Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявии “J.P.Morgan”, “Loomis Sayles&Company”, “Morgan Stanley Investment Management” ва “Global Evolution” мулоқот намуд.
Дар он масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти бахши молиявию бонкӣ ва имкониятҳои ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо, инчунин, ба татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар бахши бонкӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зикр гардид, ки солҳои охир шумораи кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар кишвар ба таври назаррас афзуда, раванди рақамикунонии иқтисодиёт вусъати бештар касб кардааст.
Фирдавс Толибзода зимни суҳбат таъкид намуд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ дар бахши молиявию бонкии кишвар шароити мусоид фароҳам аст ва дар ин замина, рушди маблағгузории “иқтисоди сабз”, таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мегарданд.
Ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва омӯзиши самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, сармоягузорӣ ва низоми бонкӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро изҳор намуданд.
Боиси зикр аст, ки мулоқоти мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла “J.P. Morgan”, бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар роҳандозӣ гардидааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»