Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён 23-юми май дар қасри фарҳанги ноҳия бо мақсади эҳтиром ба маҳсули заҳмати шоир, нависанда ва рӯзноманигори собиқадор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Эрматов маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Қубодиён Мирзодавлат Сабурзода дар оғози маҳфил зикр намуд, ки Сулаймон Эрматов аз адибони саршиноси ду ҷумҳурӣ – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва муаллифи беш аз 25 китоби насрию назмӣ аст.
Китобҳои «Модарам, ҷон модарам», «Таманно», «Гулҳои садоқат», «Қисмати зани солеҳа», «Сухан аз об бигӯ», «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» ва асари дуҷилдаи «Одоби оиладорӣ», ки ба масъалаҳои дӯстии халқҳо, таълиму тарбия, ҳифзи муҳити зист, ватанпарварӣ, ахлоқу одоб ва рӯзгору оиладорӣ бахшида шудаанд, аз ҳамин ҷумлаанд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Муҳаммадулло Табарӣ иброз намуд, ки ҳарчанд Сулаймон Эрматов ба узвияти Иттифоқи нависандагон ҳамчун шоир қабул шуда бошад ҳам, эҷоди ӯ гуногунрангу серпаҳлу аст. Ин адиби пурмаҳсул дар равнақи публитсистикаи ӯзбек, инкишоф додани адабиёти кӯдакона, дар татбиқ намудани усул ва услубҳои муосири таълиму тарбия саҳми арзанда дорад.
Рӯзноманигорони собиқадор Мансур Сайфиддинов, Абдурауф Муродӣ, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Неъмат Муҳаммад Саид ва дигарон соҳибҷашнро шодбош гуфта, иброз доштанд, ки дар эҷодиёти С. Эрматов тарғиби адабиёти гузаштаву муосири форсу тоҷик нақши аввалиндараҷа бозидааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»