майдони 2456 гектар картошка кошта шудааст, ки 85 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи кишти дигар намуди зироатҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия иҷро гардидааст. Илова ба ин, 7,2 гектар боғи нав бунёд ёфта, 5 гектар боғи куҳна барқарор гардид.
Дар ноҳия ҳамаи имкониятҳо барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, 2296 техникаву мошинолоти кишоварзӣ барои сари вақт кишт намудани зироатҳо сафарбар гардидаанд.
Аюбҷон Шехов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Лахш, гуфт, ки дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 6 шабакаи обрасонӣ ва 2 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, онҳо дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳот 4090 гектар заминро обёрӣ мекунанд. Аз ҷумлаи 1750 хоҷагии деҳқонии ноҳия ба 53 хоҷагии он аз тарафи идораи мазкур хизмат расонда мешавад. Ҳоло барқарорсозии шабакаҳои обрасонии Гулзорон, Пиёзӣ, Пилдон, Бушолон, Корвонгузар, Сафедорак, Хингсой, Навроҳа барои обрасонии 4061 гектар замин ва бунёди 4 чоҳи амудӣ барои обёрии 210 гектар идома дошта, беш аз 90 фоизи корҳои бунёду барқарорсозии онҳо ба анҷом расидаанд. Баъди ба анҷом расондани корҳои таъмирию барқарорсозӣ ҳолати обёрии боз 4000 гектар замин дар ноҳияи Лахш беҳтар мегардад.
Ҳамин тариқ, рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарвариро мақомоти маҳаллии ноҳия ба самти муҳимтарини фаъолияти худ табдил додааст.
Дастгирии деҳқонон, аз қабили таъмини онҳо бо тухмиҳои хушсифат ва техникаву мошинолоти кишоварзӣ, инчунин, обёрии заминҳо, ки аз тарафи роҳбарияти ноҳия амалӣ мегарданд, ба фаровонии ҳосил ва таъмини амнияти озуқаворӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”