Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН. АНДЕШАЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ПАЙДОИШ ВА РУШДИ ТЕННИС


Тенниси рӯйи миз дар Тоҷикистон аввали солҳои 1950 пайдо шуд ва баъдан рушд кард. Ҳамон солҳо оилаи Сиклауриҳо аз Санкт-Петербург ба Душанбе омаданд ва бо худ як мизи теннис оварданд, ки ба ин бозии зебо дар кишвар асос гузошт. Аввалин директори Мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва аввалин мураббии тенниси рӯйи миз дар Тоҷикистон Константин Коваленко буд. Бо роҳнамоии ӯ Георгий Сиклаури, Инна Коваленко, Вадим Шей, Надежда Жесткова ба дастовардҳои бузург ноил гаштанд.
Сайдулло Саидамиров, сармураббии тими мунтахабаи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон, зимни суҳбат иброз намуд, ки аввалин чемпионати кишвар соли 1956 дар Хуҷанд баргузор шуд ва аз ҳамон сол рушди тенниси рӯйи мизи касбӣ оғоз ёфт. Минбаъд мураббиёни хизматнишондодаи Тоҷикистон Аъзам Яҳёев дар Хуҷанд, Муҳаббат Раҳимов дар минтақаи Кӯлоб ва Фарҳод Исмоилов дар водии Ҳисор дар рушди тенниси рӯйи миз саҳм гузоштанд.
Тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон дар давраи шуравӣ хеле рушд кард ва ба барномаи таълимӣ дар мактабҳо дохил шуд. Ҳадди ақал дар ҳар мактаб ҳатто дар деҳот, ду мизи теннис буд. Барномаи рушди тенниси рӯйи миз дар сатҳи давлатӣ қабул гардид.
Дастовардҳои ҶШС Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ беназир буданд. Солҳои 1981 – 1982 Инна Коваленко дар бозиҳои инфиродӣ, даставӣ ва ҷуфт чемпиони Аврупо шуд. Соли 1983 Инна дар ҳайати ИҶШС барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон гардид. Пас аз ин дастовард, аз Вазорати варзиши ИҶШС мактуб омад, ки дар Тоҷикистон маҷмааи варзишӣ бунёд карда шавад. Он соли 1986 сохта шуд ва 30 мураббӣ ба тарбияи шогирдон машғул буд.
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ мутахассисони асосии соҳа кишварро тарк карданд ва тенниси рӯйи миз аз рушд монд.
Пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мо тасмим гирифтем дигарбора ин намуди варзиши зебо ва ҳамагирро эҳё намоем. Боз ҳам Аъзам Яҳёев дар Хуҷанд, Муҳаббат Раҳимов дар Кӯлоб ҷилави ин корро ба даст гирифтанд. Бо даъвати онҳо ман дар Душанбе ба эҳёи тенниси рӯйи миз ҷалб шудам. Соли 2006 аз 30 мураббӣ ҳамагӣ ду нафар монда буд: Анна Сабурова ва Ислом Одинаев аз клуби машҳури “Динамо”. Мо ҷаласа доир карда, Федератсияи тенниси рӯйи мизро ташкил намудем ва то соли 2020 роҳбарии он, ҳамзамон сармураббигии тими мунтахабро бар дӯш доштам. Солҳои шуравӣ варзишгарони шаҳри Душанбе дар кишвар пешсаф буданд. Пас аз 5 соли фаъолият ба мо даст дод, ки ин натиҷаро дубора дар ҳамаи синну сол соҳиб гардем. 8 нафар ба гирифтани унвони Устоди варзиши Тоҷикистон ва чандин нафар номзад ба Устоди варзиши Тоҷикистон омода кардем. Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сомон Ҳусейнов ва Убайдулло Султонов соли 2012 дар Ҷоми Фаҷри Эрон, ки бо иштироки варзишгарони 16 давлат гузашт, медали биринҷӣ ба даст оварданд. Муҳаммад Ҳайитов ва Наргис Азизова дар Спартакиадаи мактаббачагони ИДМ соли 2014 дар Қазон медали тилло гирифтанд. Дар Бозиҳои ИДМ соли 2021 низ наврасони мо ба гирифтани ду медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Ҳамин тариқ, мо аз бозии ҳаваскорӣ ба касбӣ гузаштем. Соли гузашта бошад, варзишгари тоҷик Саъдӣ Исмоилов дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар Арабистони Саудӣ доир гашт, медали биринҷӣ гирифт.
Ба андешаи С. Саидамиров, набудани толори махсуси тенниси рӯйи миз имкон намедиҳад, ки мо дар сатҳи байналмилалӣ мавқеъ пайдо кунем. Аммо бо хушнудӣ иброз намуд: “Имсол роҳбарии Федератсияро Нуралӣ Арабзода бар уҳда гирифт ва, аллакай, дар се моҳ корҳои зиёдро амалӣ кард. Аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали ба фаъолият шуруъ карданаш, аз Олмон 50 мизи теннис харид, ки дар ихтиёри Федератсия қарор дорад. Ин ба рушди ин намуди варзиш бисёр муҳим аст. Чанде пеш Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ – Ҷоми Федератсияи тенниси рӯйи мизро бо дастгирии муҳтарам Н. Арабзода дар сатҳи баланд гузарондем. Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медод. Чунин сармоягузорӣ ва дастгирии варзишгарон боиси ҷалби бештари теннисбозон ва оммавӣ гардидани он хоҳад шуд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”