Тибқи маълумоти сомонаи «The world only», имрӯз зиёда аз 50 дарсади сокинони сайёра дар шаҳру шаҳракҳо зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи ҳисоби коршиносони соҳаи демография соли 2050 ин рақам ба 66 дарсад хоҳад расид.
Таъсири манфии гармшавии иқлим ба саломатии одамон сол то сол дар шаҳрҳо бештар ба назар мерасад. Тибқи иттилои нашрияи «Techinsider», як гурӯҳ муҳаққиқон дар 9000 шаҳри ҷаҳон бо фарогирии 3,6 миллиард нафар аҳолӣ таҳқиқот гузаронда, ба хулосае омаданд, ки дарахтзорон дар шаҳрҳо тасфидани ҳаворо ду маротиба камтар мекунанд.
Дар чунин ҳолат «дӯстони сабз»-и инсон метавонанд таъсири манфии гармии аз меъёр зиёдро то 50 дарсад кам кунанд. Дарахтон ҳамчун кондитсионери табиӣ бо ду усул ҳаворо салқин месозанд. Якум, дарахтон болои роҳҳои асфалтпӯш ва бому деворҳои бетонӣ соя афканда, аз ҳад зиёд гармшавии онҳоро пешгирӣ менамоянд. Дуюм, дарахтон тавассути баргҳояшон обро бухор (транспиратсия) намуда, ҳавои атрофро салқин месозанд. Як дарахти калон метавонад соле то 150 килограмм гази карбонатро фурӯ барад. Аз ин рӯ, нақши дарахтон дар поксозии ҳаво хеле бузург аст. Ҳар қадар дарахт зиёд бошад, ҳамон қадар ҳаво тозатар мешавад. Аз тарафи дигар, дарахтон туршии карбон, оксиди нитроген, озон ва оксидҳои сулфур барин газҳои зарарнокро ба худ мекашанд. Баргу танаи дарахтон, инчунин, хосияти ба худ кашидани шавқуну мағалро доранд. Бинобар ин, ҷойи сердолу дарахт ҳамеша ором аст.
Ҳамин манфиатҳои дарахтонро ба назар гирифта, табибон сайругашт дар мавзеъҳои сердарахтро тавсия медиҳанд. Сайругашт дар чунин ҷойҳо боиси рафъи стресс ва афсурдаҳолӣ (депрессия) мешавад. Назар кардан ба дарахтони сарсабз асабро ором намуда, хастагии чашмонро рафъ месозад. Тавре маълум гардид, дарахтон ба мо мева, соя, ҳавои тоза ва оромӣ мебахшанд. Аз ин рӯ, ба қадри ҳар як гулу бутта ва дарахтони диёр расида, онҳоро аз поймолшавӣ, шикастан ва беобшавӣ эмин нигоҳ дорем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»