Баргашт Чоп кардан

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу намудааст.
“Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомуваффақият амалӣ гардида истодаанд, – омадааст дар паёми табрикӣ. – Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад”.


Анҷумани забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 15-ум то 18-уми октябр дар Тоҷикистон таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад.
Тавре Кумитаи забон ва истилоҳот хабар додааст, дар Анҷуман иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони мамлакатҳое, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст.


Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон
Тоҷикистону Эронро риштаҳои дӯстиву рафоқат, фарҳангу тамаддуни муштарак ва забони ягона бо ҳам мепайвандад. Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ таъкид шуд.
Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва гуманитарӣ ба марҳалаи нави рушд расид. Пайвандҳои қавии таърихию фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар аз муҳимтарин омилҳои таҳкимбахши равобити байнидавлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Зимни мулоқот вобаста ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои обу энергетика, саноат ва кишоварзӣ пешниҳодҳои мушаххас баён гардида, таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.


Ҳамоиш вобаста ба зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ
Дар Вазорати мудофиа таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Муовини якуми вазири мудофиа Бобоҷон Саидзода иброз дошт, ки истифодаи технологияҳои муосир, бахусус зеҳни сунъӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техникаю технология ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори мудофиавии давлат табдил ёфтааст. Ҷорӣ намудани чунин технологияҳо метавонад самаранокии идоракунӣ, таҳлил ва банақшагирии низоми амниятиро бамаротиб баланд бардорад.


47-ум сессияи баҳории Академияи хурди илмҳо оғоз гашт
31-уми май дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ба муносибати кушодашавии 47-ум сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гашт.
Гуфта шуд, ки Академияи хурди илмҳо ҳамчун мактаби муҳими тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар самти таҳқиқоти илмӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмии хонандагон нақши муассир дорад. Таъкид гардид, ки сессияи баҳорӣ барои дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, рушди қобилияти таҳқиқотии онҳо ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва ихтироъкорӣ аҳамияти муҳим дорад.


Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1-уми июн) бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишӣ баргузор гардид.
Миёни хонандагон мусобиқаҳо аз намудҳои гуногуни варзиши сабук, озмунҳои саволу ҷавоб аз фанҳои гуногун ва дигар машғулиятҳои шавқовару тарбиявӣ роҳандозӣ шуданд.
Ба хонандагони муассиса либосҳои тобистонаву варзишӣ, тӯб, дастпӯшак ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим гардиданд.