Баргашт Чоп кардан

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ. ШОГИРДОН ҲИСОБОТ ДОДАНД


30-юми май бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Бӯйдоқов консерти ҳисоботии шогирдони Коллеҷ баргузор гардид.


Барои тамошои барномаи консертӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" Қурбоналӣ Раҳмонзода, директори Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ Сабоҳат Мирзоева, намояндагони телевизиони "Сафина", як қатор собиқ дастпарварони Коллеҷи фарҳанг, ҳайати маъмурият, устодону донишҷӯён ва дигар ҳаводорони санъату ҳунар ҷамъ омаданд.
Донишҷӯёни соҳибистеъдод дар якҷоягӣ бо устодон ҳунару маҳорати худро манзури ҳозирин гардонданд.
Дар интиҳо директори Коллеҷ ва меҳмонон ба фаъолияти устодону лаёқати донишҷӯён баҳои баланд дода, онҳоро бо сипосномаҳо қадр карданд.


Миралӣ ВОҲИДОВ,
омӯзгори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии
ба номи П. Бӯйдоқов