Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ҲИФЗИ МАНфИАТҲОИ БАШАРӢ. БОЗТОБИ "ҶУМҲУРИЯТ" АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР


Тоҷикистон. Кишваре, ки дар саргаҳи обҳои ширин қарор дошта, захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар кӯҳҳои осмонбӯси он ташаккул меёбанд, зарфи чаҳор рӯзи охир ҳамчун маркази ташаккули дипломатияи об дар ҷаҳон дигарбора сари забонҳо шуд. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро расонаҳои бонуфузи олам, назири «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, «AL JAZEERA»-и Қатар, «Reuters»-и Британияи Кабир, «L’Express», «LeMonde»-и Британия, «Pakistan TV Digital (PTV)», «ABN News Pakistan», МТРК «Мир», НТВ-и Русия, «Azertaj»-и Озарбойҷон, «EnviroNews»-и Нигерия, «SociedadedoNoticians»-и Мозамбик, «Евразийская Правда»-и Беларус, «Kuon»-и Камбоҷа, «TuranTales»-и Лаҳистон ва дигар воситаҳои ахбори хориҷӣ ба шаҳри Душанбе ҷалб карданд.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки аз 25-ум то 28-уми май бо ҳузури намояндагони сершумори давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, марказҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Тоҷикистон ва исми Сарвари ташаббускору башардӯсти тоҷиконро дар сархати расонаҳои муътабари олам қарор дод. Ин ҳамоиши сатҳи баланд, беш аз 2500 нафар бо шумули 1100 намоянда аз 110 кишвари ҷаҳон, 75 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои академиро ҷиҳати баррасии мудирияти оқилонаи захираҳои обӣ ва устувори иқлим дар пойтахти Тоҷикистон гирди ҳам овард. Дар ҳамин ҳол, ба манзури пӯшиши хабарии Конфронс вориди Душанбе шудани беш аз 100 хабарнигори хориҷӣ собит намуд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рӯзномаи глобалии об ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам амиқтар мегардад.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ баргузор шуд, аз чорабиниҳои калидӣ дар пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки барномаи Конфронс 25-уми май бо баргузории чорабиниҳои канорӣ, форумҳои минтақавию мавзуӣ, муколамаҳои коршиносӣ ва мулоқотҳои вижаи шарикони рушд оғоз гардида, иштирокчиён масоили ҳамкориҳои фаромарзии марбут ба об, устувории иқлим, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии захираҳои обӣ, маблағгузории зерсохтори об, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва хизматрасониҳои санитариро баррасӣ карданд. Ҳамзамон, оид ба нақши ҷавонон, занон, ҷомеаҳои илмию шаҳрвандӣ дар пешбурди Рӯзномаи об ва устувории экологӣ ҷаласаҳои вижа баргузор шуданд.
Қисми расмии Конфронси мазкур 26-уми май дар Кохи Сомони бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз шуд. Суханронии Сарвари давлат ҳамчун поягузори дипломатияи об ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ ҷолибтарин лаҳзае буд, ки бо кафкӯбии ҳайатҳои баландпояи иштирокчӣ истиқбол шуда, аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ҳамчун нукоти муҳимтарину меҳварии Конфронс бо диққати тамом пайгирӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин Конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир – дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об маънидод карданд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон ташаббусҳои худ дар соҳаи обро идома дода, зимнан, ҷонибдори бархӯрди мутавозину фарогир ва муносибати оқилона ба истифодаи захираҳои ин неъмати бебаҳост.
Сарвари давлат бо зикри ин нукта, ки ҳоло миллиардҳо нафар бо оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надошта, наздик ба 4 миллиард сокини сайёра ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешавад, таъкид карданд, ки тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 то 25 дарсад зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо мекунад.
Пешвои миллат дар асоси таҳлилҳои амиқ даъват ба амал оварданд, ки мо бояд аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 андеша кунем ва дар заминаи дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе тарҳи иқдомҳои наверо роҳандозӣ намоем, ки ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона шаванд.
Дар идомаи суханронии Сарвари давлат, эълони таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронда шудааст, пайғоми хушоянде буд, ки бо кафкӯбиҳои пурмавҷи ҳозирин истиқбол шуд.
Баъд аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд дар маросими ифтитоҳӣ дар Кохи Сомон ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва муколамаҳои интерактивӣ перомуни мутобиқшавӣ ба иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, мониторинги захираҳои обӣ баргузор гардиданд. Дар ин нишастҳо тамоюлҳои глобалӣ дар соҳаи амнияти об, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, татбиқи уҳдадориҳои дар доираи Рӯзномаи амалиёти обии СММ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, маблағгузории устувори рушди об, ҳамгироии масъалаҳои об, энергетика, озуқаворӣ ва экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни баҳсу баррасиҳо аксар коршиносон ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки солҳои охир ба яке аз мавзуъҳои меҳварии рӯзномаи байналмилалии обу иқлим табдил ёфтааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ин масъалаҳо дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷомеаи байналмилалиро ҳушдор дода буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, оқибатҳои манфӣ дар пай хоҳад дошт.
То кунун таҷрибаи ҳосилшуда аз иқдомоти сатҳи байналмилалии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки кишвари мо дар шахси Роҳбари давлат пешниҳодоти худ оид ба ҳалли мушкилоти глобалиро дар сатҳи суханрониву муколамаҳо маҳдуд насохта, дар роҳи татбиқи онҳо амалан талош меварзад. Ҳамин гуна мавқеи устувори пайгирона буд, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Маҳз ҳамин қатънома, ки бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ҳифзи пиряхҳоро дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор дода, дар муносибат ба ин масъалаи ҳаётан муҳим такони ҷиддӣ бахшид.
