Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор соли сеюм аст, ки Рӯзи ҷаҳонии футболро бо шукӯҳи хосса таҷлил менамоянд. Парлумони кишвар соли 2024 ин рӯзро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ворид кард.
Ҷашни бошукӯҳи футбол дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе аз чорабиниҳои асосии марбут ба футбол буд, ки 23-юми май доир гашт. Дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода, котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов суханронӣ карданд. Сипас, барои садҳо нафар дӯстдори футбол барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод шуд.
Дар Варзишгоҳи “Вахш”-и шаҳри Бохтар низ Рӯзи ҷаҳонии футбол ботантана таҷлил гардид. Дар чорабинӣ, ки 22-юми май сурат гирифт, намояндагони мақомоти давлатӣ, варзишгарон, собиқадорони футбол, ҷавонон ва дӯстдорони ин намуди машҳури варзиш ширкат доштанд. Муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода туҳфаҳои хотиравиро аз номи раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят Давлаталӣ Саид ба кӯдакон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ тақдим намуда, онҳоро ба омӯзишу такмили маҳорати варзишӣ ташвиқ намуданд.
22-юми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ низ Фестивали бошукӯҳи футбол баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини якуми раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷалил Искандар иштирок доштанд.
Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки футбол имрӯз на танҳо яке аз варзишҳои маъруфтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, балки ҳамчун василаи муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеа нақши муассир дорад.
Чорабинӣ бо баргузории барномаҳои рангини варзишиву фарҳангӣ идома ёфта, кӯдакон ва ҷавонон маҳорати баланди варзишии худро ба намоиш гузошта, ба дӯстдорони футбол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Ба ин муносибат Клуби футболи “Истиқлол” мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Истиқлол” байни дастаҳои навраси клубҳои футболро роҳандозӣ намуд. Дар мусобиқа 8 даста иштирок кард: “Бунёдкор” (Ӯзбекистон), “Kайрат”, “Остона” (ҳар ду аз Қазоқистон), “Мурас Юнайтед” (Қирғизистон), “Истиқлол”, «Бохтар Сити», «Ювентус», «Динамо» (ҳама аз Тоҷикистон). Мусобиқа 20-25-уми май дар варзишгоҳи “Истиқлол-арена” ҷараён гирифт.
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол клубҳои футболи “Равшан”, “Барқчӣ”, шаҳру навоҳӣ, донишгоҳу донишкадаҳо фестивалҳои футбол ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ роҳандозӣ карданд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”