Баргашт Чоп кардан

ГӮШТИИ ТАРЗИ ОЗОД ВА ЮНОНӢ-РИМӢ


Чор медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Чемпионати Осиё
28-31-уми май дар шаҳри Дананги Ветнам Чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасону ҷавонон доир гашт.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштиҳо (UWW), дар мусобиқа варзишгарони 25 давлати қора барои ҷоизаҳо талош карданд. Дар ҳайати Тоҷикистон Маҳдӣ Баротов (60 кг), Амирҷон Обидов (65 кг) дар риштаи юнонӣ-римӣ, Муслиҳиддин Ҳоҷиев (45 кг) ва Идрис Баҳромов (71 кг) дар риштаи тарзи озод миёни наврасони то 17-сола ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гаштанд.


Абдулмаҷид Кудиев – ғолиби Гран-при дар Намангон
Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон Гран-при оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ доир гашт.
Дар мусобиқа, ки бори сеюм баргузор шуд, ҳудуди 400 паҳлавон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Малдова, Англия, Тайпейи Чин, Урдун, Арабистони Саудӣ, Беларус, Туркия ва Федератсияи Россия ширкат доштанд.
Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) дар риштаи тарзи озод ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ду паҳлавони дигарамон – Исмоил Картоев (97 кг) медали нуқра, Сомонҷон Икромов (86 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр шуданд. Ба барандагони медали тилло 25 млн сӯм (тақрибан 20 000 сомонӣ), медали нуқра – 15 млн (11500 сомонӣ) ва медали биринҷӣ 7 млн сӯм (5400 сомонӣ) тақдим гардид.


ҶУДО
12 медали паҳлавонони кишвар дар Ҷоми Осиё
28-31-уми май дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон Мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби кишвар сазовори 12 медал гардид.
Дар Мусобиқа беш аз 1000 варзишгари 12 кишвар иштирок кард. Аз ҷумла, Тоҷикистонро беш аз 200 варзишгар намояндагӣ кард: миёни наврасон (то 18-сола) 108 варзишгар (101 писар, 7 духтар), миёни ҷавонон (то 21-сола) 107 варзишгар (101 писар, 6 духтар).
Дастоварди асосии даста медали тиллои Александра Кан дар вазни 57 кг миёни ҷавонон буд. Варзишгардухтари тоҷикистонӣ дар ҳама зӯрозмоиҳо пирӯз шуд ва дар финал намояндаи Қирғизистонро мағлуб кард. Дар ин синну сол Исмоил Бурҳонов (-100 кг), Ардашери Ҳамза (-90 кг) медали нуқра, Панҷшер Муъминов (-90 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (-66 кг) ва Ёсин Бобокалонов (66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҷудочиёни навраси кишвар ба гирифтани панҷ медал мушарраф гаштанд. Муҳаммаданис Солиҳов (-55 кг), Исомуддин Қосимов (-60 кг), Райҳона Розиқзода (-52 кг) медали нуқра, Армон Сафаров (-60 кг) ва Шамил Исмоилов (-66 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Чунин мусобиқа аз 9 то 12-уми июн дар Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 60 варзишгари наврасу ҷавон ширкат менамояд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”