Баргашт Чоп кардан

ИННА КОВАЛЕНКО. БЕҲТАРИН ТЕННИСБОЗИ ТОҶИКИСТОН

Рушди тенниси рӯйи миз дар Тоҷикистон бо клуби варзишии "Динамо" алоқаманд аст. Константин Коваленко, яке аз аввалин бозигарони "Динамо" дар пойтахт, чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон ва баъдтар мураббии ин клуби варзишӣ шуд.
Солҳои 1960 шогирдони Коваленко дар сатҳи миллӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд. Дастаи ҷавонони Душанбе дар чемпионати Ҷамъияти варзишии "Динамо"-и ИҶШС ҷойи чорумро ишғол кард. Дар ҳайати он В. Федоров, А. Забазлаев, Н. Белоусова, Н. Мастанов шомил буданд.
Гавҳари воқеии тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон дар солҳои 70 – 80-уми асри гузашта Инна Коваленко буд. Инна дар оилае таваллуд шудааст, ки волидонаш бо дастовардҳои варзишии худ машҳур буданд. Падари ӯ, чемпиони ҷумҳурӣ, ки солҳои зиёдашро ба ин намуди варзиш бахшидааст, баъдтар мураббӣ ва директори Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ҷумҳуриявӣ шуд ва модараш низ теннисбоз, ҷоизадори мусобиқаҳои сершумор буд.
Инна Коваленкои ҷавон кӯшиш мекард, ки дар тенниси рӯйи миз бо калонсолон ҳамқадам бошад. Дар 11-солагӣ ба меъёри дараҷаи аввал расид. Дар шонздаҳсолагӣ, ҳангоми таҳсил дар синфи 9-уми Мактаби рақами 2-и шаҳри Душанбе, Инна Коваленко Устоди варзиши ИҶШС шуд. Соли 1977 мутахассисони варзиши шуравӣ ба таври ҷиддӣ ба ӯ таваҷҷуҳ карданд. Сипас, теннисбози ҷавони Душанбе чемпиони Ҷамъияти умумииттифоқии “Динамо” гардид.
Соли 1978 Чемпионати инфиродӣ ва даставии ИҶШС дар Қарағанда баргузор шуд. Қариб панҷоҳ теннисбоз аз ҳамаи ҷумҳуриҳои шуравӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ рақобат намуданд. Коваленко, ки дар даврҳои пешакӣ рақибонашро бо боварӣ мағлуб кард, миёни ҷавонон ба финал роҳ ёфт. Дар бозии ҳалкунанда барои дарёфти унвони чемпионӣ вай бо Фарида Булатова, варзишгар аз Тошканд, рӯ ба рӯ шуд, ки дар байни 25 теннисбози беҳтарини ҷаҳон мавқеъ дошт. Инна Коваленко ин рақиби машҳурро мағлуб кард ва дар мусобиқаи инфиродӣ чемпиони Иттиҳоди Шуравӣ шуд. Дар бозии ҷуфти бонувон Инна бо Булатова ҳамаи рақибонро мағлуб намуданд ва Инна медали дуюми тиллои худро ба даст овард.
Мусобиқаи анъанавии теннисбозони ҷавони кишварҳои сотсиалистӣ дар Лвов баргузор мешуд. Коваленко ҳамроҳ бо Булатова дар ҷуфти бонувон пирӯз гашт. Ин бори аввал буд, ки теннисбозони Осиёи Марказӣ ба чунин муваффақият ноил шуданд.
Теннисбози Тоҷикистон маҳораташро сайқал дод ва маҷмуи ҷоизаҳои ӯ афзоиш ёфт. Дар охири моҳи январи соли 1982 дар Чемпионати ИҶШС байни калонсолон Инна Коваленко дар рақобатҳои инфиродӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ унвони чемпиониро ба даст овард. Пеш аз ӯ танҳо ду теннисбози шуравӣ ба ин дастовард ноил шуда буд.
Соли 1982 Инна Коваленко як медали тиллои дигар ба даст овард. Ин бор дар Чемпионати Аврупо дар Будапешт. Теннисбози зодаи Душанбе якҷоя бо Ф. Булатова аз Тошканд дар мусобиқаи ҷуфти бонувон пирӯз шуд. Инна моҳи майи соли 1983 дар саҳнаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои бештар ноил гардид. Дар Чемпионати ҷаҳон (Токио), ӯ дар ҳайати дастаи ИҶШС ширкат карда, дар рақобати инфиродӣ медали биринҷӣ ба даст овард.
Танаффуси тулонӣ – қариб шаш сол дар корномаи варзишии теннисбози Душанбе бо издивоҷ ва таваллуду тарбияи ду писараш вобаста буд. Солҳо пас, Инна Коваленко (акнун Тихомирова) дубора ба саҳна баргашт. Моҳи декабри соли 1990, дар арафаи фурӯпошии ИҶШС, вай бори дигар унвони худро ҳамчун бозигари пурқувваттарини Тоҷикистон ҳифз намуд. Инна Коваленко (Тихомирова) дар рушд ва таблиғи тенниси рӯйи миз дар ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузошт. Бисёре аз занон ва мардони ҷавон ба шарофати ӯ ба ин варзиш машғул шуданд.