Баргашт Чоп кардан

БИШКЕК. ИШТИРОКИ СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ ДАР ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯ ВА РАИСОНИ БОНКҲОИ МАРКАЗӢ (МИЛЛӢ)-И ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ


Чанде пеш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуд.


Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ дар доираи СҲШ, рушди механизмҳои нави ҳамкорӣ бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмон, масъалаҳои мубрами низоми молиявии байналмилалӣ, рақамикунонии молияи давлатӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва тадбирҳои таъмини суботи молиявӣ, инчунин, раванди машваратҳо оид ба таъсиси Бонки рушди СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сироҷиддин Икромӣ оид ба вазъи кунунии иқтисодиёт ва низоми молиявии кишвар, натиҷаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва тадбирҳои роҳандозишуда ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум, таъмини суботи молиявӣ ва таҳкими устувории низоми бонкӣ ибрози назар намуд.
Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи пайгиронаи ислоҳотро дар самтҳои такмили низоми назорати бонкӣ, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири сиёсати макропруденсиалӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамии молиявӣ идома медиҳад. Ҳамзамон, аҳамияти густариши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ, мутобиқати низомҳои миллии пардохтӣ, рушди пардохтҳои фаромарзӣ ва тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ-ро ёдовар шуд.
Иштирокдорон, инчунин, масъалаҳои рушди технологияҳои молиявӣ, истифодаи воситаҳои инноватсионӣ дар бахши молия, мубодилаи таҷриба дар самти асъори рақамии бонкҳои марказӣ ва таҳкими амнияти кибериро баррасӣ намуданд.
Онҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд барои таҳкими суботи молиявӣ, рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай иброз карданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо муовини раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қозубеков Азат Айбекович баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Қирғизистон, масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, суботи молиявӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, комплайенс ва густариши табодули таҷриба мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни ду ниҳод изҳор доштанд.
Боиси зикр аст, ки ҷаласаи имсолаи СҲШ дар соли таҷлили 25-солагии таъсиси Созмон баргузор гардида, барои баррасии масъалаҳои мубрами иқтисодию молиявии давлатҳои аъзо заминаи мусоид фароҳам овард.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”