Баргашт Чоп кардан

СУПОРИШҲОИ ҚАТЪИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДОИР БА АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТ


28-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барзиёд таъмин намудани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли ватанӣ ба сохторҳои дахлдор як қатор супоришҳои қатъӣ доданд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, дар давоми 2-3 соли оянда, яъне то соли 2029, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори 6 миллион тонна ба истифода дода мешавад.
Бо ин иқтидор ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон бамаротиб афзуда, бозори дохилӣ бо сементи хушсифат ва бо нархҳои дастрас таъмин мегардад.
Дар ин корхонаҳо наздики 5 ҳазор ҷойи нави кор муҳайё мешавад.