![]()
ТОҶИКОН ДАР МОВАРОИ ТАЪРИХ. ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ РЕША БА ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ДОРАНД
Таърихи халқи тоҷик яке аз саҳифаҳои пурғановат ва пурифтихори таърихи башарият ба ҳисоб меравад, зеро тоҷикон аз замонҳои қадим соҳиби фарҳанги бой, давлатдорӣ, илму адаб ва анъанаҳои волои миллӣ будаанд. Дар тули асрҳо тоҷикон тавонистанд забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд ва онҳоро аз насл ба насл интиқол диҳанд.
Идҳо ва ҷашнҳои миллӣ низ қисми ҷудонашавандаи таърихи тоҷикон мебошанд. Онҳо ифодагари ҷаҳонбинӣ, эҳтиром ба табиат, меҳнат ва арзишҳои инсондӯстонаи мардуманд. Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар ҷашнҳои миллӣ то имрӯз ҳамчун рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва фарҳанги куҳани тоҷикон таҷлил мегарданд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии худ талош менамояд. Омӯхтани таърихи миллат ва ҷашнҳои миллӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад.
Халқи тоҷик яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Таърихи тоҷикон аз даврони тамаддуни ориёӣ сарчашма гирифта, бо фарҳангу тамаддуни бойи худ дар рушди башарият саҳми бузург гузоштааст. Аҷдодони тоҷикон дар сарзаминҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ намуда, бо шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва илм машҳур буданд. Осори бостонӣ аз Саразм, Панҷакенти қадим ва Бунҷикат далели равшани фарҳанги баланд ва зиндагии мутамаддини онҳо мебошанд.
Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои таърихи ориёиҳо китоби муқаддаси Авесто мебошад. Дар ин китоб арзишҳои инсондӯстӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ ва адолат васф шудаанд. Ориёиҳо ба табиат эҳтироми зиёд доштанд ва бисёре аз ҷашнҳои онҳо ба фаслҳои сол ва ҳосилот вобаста буданд.
Аз қадимтарин идҳои тоҷикон Наврӯз ба ҳисоб меравад, ки рамзи эҳёи табиат ва оғози соли нав мебошад. Ин Ҷашн зиёда аз шаш ҳазор сол таърих дошта, то имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Мардум дар арафаи Наврӯз хонаҳоро тоза карда, дастархони идона меороянд ва ҳамдигарро табрик мекунанд.
Дар баробари Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон ва Сада низ дар байни ориёиҳо ҷойгоҳи муҳим доштанд. Меҳргон ҷашни ҳосилот ва меҳнат буда, дар фасли тирамоҳ баргузор мешуд. Ҷашни Сада бошад, рамзи гармӣ ва пирӯзии нур бар торикӣ маҳсуб мегардид. Дар ин рӯз мардум оташ афрӯхта, суруд мехонданд ва шодиву хурсандӣ мекарданд.
Яке аз давраҳои муҳимтарини таърихи тоҷикон замони ҳукмронии сулолаи Сомониён мебошад. Давлати Сомониён дар асри IX таъсис ёфта, маркази он шаҳри Бухоро буд. Ин давра ҳамчун давраи тиллоии давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикон маъруф аст. Асосгузори давлат Исмоили Сомонӣ барои муттаҳид сохтани сарзаминҳои тоҷикнишин ва рушди давлат нақши бузург бозид.
Дар замони Сомониён илму фарҳанг рушд ёфт ва забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва адабӣ мақоми баланд пайдо кард. Дар ҳамин давра олимону шоирони бузург ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Фирдавсӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Дар ин давра на танҳо илму адаб, балки ҷашнҳои миллӣ низ ривоҷ ёфтанд. Наврӯз бо тантана дар қасрҳо ва байни мардум баргузор мегардид. Шоирон дар васфи баҳор ва зиндагӣ шеърҳо эҷод мекарданд. Ҷашнҳои мардумӣ воситаи муттаҳидсозии ҷомеа ва ҳифзи фарҳанги миллӣ буданд.
Бо вуҷуди суқути давлати Сомониён, тоҷикон тавонистанд забон, фарҳанг ва анъанаҳои худро нигоҳ доранд. Ҷашнҳои миллӣ ҳамчун қисми муҳими зиндагии мардум аз насл ба насл гузаштаанд.
9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Солҳои аввали истиқлолият барои кишвар душвор буданд, зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисод ва зиндагии мардум зарари зиёд расонд. Бо талошҳои роҳбарияти давлат ва иродаи мардум сулҳ ва ваҳдати миллӣ барқарор гардид.
Пас аз истиқлолият Тоҷикистон ба эҳёи ҷашнҳои миллӣ аҳамияти калон дод. Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Ҷашнҳои Меҳргон ва Сада низ дубора эҳё гардида, имрӯз ҳамчун мероси фарҳангии миллат таҷлил мешаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ омӯзиш ва эҳёи таърихи миллат аҳамияти махсус пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва тарғиби таърихи тоҷикон саҳми бузург гузоштанд. Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат осори таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии тоҷикон эҳё ва ҳифз карда шуданд.
Президенти мамлакат дар суханрониҳо ва асарҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, миллате, ки таърихи худро намедонад, наметавонад ояндаи дурахшон бунёд кунад. Бо ҳамин мақсад китобҳои зиёди таърихӣ ва илмӣ ба нашр расиданд, ки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ аҳамияти калон доранд.
Яке аз муҳимтарин асарҳои Пешвои миллат китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» мебошад. Дар ин китоб таърихи халқи тоҷик аз даврони қадим то замони муосир бо далелҳои илмӣ шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Ин асар барои омӯзиши таърихи миллат ва шинохти арзишҳои миллӣ сарчашмаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, китобҳои «Забони миллат — ҳастии миллат», «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихиву фарҳангӣ дар рушди худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд. Бо дастгирии давлат бисёр китобҳои таърихӣ аз нав нашр гардида, барои хонандагон ва ҷавонон дастрас шуданд.
Имрӯз таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба мероси ниёгон ва ҳифзи фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин тадбирҳо барои тарбияи насли ватандӯст, донишманд ва худшинос мусоидат менамоянд.
Наргис РОЗИҚОВА,
«Ҷумҳурият»