Баргашт Чоп кардан

ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН


Дар қатори минтақаҳои дигари ҷаҳон имрӯз Осиёи Марказӣ низ ба яке аз минтақаҳои осебпазир дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва амнияти экологӣ табдил ёфтааст. Агар солҳои пеш масъалаҳои муҳити зист бештар ҳамчун мушкили соҳаи экология арзёбӣ мешуданд, имрӯз онҳо ба омили муҳими амнияти миллӣ, иқтисодӣ ва ҳатто сиёсати минтақавӣ мубаддал гардидаанд. Обшавии пиряхҳо, норасоии об, хушксолӣ, ифлосшавии ҳаво ва таназзули заминҳо дигар танҳо мушкилоти табиат нестанд – онҳо ба зиндагии ҳаррӯзаи миллионҳо нафар таъсир мерасонанд.
Минтақа, ки дорои захираҳои бузурги табиӣ, обӣ ва энергетикӣ мебошад, ҳамзамон, бо буҳронҳои экологие рӯ ба рӯ аст, ки қисми зиёди онҳо мероси сиёсати асри гузашта ва қисми дигар натиҷаи рушди босуръати саноат ва тағйирёбии глобалии иқлим мебошанд.


МЕРОСИ ВАЗНИНИ ЭКОЛОГӢ
Яке аз рамзҳои фоҷиаи экологӣ дар ҷаҳон хушкшавии баҳри Арал маҳсуб мешавад. Дар нимаи дуюми асри XX барои рушди кишоварзӣ ва, бахусус пахтакорӣ, оби дарёҳои Амударё ва Сирдарё ба таври васеъ истифода гардид. Дар натиҷа, сатҳи оби баҳри Арал ба таври бесобиқа коҳиш ёфт, экосистема вайрон шуд ва минтақа ба яке аз марказҳои буҳрони экологӣ мубаддал гардид.
Дар Саммити минтақавии экологӣ – RES 2026, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, роҳбарон ва коршиносони соҳа масъалаҳои муҳими экологӣ ва иқлимиро баррасӣ карданд. Президенти Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев таъкид намуд, ки кишвар тавонистааст тақрибан 36 дарсади қисми шимолии баҳри Аралро барқарор намояд. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи баҳри Хазар низ ба яке аз авлавиятҳои муҳими минтақа табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, мо аз ҳама ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ даъват менамоем, ки талошҳоро барои ҳифзи захираи беназири табиӣ бештар намоянд.
Дар робита ба ин, Ингер Андерсен, директори иҷроияи Барномаи экологӣ дар СММ, иброз дошт, ки мушкилоти экологӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври ҷудогона ҳал карда намешавад. Буҳрони баҳри Хазар, обшавии пиряхҳо, норасоии об ва ифлосшавии ҳаво мушкилоти маъмулӣ ҳастанд, ки ҳалли муштаракро тақозо менамоянд. Вай изҳор намуд, ки паст шудани сатҳи баҳри Хазар метавонад на танҳо ба буҳрони экологӣ, балки ба оқибатҳои башардӯстона ва иқтисодӣ барои миллионҳо нафар оварда расонад.


ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ – ТАҲДИДИ НОАЁН, ВАЛЕ ВОҚЕӢ
Таъсири тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ сол ба сол бештар эҳсос мешавад. Баландшавии ҳарорат, хушксолии тулонӣ, тӯфонҳои чангу ғубор ва офатҳои табиӣ ба иқтисодиёт ва амнияти озуқаворӣ таъсири мустақим мерасонанд. Олимон ҳушдор медиҳанд, ки дар 50 соли охир пиряхҳои қаторкӯҳи Тиёншон тақрибан 27 фоизи массаи худро аз даст додаанд. Дар Тоҷикистон бошад, тайи се даҳсолаи охир зиёда аз ҳазор пирях нобуд шудааст. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, то соли 2040 минтақа метавонад то сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад. Ин дар ҳолест, ки зиёда аз 80 миллион нафар аҳолии минтақа аз оби пиряхҳо вобастагӣ доранд. Ҳарорат дар Осиёи Марказӣ низ босуръат боло меравад. Дар се даҳсолаи охир ҳарорат ба ҳисоби миёна 0,4 дараҷа дар ҳар даҳсола афзоиш ёфтааст, ки аз нишондиҳандаи миёнаи Нимкураи шимолӣ бештар мебошад.