Рӯзи сеюми Конфронс бо ҷаласаҳои махсуси мавзуӣ ва муколамаҳои байналмилалӣ идома ёфта, баррасии мавзуоти муҳим, аз қабили ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, идоракунии устувори ҳавзаҳои дарёӣ, рушди “энергетикаи сабз”, таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, табдили рақамии бахши об, густариши шарикии минтақавӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд вохӯриҳои зиёди дуҷониба, муаррифии тарҳҳои байналмилалӣ, имзои созишномаҳои шарикӣ, чорабиниҳои махсуси созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ сурат гирифта, нимаи дуюми рӯзи 27-уми май таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Тсзюнхуа ҷаласаи ҷамъбастии Конфронс ва нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ин ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ гузоришҳои мухтасари нишастҳои мавзуӣ оид ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба об ва беҳдошт, таҳкими устувории иқлимӣ, рушди ҳамкории фаромарзӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба зерсохтори об ва омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об манзур гардида, аз рӯйи натиҷаҳои Конфронс санадҳои ҷамъбастӣ пешниҳод шуданд, ки аз тавсияҳо оид ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии об таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид таркиб ёфтаанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар ҷараёни Конфронс таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва суръат бахшидан ба ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар заминаи омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2026 равона гардид. Конфронс ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ хидмат карда, идомаи натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023, раванди омодагӣ ба Конфронси соли 2026 ва баррасии натиҷаҳои Даҳсола дар соли 2028-ро таъмин намуд. Дар доираи ҷаласаҳои мавзуӣ ва муҳокимаҳои панелӣ иштирокчиён рафти иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, масъалаҳои маблағгузорӣ, татбиқи технология ва инноватсияҳо, инчунин робитаи рӯзномаи об бо иқлим, рушди устувор, экосистема ва равандҳои бисёрҷонибаи СММ-ро баррасӣ карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», Эъломияи Душанбе қабул гардида, ҳамчунин, Хулосаи ҳамраисон ва саҳми Раванди оби Душанбе дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2026 омода ва пешниҳод хоҳанд шуд, ки ин санадҳо тавсияҳои калидӣ ва роҳнамоии амалӣ доранд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ Сарвазири мамлакат изҳор дошт: “Мо мутмаинем, ки натиҷаҳои Конфронс ба татбиқи минбаъдаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, инчунин, раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 ва Конфронси ҷамъбастии соли 2028 саҳми назаррас хоҳанд гузошт”.
28-уми май иштирокдорони Конфронс ҷиҳати шиносоӣ бо иқтидорҳои обию энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон тавассути ҳафт хатсайр ба минтақаҳои гуногун, аз ҷумла шаҳри Душанбе, неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Норак”, Варзоб, Қалъаи Ҳисор ва Сафед-дара ба сафар баромаданд. Зимни сафар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба меҳмонон муаррифӣ гардида, минтақаҳои сайёҳиву табиати нотакрори мамлакат дар маърази таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.
Дар маҷмуъ, ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба ин сӯ иродаи сиёсӣ вобаста ба таҳкими дипломатияи об ташаккул ёфта, тадбирҳои амалӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар минтақаҳои гуногуни сайёра фаъол гардидаанд. Ҳамон тавре ки дар Конфронси чорум эътироф шуд, амалҳои муштарак дар ин самтро, пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг пайваста тақвият мебахшад. Чунончи, Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия сурат гирифт, вобаста ба мудирияти оқилонаи захираҳои обӣ марҳалаи таърихӣ гардида, ба ҳамкории бисёрҷониба дар соҳа такони нав бахшид. Натиҷаи ин чорабинии муҳим боиси оғоз гардидани Рӯзномаи амал оид ба об шуд, ки татбиқи уҳдадориҳои ихтиёрӣ ва роҳандозии қарорҳои инноватсиониро ба роҳ монд. Инак, Конфронси чорум дар марҳалаи муҳими татбиқи ҳадафҳои Даҳсола бо натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳе ҷамъбаст шуд, ки платформаи сатҳи баланд ва фарогирро барои муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ ва рушди шарикӣ фароҳам хоҳад кард. Тавре дар ҷараёни Конфронс таъкид гашт, ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ, ҳамчунин, барои мубодилаи андешаҳои самаранок ҷиҳати омодагӣ ба баррасии ниҳоиву ҳамаҷонибаи натиҷаҳои Даҳсола дар соли 2028 замина гузошта, муҳокимаҳои муфидро барои муайян намудани нақши об дар Рӯзномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид баъд аз соли 2030 оғоз хоҳад кард.
Ба назар мерасад, ки аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида буд, барои ҷомеаи башарӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Таваҷҷуҳ ба ин иқдоми башардӯстона ва иштироки беш аз 1000 намояндаи хориҷӣ дар Конфронси ахири Душанбе ба ин далел муҳри тасдиқ мезанад. Пас, чунин нақшофарии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо буда, бояд дар идома ёфтани чунин раванд, яъне боз ҳам боло бурдани эътибори байналмилалии кишвари азизамон, ки ҳосили заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат аст, масъул бошем.


Фирӯз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”
Аксбардор, Муҳаммадамин ОДИНАЕВ