Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЯСИР ИБРОҲИМ ИБНИ ҲУМАЙДОН

26-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзуъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
Аҳамияти зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, рушди зерсохторҳои муосир ва таҳкими ҳамдастӣ дар масоили вобаста ба обу иқлим дода шуд.
Дар робита ба вазъи бениҳоят ҳассос ва печида дар минтақаи халиҷи Форс, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори идомаи талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ҳалли осоиштаи ин буҳрон бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад.