Баргашт Чоп кардан

УМАРИ КОБУЛӢ. ШОИРИ ШИРИНБАЁНИ КАМОШНО


Адабиёти форсу тоҷик яке аз куҳантарин ва ғанитарин адабиётҳои ҷаҳон ба шумор рафта, он на танҳо аз лиҳози муҳтавою маънӣ, балки аз ҷиҳати шумораи зиёди шоирону донишмандон сернамояндатарин дар олам аст. Тули беш аз даҳ аср ҳазорон шоиру ориф, мутафаккир ва нависандагон аз Балкану Қафқоз то Ҳиндустону Покистони кунунӣ бо ин забони шевою ғанӣ асар офаридаанд.


Мутаассифона, дар ҷаҳони адабиёти форсу тоҷик ҳанӯз ганҷҳои нуҳуфтаи номаълум зиёданд. Дар натиҷаи заҳмати пажӯҳишгарон, намунаҳое аз ин ганҷҳо ошкор шуда, маҳсули эҷодиашон пешкаши дӯстдорони адабиёт мегардад.
Чунончи, чанде пеш бо кӯшиши адабиётшиноси маъруфи кишвар, Алии Муҳамма дии Хуросонӣ ва муҳаққиқи варзида Меҳриддин Ғиёсӣ «Девони ашъор»-и шоири то ҳол барои аксарият номаълум – Муҳаммад Умари Кобулӣ ба табъ расид.
Муҳаммад Умари Кобулӣ аз адибони баркамоли асри XIX адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафта, аз суханварони камшинохтаи ин адабиёт аст, ки девони ашъораш бори нахуст дар заминаи ду нусхаи маҳфуз дар Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чоп расид. Тавре муҳаққиқон дар дебочаи китоб навиштаанд, шоир бо тахаллуси «Умар» шеър гуфта, девонаш аз қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, мухаммас, таркиббанду тарҷеъбанд, маснавиҳои хурд, қитъаҳои таърихӣ ва шеъре дар баҳри тавил иборат аст.
Муҳаммад Умархон зодаву парвардаи гузари Девонабегии Кобул буда, дар ин бора чунин мефармояд:
Донам ашъори ту оламгар хоҳад
шуд Умар,
Инчунин шуҳрат, ки андар шаҳри
Кобул кардаӣ!


Шоир ва тазкиранигор Холмуҳаммади Хаста дар тазкирааш «Ёде аз рафтагон» навиштааст, ки Умархони Умар баъди фарогирию анҷоми таҳсилот бо доштани лаёқати шоиста соли 1260 ҳиҷрӣ-қамарӣ (1843 милодӣ) ҳокимии Кирам ва соли 1261 (1844 милодӣ) ҳокимии Тахтапули Афғонистонро бар дӯш дошт. Соли 1266 (1849 милодӣ) амир Дӯстмуҳаммадхон дар Хуф ҳокими кулли Туркистони Афғонистон таъин гардида, Умархони Умарро муовини ҳукумату муншии хос муқаррар кард. Шоир дар ҳама ҷо, зимни адои масъулият худро дур аз зодгоҳ ва ёру дӯстон дида, аз чархи ҷафокор шиква намудааст:
Чи гӯям бар ту, ай чархи ҷафокор,
Ки бар ҷонам расид аз ту сад озор.
Зи ёрон то маро бегона кардӣ,
Ба андуҳу ғамам ҳамхона кардӣ.
Ғами ёрон ба дил модом дорам,
На шаб хобу на рӯз ором дорам.


Умари Кобулӣ дар баробари корҳои давлатӣ аз оғози толибилмӣ то охири умр ба гуфтани шеър машғул буда, дар андак муддат ҳамчун шоири ҳирфавӣ шинохта шудааст. Қисми зиёди ашъори ӯро ғазал (беш аз 950-то) ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, Муҳаммад Умар аз баҳри бекарони ғазали форсии тоҷикӣ ва устодони баркамоли ғазалгӯй Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон баҳраҳои судманд бардоштааст. Чунончи, худи шоир мегӯяд:
Гар чун Камол рафтам аз кӯйи ӯ, Умар, дӯш,
Аммо зи дил бирафтам, ин узрхоҳиям бас!


Дар ҷойи дигар фармудааст:
Мисраи Соиб маро саршор дорад, ай Умар,
«Олам аз ҷӯши нишот афтода, дар
ҷӯшем мо!».
Муҳаммад Умар чун дигар шоирони классики форсу тоҷик хонандаро ба ахлоқи ҳамида даъват намуда, ба мардум аз сифла (паст) дур буданро таъкид мекунад:
Ба сифла макун дӯстӣ зинҳор,
Шунав панд аз ман, агар зиракӣ.
Ту бар сифла олам бибахшӣ агар,
Наояд фурӯ ӯ зи хӯйи сагӣ.


Метавон гуфт, ки аз баракати меҳнати ин гуна адабиётшиносон пайванди наслҳои имрӯза бо мероси фаромӯшшудаи фарҳангӣ пойдору бардавом хоҳад монд.


Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»