Дар кӯҳи Ҳинмани наздикии Сиэтли ИМА пиряхи бузурге, ки ҳазорон сол вуҷуд дошт, комилан об шудааст. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии рӯзномаи «Овози Самарқанд» маълумот додааст. Гуфта мешавад, ки глятсиолог (олиме, ки муаммоҳои геологии давраи яхро меомӯзад) Мори Пелто 40 сол боз аз кӯҳи Ҳинман дидан ва мушоҳида мекунад.
Пирях тамоман аз байн рафт. «Ин пиряхи калонтарини ин қисми қаторкӯҳҳо буд – он хеле аҷоиб буд», – гуфтааст олим Пелто. Инчунин, олимон пешбинӣ мекунанд, ки то охири асри XXI нисфи пиряхҳои рӯйи Замин об мешаванд...
Асл, моҳият ва аҳамияти сарчашмаи обу пиряхҳоро баҳри наҷоти сайёра соли 1999 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карда, дар ҷаласаи 54-уми Маҷмаи умуми СММ пешниҳод намуданд, ки соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон шавад. 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Ҳамин тавар, пешниҳодҳои Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмони бонуфуз бо қатъномаҳои махсус қабул шуда, солҳои 2005 – 2015 – Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.
Моҳи ноябри соли 2016 дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт саммити об ба кори худ оғоз кард, ки дар он зиёда аз 900 намояндаи воломақом аз 100 кишвари олам, 50 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх иштирок намуданд. Сарвари давлат дар суханронии худ оид ба муҳимияти масъалаи таъмини дастрасии ҳамагон ба об таъкид карданд, ки ин ҳадаф дар баробари зарурати таъмини дастрасӣ ба оби нӯшоӣ, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегиранд. Чунин як иқдом барои ҷалби таваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард.
Ташаббуси навбатии Роҳбари давлат вобаста ба эълон гардидани Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамовозӣ пайдо карда, пазируфта шуд. Қабули чунин қатъномаи муфид, андешаҳову пешниҳодҳои наҷиби Пешвои миллати тоҷикон бо пуштибонии 154 кишвар аз ҷониби СММ иқдомоти саривақтӣ буда, боиси сарфарозии тамоми сокинони Тоҷикистон мебошад. Дар баробари эълон шудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.
Об захираи бузургест, ки ҷаҳонро тароват ва зебоиву сарсабзӣ мебахшад. Ҳастии гул, гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва созандагиву пурбаракат – ҳама аз об вобаста мебошад. Об сарчашмаи шифобахшии беморон аст. Абуалӣ ибни Сино дар асри Х дар асари «Қонуни илми тиб» дар қатори дигар воситаҳои муолиҷаи маризон обро чун нигоҳдорандаи саломатӣ зикр кардааст.
Оре, макони ганҷинаи беҳтарин об Ватани мост. Аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аз норасоии оби нӯшоӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин, масъалаҳои марбут ба об дар тамоми ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушди устувор мақоми махсус доранд. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии атмосфераи кураи Замин, ки ҳамаи ин дар натиҷаи истифодаи бесобиқаи захираҳои табиӣ ба амал омадааст, боиси вайрон шудани мувозинати экологии сайёра мегардад. Имрӯз аҳолии сайёра тақрибан 85 дарсад талаботи худро ба энергияи аввалияи истифодашаванда, аз ҳисоби истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок (газ, нафт, ангиштсанг) қонеъ мегардонад. Ҳамаи ин ба муҳити зист, шароити зиндагии одамон ва саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
ҒУРУРИ ВАТАНДОРИИ МАРДУМ БОЛО МЕРАВАД
Дар даҳсоли охир, чун дигар шаҳру ноҳияҳо ғурури ватандории сокинони заҳматкаши шаҳри Истаравшан боло рафта, як силсила корҳои басо хубу таърихӣ рӯи кор омаданд. Таъмини аҳолии шаҳру деҳот бо оби тозаи нӯшоӣ, иваз намудани лӯлаҳои интиқоли об, парма кардани чоҳҳои амудӣ, таъмиру навсозии сарбанду тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо далели ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, бо дарки масъулият ва вазифаи шаҳрвандӣ Абдусамад Саидов барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан аз ҳисоби худ ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ чоҳ кофта, ба истифода дод, ки дар сурати самаранок истифода бурдан, барои оби нӯшоии мардум ва обёрии 13 га замин мерасад.
Мавриди зикр аст, ки чанд сол пеш насоси обкашии оби ошомидании деҳа аз кор монд. Бонуи оқилу донои деҳа Қурбонбӣ бо маблағе, ки барои зиёрати Каъба ҷамъоварӣ намуда буд, насоси обкашӣ харид, ки қариб 11-12 сол аст, қисми зиёди мардуми деҳа аз ин об истифода мебаранд. Айни ҳол ин қолаб ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин мисолҳо зиёданд. Тасмим гирифтем як шохаи хидмати мардуми заҳматкашро инъикос намоем, то ба дигарон намунаи ибрат ва сабақ шавад.
Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби нӯшоӣ низ, зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур аст, то бо сарфи маблағи зиёд аз дигар кишварҳо об ворид намоянд. Бино ба маълумотҳо, ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 миллион нафар аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашад ва ҳамасола зиёда аз 5 миллион нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат мерасад, ки қисми зиёди он ба Африқо рост меояд. Бо зиёдшавии заводу фабрикаҳо, воситаҳои нақлиёт, ки ба атмосфера гази карбон ихроҷ менамоянд, иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об гаштани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ шудааст. Агар ин раванд идома ёбад, пас 100-150 сол 90 дарсади Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 миллиард нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешавад.
Чун ҳаво об ҳам арзиши зиёд дорад. Месазад, ки бо истифода аз усули ҳамсол ба ҳамсол тамоми қувваи ҷисмонию маънавии худро баҳри дарёфти роҳҳои тоза нигоҳ доштани об, ҳифзи пиряхҳо, самаранок истифода бурдани об сарф намуда, пайрави сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем!
Ҷаҳонгир МАХКАМОВ, узви ИЖТ