Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) таҳти роҳбарии директори навтаъини минтақавии IFC дар кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Саймон Эндрюс мулоқот намуд.
Ӯ ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявиро бо нишондиҳандаҳои асосии низоми молиявию бонкии кишвар шинос намуда, аз тамоюли мусбати рушди соҳа ёдовар шуд.
Дар навбати худ, роҳбари ҳайати IFC Саймон Эндрюс нишондиҳандаҳои бахши бонкии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуд ва Бонки миллии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла хориҷ гардидани ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯйхати таҳримҳо, табрик кард.
Зимни суҳбат, ҷонибҳо доир ба таҳияи Стратегияи нави ҳамкории кишварӣ (Country Partnership Framework) барои панҷ соли оянда табодули назар намуданд ва дар ин замина, зарурати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва “маблағгузории сабз”-ро, ба манфиати ҳар ду ҷониб судманд донистанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои техникӣ, тақвияти рушди инфрасохтори молиявӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати дастгирии ислоҳоти бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
БМТ. ЛОИҲАИ ОЗМОИШИИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади равшан намудани муҳтавои «Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ» ва пешгирии гуногунфаҳмиҳо байни аҳолӣ ва соҳибкорон маълумоти зеринро пешниҳод менамояд. Лоиҳаи нави озмоишӣ ба амалиётҳои интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ (аз ҷумла, байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон), ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад ва чунин амалиётҳо андозбандӣ карда намешаванд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи озмоишӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 то 3 фоиз паст карда шуда, ҳисобкунии андоз ба таври худкор сурат мегирад. Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, қисми муайяни ин меъёр, яъне 1 фоиз, ба харидор (пардохткунанда) баргардонда мешавад (кешбэк).
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои муосири пардохт бехатар буда, ҳифзи сирри бонкӣ пурра таъмин мегардад. Аз шаҳрвандон ва соҳибкорон хоҳиш карда мешавад, ки ба маълумоти тасдиқнашуда бовар накунанд ва танҳо ба иттилооти расмии мақомоти ваколатдор такя намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини суботи низоми бонкӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»