Ин ҳақиқат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рақам хӯрда, ки маҳз бо талошҳои хастанопазир ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли мо аз вартаи нобудӣ то ба як давлати устувор шакл гирифта, имрӯз ҳарфи аввали сулҳ дар ҷаҳонро мегӯяд. Оре, се даҳсола пеш касе бовар надошт, ки Тоҷикистони гирифтор ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯзе дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ҷойгоҳи баланд касб намуда, гузашта аз ин, ба як кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ табдил меёбад.
Таърихи даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки Президенти маҳбуби кишвар аз оғози фаъолияти бобарори раҳбарии худ, роҳи наҷот аз тӯфонҳои замон ва рушди ҷомеаро дар истеҳкоми сулҳу ваҳдат мебинанд. Пойбандӣ ба ҳамин асл ва хиради азалии Роҳбари давлат буд, ки мо аз як давраи торики таърих ба шоҳроҳи саодат ва камоли маънавии миллӣ расидем.
Ҳоло аз баракати сулҳу субот ва ҳамдилии мардум дар татбиқи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои истиқлоли давлатӣ сол ба сол бештар мегарданд. Аз ҷумла, айни замон дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои ободониву созандагӣ вусъат дошта, дастовардҳои нав ба нав рӯйи кор меоянд. Маҷмуи дастовардҳои дохилӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар низоми сиёсати хориҷӣ ҳам ба музаффариятҳои қобили мулоҳиза даст ёфта, мавқеи худро дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускору мунодии сулҳ қавитар месозад.
Муроди мо аз иншои матлаб ин аст, ки бояд бо камоли ифтихор аз обрӯву эътибори афзояндаи давлат ва Роҳбари хирадпешаи худ дар ҳифзи неъматҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар фаъол бошем ва дар рушду ободонии сарзамини биҳиштосои худ саҳми бештар гузорем.
Таъкиди ин нукта ба он хотир аст, ки зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир дар шаклҳои нав идома дошта, дар сурати ғафлат ва ноогоҳӣ метавонанд, субот дар дилхоҳ ҷомеаро ба ҳам зананд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат дар мавриди ҳушёриву зиракии сиёсиро дастури кор қарор дода, фирефтаи ҳеҷ як гурӯҳи манфиатхоҳ нашавем. Гузашта аз ин, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аз худ нақше боқӣ гузорем.
Қудратулло САФАРЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе