Баргашт Чоп кардан

ВАҲДАТ САНГИ АСОСИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ!


Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ ва пояи асосии суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ дар ҳар як давлат аҳамияти калидӣ дорад. Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан собит менамояд, ки расидан ба сулҳу субот ва нигоҳ доштани якпорчагии миллӣ раванди осон набуда, балки натиҷаи талошҳои пайгирона, иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат мебошад. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург ва сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.
Солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз буданд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, кишвар ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида, ихтилофҳои динию мазҳабӣ мунҷар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд. Ин ҷанги таҳмилӣ ба иқтисоди миллӣ зарари бузург расонда, ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор шаҳрвандон гуреза шуданд ва инфрасохтори давлатдорӣ қариб аз байн рафт. Маҳз дар чунин шароити бисёр душвор, масъулияти таърихии наҷоти давлат ба дӯши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод.
Бо иродаи матин, шуҷоати сиёсӣ ва дарки амиқи масъулият назди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида, ҳадафи асосии худро барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ эълон карданд. Бо истифода аз усулҳои дипломатӣ ва музокироти созанда тавонистанд, ҷонибҳои даргирро ба мизи гуфтушунид оваранд. Хушбахтона, ин раванд, ки бо душвориҳои зиёд ҳамроҳ буд, ниҳоят ба натиҷаи мусбат оварда расонд.
Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ дар роҳи расидан ба сулҳ имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ба шумор меравад. Ин санади тақдирсоз, ки бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба тасвиб расид, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, заминаи боэътимоди сулҳу суботро дар кишвар гузошт. Баъд аз имзои Созишнома раванди барқарорсозии давлатдорӣ оғоз гардида, марҳалаи нави рушди миллӣ оғоз ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ваҳдат на танҳо натиҷаи як давраи таърихӣ, балки равандест, ки нигоҳдорӣ ва рушди пайвастаро талаб мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, аҳамияти ваҳдат боз ҳам бештар мегардад.
Маҳз ба шарофати сиёсати дурбинона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист аз вартаи буҳрон раҳо ёфта, ба роҳи рушди устувор қадам гузорад. Бинобар ин, ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо бояд ҳамеша ҳифз ва тақвият дода шавад, зеро ояндаи дурахшони давлат ва саодати мардум аз он вобастагии амиқ дорад. Танҳо бо нигоҳдории ин арзиши муқаддас мо метавонем рушди минбаъдаи устувор ва зиндагии шоистаро барои наслҳои оянда таъмин намоем.


Ёқуб НЕЪМАТЗОДА,
муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия