Мо – табибон, аз ин ташаббус камоли ифтихор дорем, ки вуҷуди Ҷоиза бо номи Абуалӣ ибни Сино дар саросари олам санади ифтихорофарин барои ҳар яки мо низ ҳаст, чун ба ҳар куҷову ҳар кишваре, ки меравад, номи тоҷиконро бо зикри исми Абуалӣ ибни Сино – фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва бо имзои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ хоҳад кард.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро, ки бо ибтикори навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, метавон як падидаи камсобиқа дар ҷаҳони муосир унвон кард. Чунки, баъд аз вуҷуди бемориҳои зиёди сироятӣ, хатари касалиҳои душвортабобат ҷанбаи инсонгароёнаи ин ташаббуси Пешвои миллат боз ҳам бештар гардида, иттиҳоди андешаву орои табибони ҷаҳонро барои талош дар ҳаллу фасли мушкилоти соҳа тақвият мебахшад.
Ба номи фарзанди арҷманди миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки тибби ҷаҳонӣ бо номи ӯ парчами ифтихор барафроштааст, мансуб гардидани ин Ҷоиза аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтихори мардуми мо, омили таъсиргузор ба татбиқи ҳадафҳои наҷиби давлати мо дар соли равнақи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад.
Донишмандони соҳаи тибби ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки муҳимтарин равишҳои пешгирии бемориҳо ва табобат ҳанӯз дар рӯзгори Абуалӣ ибни Сино тавассути корномаҳои амалии ӯ оғоз шуда, тавассути асарҳои ҷовидониаш дар саҳифаҳои таърихи тиб сабт гардиданд.
Ҳоло бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб марҳалаи нави талошу кӯшишҳо баҳри омӯзиши осори тиббии ин пешвои табибони олам фароҳам хоҳад шуд. Нуктаи дигари ифтихорбарангез он аст, ки ҳар кӣ аз саросари дунёи муосир соҳиби ин Ҷоизаи баланд мегардад, мо ифтихор хоҳем намуд, ки номи пири табибони олам миллати тоҷикро дар ҷаҳон маъруфият мебахшад.
Мо – табибон, аз ин ташаббус камоли ифтихор дорем, ки вуҷуди Ҷоиза бо номи Абуалӣ ибни Сино дар саросари олам санади ифтихорофарин барои ҳар яки мо низ ҳаст, чун ба ҳар куҷову ҳар кишваре, ки меравад, номи тоҷиконро бо зикри исми Абуалӣ ибни Сино – фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва бо имзои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ хоҳад кард. Дар канори ин, умедвор ҳастем, ки тавассути татбиқи ин иқдоми бузург, тибби тоҷик бо шаклу шеваи дигар ҷаҳони муосирро тасхир хоҳад намуд.
Абдуфайёз НУРОВ,
ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии
кӯдаконаи Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд, ба номи С. Ӯрунов