Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАВОНОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ПОЙТАХТ

22-юми май дар бинои Кумитаи марказии иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23-юми май) ва Рӯзи ҷаҳонии футбол (25-уми май) таҳти унвони “Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон ба сӯйи фардои дурахшон” ҳамоиш баргузор шуд.
Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Анвар Сафарзода таъкид кард, ки таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ба ҷавонон мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон баъд аз мулоқоти таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар 23-юми майи соли 1997 ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардид ва аз соли 1998 ин рӯз ҷашн гирифта мешавад.
Номбурда, ҳамчунин, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз илму маориф то варзишу технология, фаъолона саҳм гузошта, барои рушди давлат ва таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар талош менамоянд.
Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузург арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд қадри истиқлолу оромии кишварро донанд ва дар роҳи ободии Ватан саҳм гузоранд.
Дар идома ба як қатор ҷавонони фаъол, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуда, барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз сурудҳои дилнишину ватандӯстона дар васфи Ватан, ҷавонӣ ва истиқлол пешкаш гардид.