Дар ноҳияи Лахш рушди соҳаи фарҳанг хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамзистии солиёни дарози тоҷикону қирғизҳо дар ин диёр ба муносибати хешутаборӣ табдил ёфтааст. Фарҳанги ин ду миллат ба ҳам омезиш ёфтааст ва ҳунарҳои мардумии онҳо ба муаррифии бештар ниёз доранд. Меҳмонони дохиливу хориҷӣ, ки ба ноҳия меоянд, аз расму оинҳои мардумии ноҳия таассуроти ҷолиб мебардоранд. Дастгирии соҳаи фарҳанг ба рушди сайёҳӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои водии Рашт моҳи сентябри соли 2024 ба сохтмони биноҳои қасри фарҳанг ва Мактаби бачагонаи санъат дар маркази ноҳияи Лахш санги асос гузошта, ба масъулин ҷиҳати дастгирии соҳаи фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раҳимзода Носир Мизроб, муовини раиси ноҳияи Лахш, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ҳамин мавзуъ ибрози андеша кард. Ба гуфтаи мавсуф, солҳо боз мардуми ноҳия дар орзуи доштани чунин бино буданд. Бахши фарҳанги ноҳия дар собиқ бинои беморхона, ки фарсуда ва корношоям гардида буд, фаъолият мекард. Барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори он имкониятҳо маҳдуд буданд. Хушбахтона, ин масъала аз мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонд. Пешвои миллат зимни сафари кориашон ба ноҳия дар маросими гузоштани санги асоси ду иншоот барои босифат ва дар сатҳи баланд сохтани онҳо ба масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд.
Фармоишгари ин биноҳо Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз тарафи ҶДММ “Осим иншоот” ба маблағи 2950000 сомонӣ бунёд мегарданд. Мувофиқи лоиҳа, толори бинои қасри фарҳанг 470 ҷойи нишаст дорад ва аз толори хурду ҳуҷраҳои корӣ иборат аст. Мактаби бачагонаи санъат низ дуошёна буда, бо сифати хуб сохта шуда истодааст.
– Қисми зиёди корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо ба анҷом расида, дар рӯзҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва орзуи чандинсолаи сокинон, аз ҷумла аҳли зиё ва фарҳанги ноҳияи Лахш, амалӣ хоҳад шуд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Носир Раҳимзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”