Ноҳияи Данғара дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, азми соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷодаи ободкорӣ ва заҳмати софдилонаи сокинон зери ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш рушд мекунад. Хушбахтона, таваҷҷуҳи Сарвари давлат боис гашт, ки дар баробари навгониҳои бавуқуъпайваста, баҳри тараққиёти иқтисодию иҷтимоии бештари ноҳия нақшаҳои наву ҷолиб рӯи даст гирифта шаванд. Дар ҳамин замина, аҳли заҳмат семоҳаи аввали соли равонро бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст карданд.
АЗ ИҶРОИ БАРЗИЁДИ БУҶЕТ ТО САРМОЯГУЗОРИҲОИ МУФИД
Шералӣ Собирзода Миралӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, ба “Ҷумҳурият” гуфт, ки музаффариятҳои меҳнатӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия боиси рушди иқтисодию иҷтимоӣ гардиданд. – Агар дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияро бо рақам зикр кунем, давоми се моҳи аввали соли равон нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 дарсад сомон ёфта, ба хазина 51,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад, – гуфт ӯ.
Иттилоъ доданд, ки дар ноҳия чордаҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 18,1 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Маблағи умумии азхудшуда 4,6 миллион долларро ташкил медиҳад.
КИШОВАРЗӢ ВА САНОАТ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 123,5 миллион сомонӣ расида, дар давраи мадди назар, кишоварзони ноҳия дар майдони беш аз 25 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ коштанд. Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, соли равон кишти он 4990 гектар ба нақша гирифта шуд, ки таъмин гардид. Инчунин, соли равон боғпарварони ноҳия дар майдони 20 гектар боғи нав бунёд карда, 69 гектар боғу токзорро аз нав барқарор намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 594,7 миллион сомонӣ баробар гардид. Вобаста ба амалӣ намудани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) бо ҷалби соҳибкорон бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки соли сипаригашта ҳафттои он ба истифода дода шуд ва соли равон ба истифодадиҳии шаш корхона (600 ҷойи корӣ) пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин, зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ду корхонаи истеҳсоли макарон ба истифода супурда шуд.
109 МЕДАЛ ДАР СЕ МОҲ
Ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия буда, ҷиҳати пешрафти соҳа бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок варзида, 28 медали тилло, 29 нуқра ва 52 биринҷӣ ба даст оварданд.
Бо мақсади дарёфти ҷойи кор бо ҷалби ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармоён дар се моҳ шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия шаш ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронд, ки 71 корҷӯ бо кори доимӣ таъмин ва нафарони зиёд, хусусан ҷавонон, барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 578 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Дар арафаи рӯзҳои таърихӣ ва идҳо ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ятимону собиқадорон аз тарафи соҳибкорон, шахсони саховатманд ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи беш аз 616,9 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ ва молиявӣ расонда шуд.
АВҶУ БАРОРИ БУНЁДКОРИҲО
Ба ифтихори таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Бо ин мақсад, бунёд ва таъмиру таҷдиди 179 иншооти гуногун дар нақша аст, ки ҳоло 41 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, 17 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 40 километр роҳҳои деҳот сангфарш гардидаанд. Шералӣ Собирзода иброз дошт, ки арзиши умумии иншоотҳои бунёдёфта беш аз 160 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ноҳия сохтмони 61 бинову иншооти нав идома дорад, ки соли равон баистифодадиҳии 40-тои он ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, роҳбарияти вилояти Хатлону ноҳияи Данғара, соҳибкорони ватандӯст ва масъулиятшиносии сокинон ба даст омадаанд. Мо – шаҳрвандонро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат аз таҳти дил меҳнат карда, саҳми назарраси худро дар пешрафту шукуфоии бештари Ватани азизамон гузорем ва дар ин баробар, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми заҳмати дигарон ва майли том ба донишу касбомӯзӣ тарбия намоем.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”