26-уми май суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ҳамдигарро ба муносибати Иди мубораки Қурбон табрик карданд. Пешвои миллат ба муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Президенти Тоҷикистон ҷараёни мусбати имрӯзаи густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳамияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид сохтанд.
Ҳамзамон, президентҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи ҷорӣ дар минтақаи халиҷи Форс, мубодилаи афкор намуданд. Дар ин замина, Сарвари давлати мо бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути муколамаи созанда изҳори умед карданд.