Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД



Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб" иқдоми муҳимест, ки марҳалаи нави муаррифии мактаби тибби тоҷик дар рушди илми ҷаҳониро оғоз мебахшад. Ин ташаббуси таърихӣ на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои нобиғаи илм Абуалӣ ибни Сино, балки ҳамчун механизми муҳими ҳавасмандсозии ҷомеаи илмии ҷаҳон дар самти рушди тиб, таҳкими тандурустии байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мебошад.
Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави эпидемиологӣ, афзоиши бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, мушкилоти демографӣ, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба амнияти санитариву эпидемиологӣ рӯ ба рӯ аст, таъсиси чунин Ҷоиза аҳамияти хоса касб мекунад.
Таърих гувоҳ аст, ки мактаби тиббии ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абуалӣ ибни Сино яке аз пояҳои асосии рушди илми тиб дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Асари безаволи ӯ – “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар тули чандин аср ҳамчун дастури асосии таълими тиб дар Шарқу Ғарб истифода мешуд. Дар осори илмии ин мутафаккири бузурги сатҳи ҷаҳонӣ масъалаҳои физиология, патогенез, ташхис, пешгирӣ, дорушиносӣ, гигиена, эпидемиология ва офиятбахшии беморон бо услуби илмӣ таҳлил гардидаанд. Назарияҳои Сино оид ба пешгирии бемориҳо, риояи беҳдошт, ғизои солим ва муътадилии тарзи ҳаёт имрӯз низ аҳамияти амалӣ доранд.
Маҳз ҳамин арзишҳои илмӣ ва инсонгароёна боис гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун вориси воқеии ин тамаддуни бузург ташаббуси таъсиси Ҷоизаи байналмилалиро роҳандозӣ намояд. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки давлати тоҷикон ба рушди илм, бахусус соҳаи тандурустӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Зимнан, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат арзёбӣ мегардад, зеро Ҷоиза метавонад ба майдони муҳими байналмилалӣ барои табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти фундаменталӣ ва клиникӣ, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ табдил ёбад.
Ҳамчунин, ин иқдом ба рушди нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима мусоидат менамояд. Муаррифии дубораи номи Абуалӣ ибни Сино дар сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо муаррифии як шахсияти таърихӣ, балки муаррифии фарҳанг, илм ва маърифати миллати тоҷик мебошад. Ин омил метавонад барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва густариши робитаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Фирӯз КОМИЛОВ,
сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд