Дар Тоҷикистон низоми нави рухсатномаҳои электронӣ (Electronic permit System) ва платформаи мутамаркази пардохт ба кор даромад, ки раванди таҳия ва мубодилаи рухсатномаҳои нақлиётиро дар мамлакат сода ва рақамӣ мегардонад.
Ин низом як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани суръат, шаффофият ва бехатарии хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад. Ин ба ширкатҳои нақлиётӣ муҳити бехатар ва ҳамгироишударо барои пешниҳоди дархостҳои дастаҷамъона, идоракунии тақсимоту истифодаи рухсатномаҳо, самаранокӣ ва шаффофияти пардохтҳо фароҳам меорад.
ДУШАНБЕ
Тантанаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Дар Боғи кӯдакони пойтахт чорабинӣ таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд” баргузор шуд. Нахуст, ҳунару эҷод ва дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе намоиш дода шуда, озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва фароғативу варзишӣ бо ширкати кӯдакону наврасон ҷараён гирифт.
Сипас, дар амфитеатри Боғ барномаи фарҳангии идона доир гашт. Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни суханронӣ, аз ҷумла чунин гуфт: “Кӯдакон гулҳои зиндагӣ, маънии ҳаёт ва дар маҷмуъ, дунёи рангину беолоиши мо буда, ояндасозони ҷомеа ва фардои дурахшони башарият мебошанд”.
Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, “Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон” диплому сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои МИМҲД шаҳри Душанбе тақдим гардиданд.
ИСТАРАВШАН
Оғози сохтмони маҷмааи хизматрасонӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсолӣ
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба сохтмони маҷмааи биноҳои бисёрфунксионалии хизматрасонӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд.
Тавре зикр мегардад, иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Усто Солеҳ Азизов бунёд меёбад.
Раҷаб Аҳмадзода, зимни шиносоӣ бо лоиҳа, ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи хушсифат ва нақшу нигори миллӣ дар ороиши дохилу беруни бино дастуру тавсияҳо дод.
ТУРСУНЗОДА
Боздиди раиси шаҳр аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои Коллеҷи тиббӣ
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳр шинос шуд.
Масъулони сохтмон оид ба марҳалаҳои иҷрои лоиҳа, корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъда маълумот доданд.
Таъкид гардид, ки бунёди бинои нави Коллеҷ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони соҳаи тиб ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии таълимӣ мусоидат хоҳад кард.