ИМКОНИЯТҲОИ “ИҚТИСОДИ САБЗ”
Бо вуҷуди таҳдидҳои зиёд, Осиёи Марказӣ дорои имкониятҳои воқеӣ барои гузариш ба рушди устувор мебошад. Яке аз чунин имкониятҳо рушди энергетикаи барқароршаванда аст.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, метавонад дар таъмини “энергияи сабз” дар минтақа нақши муҳим бозад. Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ солҳои охир ба рушди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ омодагии худро барои дастгирии лоиҳаҳои экологӣ ва иқлимӣ дар минтақа изҳор намудаанд. Аз ҷумла, сармоягузорӣ ба технологияҳои каммасраф, ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии об, аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ ба шумор мераванд.


ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои пешсаф дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мешавад. Бо дарназардошти он ки қисми зиёди захираҳои обии минтақа аз пиряхҳо ва кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд, кишвар чанд даҳсолаи охир масъалаи ҳифзи об ва пиряхҳоро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати байналмилалии худ табдил додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид пайваста аз хатари тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии об ҳушдор медиҳанд. Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид чандин қатъномаҳои муҳимро қабул намуд, ки ба масъалаҳои об ва рушди устувор бахшида шудаанд. Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” яке аз муҳимтарин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таҳкими ҳамкорӣ миёни давлатҳо мебошад. Ҳамчунин, бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Ин ташаббус дар шароите пешниҳод шуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо ба амнияти экологӣ ва обии Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дипломатияи “обӣ”-и Тоҷикистон метавонад барои коҳиши ихтилофҳои марбут ба захираҳои обӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мусоидат намояд, зеро масъалаҳои иқлим ва об дигар танҳо масъалаи як кишвар набуда, ба омили муҳими субот ва амнияти тамоми минтақа табдил ёфтаанд.


ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ – РОҲИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ
Мутахассисон бар ин назаранд, ки ягон кишвари минтақа наметавонад мушкилоти экологиро танҳо ҳал намояд. Об, иқлим ва муҳити зист сарҳад намешиносанд ва ҳамкории муштаракро талаб мекунанд.
Дар Саммити Остона кишварҳои минтақа Эъломияи “Ҳамбастагии экологӣ дар Осиёи Марказӣ”-ро қабул карданд. Дар ҳуҷҷат мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва коҳиши ифлосшавии муҳити зист ҳамчун авлавияти умумӣ эътироф гардид.
Эълон шудани 26-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи баҳри Арал ва дарёҳои Амударёву Сирдарё низ яке аз иқдомҳои муҳими муштарак арзёбӣ мешавад.
Хулоса, имрӯз Осиёи Марказӣ дар назди интихоби муҳим қарор дорад. Аз як тараф, тағйирёбии иқлим, норасоии об ва буҳронҳои экологӣ ба амнияти иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа таҳдид мекунанд. Аз ҷониби дигар, ин вазъ метавонад ба ангезаи рушди модели нави иқтисодӣ – “иқтисоди сабз” табдил ёбад. Ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи об, рушди энергетикаи тоза ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дигар танҳо масъалаҳои муҳити зист нестанд. Онҳо ба масъалаи сарнавишти минтақа ва ояндаи наслҳои оянда табдил ёфтаанд. Ояндаи Осиёи Марказӣ аз қарорҳое вобаста аст, ки имрӯз қабул мешаванд. Танҳо бо роҳи ҳамгироии манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ кишварҳои минтақа метавонанд рушди устувор ва зиндагии шоистаро барои аҳолии худ таъмин намоянд.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»