![]()
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳар сол дар мамлакат 23-юми май Рӯзи ҷавонон бо тантана ва ифтихор таҷлил мегардад. Ин ҷашн баёнгари эътимоди давлату ҷомеа нисбат ба ҷавонон буда, мақоми онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар боз ҳам баланд менамояд. Ҷавонон яке аз қишрҳои фаъоли ҷомеа буда, дар рушду ободии Ватан нақши муҳим мебозанд.
Тоҷикистон дар марҳалаи рушди босуръат қарор дорад ва дар ин раванд саҳми ҷавонон хеле назаррас аст. Ҷавонони кишвар бо донишу истеъдод, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти соҳаҳои гуногун фаъолона иштирок доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ ҳазорон ҷавон ба омӯзиши илмҳои муосир машғуланд, то оянда кишварро соҳибӣ намоянд.
Дастгирии ҷавонон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббусу ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон имкониятҳо барои таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди қобилияташон муҳайё карда шудаанд. Бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, марказҳои технологӣ, варзишгоҳҳо ва китобхонаҳо аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба рушди неруи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон нигаронда шудаанд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони тоҷик бо истифода аз ин имкониятҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, озмунҳои фаннӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ Тоҷикистонро сазовор намояндагӣ мекунанд. Парчами давлатии Тоҷикистон ба шарофати ҷавонони соҳибистеъдод борҳо дар арсаи байналмилалӣ парафшон гардидааст.
Таҷлили Рӯзи ҷавонон барои ҳар як ҷавон рамзи масъулият дар назди Ватан ва ҷомеа мебошад. Онҳо бояд бо меҳнату заҳмат, донишандӯзӣ ва рафтори намунавӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд, зеро ҷавонони имрӯз созандагони фардои давлатанд.
Хуршед ТОЛИБОВ, «Ҷумҳурият»