10 соли охир дар қаламрави Тоҷикистони азизамон марҳалаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Маҳз дар ду панҷсола дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи ҷашнҳои 30 ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар бо бунёди иншоотҳои барои хоҷагии халқ муҳим орзуву ормонҳои садсолаҳои мардум амалӣ гаштанд.
Ноҳияи Рашт дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо баракати ин Ҷашни миллӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, бахусус маркази он – шаҳраки Ғарм, симои худро ба куллӣ тағйир додааст.
Тавре Ҳамдулло Шарифзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 404 иншоот пешбинӣ гардида, то ҳол 298-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 221, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 10, ҳамбастагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ 9, шарикони рушд 23 ва ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 15 иншоот амалӣ мегардад.
– То имрӯз корҳои сохтмонии 41 иншоот дар соҳаи маориф, 13 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 47 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 12 хатти оби ошомиданӣ, 14 чоҳи амудӣ, 22 лоиҳаи таъмир, дар масофаи 36 километр асфалтпӯш намудани роҳҳо, 4 бинои маъмурӣ, 19 иншоот дар соҳаи варзиш, 7 пули мошингузар, 7 истгоҳ, 6 иншооти чароғонкунӣ, 5 лоиҳаи хатти барқ, 2 фермаи мурғпарварӣ, 15 корхонаи истеҳсолӣ, 4 ҳавзи моҳипарварӣ, 2 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 2 лоиҳаи бартарафсозии офатҳои табиӣ, таъмиру барқарорсозии 4 пойгоҳи обкашӣ, гармхона, 5 бинои истиқоматӣ, ҳаммом ва 37 иншооти таъиноти дигар ба маблағи 154660 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидаанд. Айни замон сохтмони 106 иншоот идома дошта, оғози корҳои сохтмонӣ дар 20 иншооти дигар имсол дар назар аст, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳ. Шарифзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”