23-юми май суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина, ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҳамчунин, ба аҳамияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Дар идомаи суҳбат сарварони ду давлат ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ карда, аз ҷумла масоили омодагӣ ба ҳамоиши ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 31-уми август – 1-уми сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, матраҳ намуданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.