Баргашт Чоп кардан

СУҒД. ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ВА РОҲПАЙМОӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОН


22-юми май дар саҳни Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши муҳим доранд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои таҳсил, рушди зеҳниву ҷисмонӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Зикр шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, рушди иқтидори зеҳнӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагӣ тадбирҳо амалӣ менамояд. Аз ҷумла, баргузории моҳвораи ҷавонон ва чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ба дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, худшиносу ватандӯст мусоидат мекунад.
Раиси вилоят изҳори бовар намуд, ки ҷавонони вилояти Суғд ҳамчун ворисони арзандаи гузаштаи худ бо дониш, ташаббус ва дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ ва варзишӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандон ва аҳли санъат анҷом ёфт.