Баргашт Чоп кардан

БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”


ТОҶИК
То буд дар ин дунё ҷуз хуб набуд тоҷик,
Ҷуз хуб набуд, оре, нохуб набуд тоҷик.
Ҷое, ки бирафт он ҷо ҷуз фазл набурд, асло
Илло, каси мақбулу матлуб набуд тоҷик.
Ҳам ҳусни адаб буду ҳам ҳубби тамиз, алҳақ,
Бо як сифати дигар марғуб набуд тоҷик.
Ақсои ҷаҳон яксар аз дурри дарӣ пур кард,
Ҷуз аҳли китоб, аҳли мактуб набуд тоҷик.
Дар ҳеҷ замон, оре, дар ҳеҷ забон боре,
Бар миллати пуриллат мансуб набуд тоҷик.
Аз давлати Сосонӣ, то салтанати сонӣ,
Ҷуз кишвару ҷуз қавми маҳбуб набуд тоҷик.
Паймон, ба сито шояд, бар мадҳу сано шояд,
То буд дар ин дунё ҷуз хуб набуд тоҷик.


ЗАБОНИ БАРҚУ БОРОН
Забони модарии зиндаи ман,
Забони барқу борони баҳор аст.
Бозор Собир
Забони ман, забони модари ман,
Ки дорад з-оташи Зардушт бахше.
Ба рағми кулли хасми мурдаруҳаш,
Зи худ наҷво диҳад гаҳ чун дурахше.


Занад оҳанг ҳамчун барқи буррон,
Дарида чодар андар чодари абр.
Шарарҳо афканад аз арш бар фарш,
Фузуда рахна бар дору дари абр.


Паём аз хештан бидҳад ба олам,
Чу ахгар аз ниҳоди кӯрдуде,
Кашад то бар фалакҳо ҳам забона,
Ба иззи миллате, халқе, ҳудуде.


Забони ман, забони модари ман,
Чу лаҳни сабзи борони баҳорӣ.
Бирезад нарму гарму фораму пок,
Ки дорад бас чу ман ҷони хуморӣ.


Саропо нағмарезу нағмахез аст,
Чу борон, ҳамчунон борони найсон.
Аз ин рӯ гоҳ-гоҳ аз абри таърих,
Ҳамеборад чу файзи марзи ёрон.


Муборакхосият чун абри Наврӯз,
Ки аз ҳар қатрааш як қитъа рӯяд.
Чӣ қитъа, қитъаҳои шеъри ҳассон,
Варо аз шаш ҷиҳат шаш қитъа бӯяд.


ЧАШМАИ ҶОНБАХШ
Шукрона бар китоби «Тоҷикон»
Ҳар гоҳ, к-аз авзои замон дил шавадам хун,
Ҳар гоҳ, ки ночор бари чорагаронам.
Дар қолаби тан мурдаи худро ба азобе
Ман то сари ин чашмаи ҷонбахш расонам.
Пас боз бароям ба дифои шарафи хеш,
Бо ҷисми равонёфтаву руҳи дилангез.
Худро бизанам боз ба пайкор, ки гӯӣ
Дар зиндагӣ нанг аст маро ҷангу дифоъ низ.
Лошак, ба ҷуз аз ҷангу дифоъ кор надорам,
Чун даъвати ҳам ҷону ҳам имони ман аст ин.
Бо душмани аслу насаби хеш ба ҷангам,
Машғули дифои Ватану миллатам аз кин.
Ин ҷанг, ки бунёди вай аз тиру камон буд,
Гаҳ аз паси чандин садаҳо медиҳад оҳанг.
Ҳарчанд ки буд дӯш камондор замондор,
Имрӯз сар орад з-асари бозуи фарҳанг.
Фарҳанг, ки кишти хиради одамизод аст,
Бо ҷазбаи зотии вай аз насл ба наслест.
Онро натавон кушт чу таъриху ҳақ, асло
То зиндагӣ боқист, варо ҳеҷ халал нест...
Бо ин ҳама гаҳ чорагарон чорагадоянд,
(Худ он, ки тиҳӣ монд зи фарҳанг, чӣ тонад?)
Ҷону тани моро фақат ин чашмаи ҷонбахш,
Ҳар бор зи кини бади онон бираҳонад.
Ҳар бор амон бахшаду ҳар бор диҳад ҷон,
Ҳар бор тавон бахшаду ҳар бор диҳад зӯр.
Пас чун накунам шукр бад-ин чашмаи ҷонбахш?
Ношукри чунин чашма сазад кӯр шавад, кӯр!


ЗАБОНИ ПОЯНДА
Ин забон даҳ қарн аввал низ давлатдор буд,
Чун зимоми кори давлат дошт, миллатдор буд.
Ай басе ақвому халқи навзабону навасар,
З-ин забони марзу миллатдор миннатдор буд.


Ин забон қабл аз забонҳои дигар «Шаҳнома» дошт,
Шоири гӯё чу Фирдавсии соҳибхома дошт.
Аз азал гӯӣ ба рағми ҳарфу овои тиҳӣ,
Аз матои вожаҳои дилпазираш ҷома дошт.


Ин забон чандин замон з-ин пеш ҳам озода буд,
Дилкашу дилҷӯву нарму поку хубу сода буд.
Аз каромоти Худованди кариму меҳрубон,
Чашми меҳри ҷони Пайғамбар бар он афтода буд…


Ин забон имрӯз ҳам, сад шукр, соҳибдавлат аст,
Ровии се давлати як миллати се қисмат аст.
Тоҷикистон аст, Эрон аст ҳам Афғонситон,
Ҳам дарӣ, ҳам форсӣ, ҳам тоҷикиаш нисбат аст.


Ин забон имрӯз ҳам бебору беосор нест,
То кунун чунаш ғафуридору муиндор нест.
То ҳанӯз андар ҷаҳони шеър чун дар ин забон,
Ин қадар девони ашъори латофатбор нест.


Ин забон имрӯз ҳам бар бахти миллат зинда аст,
Чунки зоянда-ст, аз ин руҳам афзоянда аст.
Бар алайҳи кини бебунёди хасми фониаш
Ҳамчу меҳри дӯстони ҷовидон поянда аст…


Паймон ДАВЛАТЗОДА,
мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози тоҷик»,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон
ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
дорандаи нишони Дӯстӣ аз Тоҷикистон