Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО МУОВИНОНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ


25-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” ба Тоҷикистон омадаанд, вохӯрданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об хонум Ретно Марсуди ва ректори Донишгоҳи СММ – муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи Марваларо истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонони олимақом барои ташриф ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси мазкур ва дастгирии доимиашон аз Раванди оби Душанбе изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.
Дар идомаи гуфтугӯ ба ҳамкории СММ бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, бахусус дар самтҳои обу иқлим, нақлиёту логистика, неруи устувор, рушди кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва “технологияҳои сабз”, баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки танҳо дар соҳаи об бо ибтикори Тоҷикистон 14 қатъномаи СММ қабул шудааст.
Изҳори бовар шуд, ки Конфронси кунунӣ минбари муҳими ҷаҳонӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ин самт ва рушди дипломатияи об гардида, дар доираи Раванди оби Душанбе ба ҳалли масъалаҳои умдаи вобаста ба об ва иқлим мусоидат хоҳад кард.
Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи пайгирии натиҷаҳои конфронсҳои қаблӣ, босамар доир намудани ҳамоиши кунунӣ ва омодагӣ ба чунин чорабиниҳои дигар дар солҳои 2026 ва 2028 сурат гирифт.
Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ бо Донишгоҳи СММ, аз ҷумла изҳори бовар шуд, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфуз самараҳои арзишманд хоҳад дошт.