Чанде пеш мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ Марк Боуман баргузор гардид.
Дар он Фирӯз Шарифзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳусейн Озхан, директори идоракунандаи БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, Холгер Вифел, роҳбари БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азамат Ибрагимов, муовини директор, бонкдори калон оид ба институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия, Алекс Пивоварский, директор оид ба рушди бозорҳои сармояву молиявӣ (CFMD) ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи БАТР дар Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Фирдавс Толибзода саҳми БАТР-ро ҳамчун шарики стратегӣ дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла дастгирии ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва рушди устувори мамлакат, назаррас арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо дар бораи сиёсати қурби асъор, раванди рақамикунонии низоми бонкӣ, Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), комплайнс, талабот ба қарзҳои ипотекӣ, рушди бозори суғурта, тақвияти иқтидори мутахассисон дар самти риояи меъёрҳо, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, идоракунии хавфҳо ва татбиқи усулҳои муосири назорат, маблағгузории “иқтисоди сабз”, хавфҳои тағйирёбии иқлим, сармоягузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин, масъалаҳои рушди “иқтисоди сабз” ва молияи устувор мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот, инчунин, оид ба рушди бозори коғазҳои қиматнок, гузариш ба “иқтисоди сабз”, рушди низоми суғурта, мубориза бар зидди шустушӯйи пул, муаррифии татбиқи маҳсулоти БАТР оид ба мубодилаи маҳсулот ва масъалаҳои марбут ба хавф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ноиби президенти БАТР Марк Боуман аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии БАТР-ро барои идомаи дастгирии ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ, рушди низоми бонкӣ ва, махсусан бахши хусусии кишвар, иброз намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”