Робитаи руҳониву ақлонии як насл бо насли дигар метавонад сабаби ба таври шоиста интиқол ёфтани арзишҳои фарҳангӣ ва хирад ба ояндагон гардад. Албатта, занҷира ё барномаи чунин робитаро бузургон эҷод мекунанд, то офаридаҳояшон ба ояндагон дуруст, дақиқ, бо ҳама маънову фалсафа расида бошад. Бузургии ниёгони мо низ дар офаридани чунин барномаҳои дарозмуддат муайян мешавад.
Дар ин ҷода ҷавонони замони нав масъулияти дучанд доранд, зеро амонатдории насли ҷадид сабр, оромиш ва фалсафаи вижа мехоҳад. Мо дар замоне ки арзишҳо қариб ҳар рӯз иваз мешаванд, намунаҳои ибрат барои пайравӣ (идеалҳо) бешуморанд, ҷанги иттилоотӣ дар авҷ аст, мағзшӯйӣ дастгоҳи пурқудрати босуръат мисли интернет дорад, ба сар мебарем. Дар чунин фазои омехта бо ҳазор рангу намо, пеш аз ҳама маърифати ҳастӣ, шинохти асолати хеш ва дар баробари ин, амонати маънавии гузаштагонро бар дӯш доштан корест сангин. Ҳамзамон, арзишҳои фарҳангии ниёгонро омӯхта, таҳлилу баррасӣ карда, ба замони нав ҷӯр намудан, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ истифода бурдан, аз ҷавонони меросбар зиракӣ, худшиносӣ ва ҷаҳонбинии фароҷаҳонӣ мехоҳад.
Ду нукта қобили зикр аст. Нахуст, мо танҳо миёнҷӣ боқӣ мемонем ё арзишҳои то ба мо расидаро бо набзи замон мепайвандем?
Нуктаи дигар, арҷгузориву амонатдории ин осору шукӯҳи таърихӣ моро ҳам аз назари маънавӣ дигар мекунад, афкори моро иваз менамояд ё танҳо амонатдор будан кофист?
Ин ду савол, аслан дар таркиби худ посух ҳам доранд, зеро асли ҳадаф, пеш аз ҳама, тағйир ёфтани ҷаҳони фикриву равонии мост. Сониян он чи аз ин фарҳанг ҳаллу ҳазм намудем, ба ҳамнаслону оянда ба насли нав расондан аст. Ба қавли шоири номбар Фарзона:
Ту медонӣ, ки ислоҳи башар чист?
Ҷуз ислоҳи худӣ чизи дигар нест!
Мадеҳ тағйир авзои ҷаҳонро,
Ки гар худро диҳӣ тағйир, кофист!
Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба забону адабиёти классикӣ, фалсафаву муҳтавои Меҳргон, Сада, Наврӯз, Тиргон, созу навои Шашмақом, Фалак, ахлоқи шарқиёна, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги дар давоми асрҳо санҷидашудаи варорӯдиён рӯ биёрем. Ин падидаҳои зикршуда ба истилоҳ танҳо ҳунар ва эҷоди зебоӣ нестанд, балки решаҳои аслии фалсафа, руҳшиносӣ, равоншиносӣ, инсонгароӣ мебошанд.
Маҳз ҳамин падидаҳои беназир ниёгони мо – тоҷиконро аз нобудӣ эмин доштаанд. Мо агар фардои пуршараф мехоҳем, сарфарозӣ дар назди ояндагон орзуи мост, пас, аз ҳоло камари ҳиммат бояд баст ва дар ривоҷи фарҳанги гузаштагон талош варзид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”