Лоиҳаи навсозии Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб муаррифӣ гардид. Китобхона дар доираи Солҳои фарҳанги китобхонӣ (2026-2030) дар вилоят бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ҷуръат” бо сарфи 4 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ мегардад.
Зимни муаррифии лоиҳа пешниҳодҳои муҳим ҷиҳати муосирсозии фаъолияти китобхона ироа гардид. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои омӯзишии китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва паёмҳои Пешвои миллат, ба роҳ мондани китобхонаи электронӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ, инчунин, ҷалби мутахассисони соҳа ба омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар аз ҷумлаи ташаббусҳои пешниҳодшуда буданд.
Таъкид гардид, ки китобхона ҳамчун маркази маърифатӣ метавонад дар тарбияи ҷомеа, бахусус кӯдакону наврасон дар руҳияи китобдӯстӣ ва донишандӯзӣ, нақши муассир гузорад. Дар ин замина, тарбияи насли ҷавон дар асоси арзишҳои фарҳангӣ, бедор намудани шавқи мутолаа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аз вазифаҳои асосии чунин муассисаҳо арзёбӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки намои берунии бинои Китобхона аз тарафи раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб навсозӣ шуда истодааст ва то моҳи сентябри соли 2026 корҳо пурра ба анҷом мерасанд.
![]()
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ НОҲИЯ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАНД
Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар самти корҳои созандагиву ободонӣ яке аз ноҳияҳои пешсаф маҳсуб ёфта, сокинон ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ– 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо руҳияи баланди меҳнатӣ ва истифодаи ҳама имкониятҳо фаъолона саҳм мегузоранд.
Аз ҷумла, корҳои асфалтпӯшкунии роҳи аҳамияти маҳаллидошта дар масири байни деҳаҳои Дараи Калот – Лабирӯд – Қаҳрамон бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон роҳандозӣ гардидааст, ки дарозии умумии роҳ 14,2 километрро ташкил медиҳад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва навсозии роҳ то ҳол беш аз 8,7 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст. Ин иқдом ба беҳтар гардидани шароити рафтуомади сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, дар доираи ҳамин иқдоми созандагӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ бо дарозии беш аз 5 километр ва хатти интернет низ амалӣ мегардад, ки барои беҳтар гардидани сатҳи хидматрасонӣ ва шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”