Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ГИРОМИДОШТИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ


19-уми май. Руҳи поки қаҳрамонҳо, муште аз хоки онҳо ба Ватан омад. Ҳамонҳое, ки барои ҳастии ин миллат ҷон канданду ҷон доданд.
Аз лаҳзае, ки ин хабарро шунидаам, ҳисси ногуфтание дорам: ҳам ифтихор кардам ва ҳам барои саргузашти торашон дилам таҳ хӯрд. Ҷасорату мардонагиашон дар пеши чашм, таърихи он замон як-як аз навори хотира мегузарад...
Ниҳоят, ин субҳ фазои баъдиборониву тоза ва ороми Душанбе муште аз хоки ин абармардонро ба оғӯш гирифт. Қариб пас аз як аср онҳо ҳамчунон босалобат ва сарбаланд ба Тоҷикистони азизашон омаданд. Чи пазмоние ва чи шукӯҳи омадан...
Ба пешвозашон Пешвои миллат то пояи тайёра рафтанд, бо як олам ифтихор нисбат ба насли қаҳрамон. Бо ҳама бузургӣ сари таъзим фуруд овардаву муште аз хоки онҳоро ба зодгоҳ, меодгоҳашон қабул карданд, балки онҳоро ба сарзамини аҷдодиашон хушомадед гуфтанд. Ҳамин аст қаҳрамонии дигари Қаҳрамони Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳам хотираи ин шахсиятҳоро пос доштанду номашонро зинда карданд ва имрӯз бо ибтикорашон муште аз хокашон ба хоки поки ин Ватан омехта шуд. Ормонашон қариб пас аз як қарн ҷомаи амал пӯшид.
Ба чеҳраи пурнури Ҷаноби Олӣ менигарам, ки аз дидори ватандорон дар Ватан шоданд; ҳисси ифтихор доранд, аммо ин шодӣ бо андуҳи гарони дирӯз пайванд аст. Дарди дирӯзи ҳасратбору сурури имрӯзи нусратбор ба ҳам омехтааст.
Ҳамин лаҳзаҳо чеҳраи босалобати Нусратулло Махсум пеши назар меояд, ки дар замони Шуравӣ нахустроҳбари давлати тоҷикон буду дар таъсиси он хидматҳои шоёне кард: барои ба ҷумҳурии мустақил табдил додани Тоҷикистон, босавод кардани аҳли ҷомеаву ташкили сохтори нави давлатдорӣ. Акнун, пас аз гузашти солҳо ба мазраи ормонҳояш меояд, ки ҳам мустақил асту сари ҳар қадам як мактабу кӯдакистон, мулк ободу зиндагӣ ором.
Ёди Шириншоҳ Шоҳтемур маро ба Бадахшон, ба хонаи урфии модарии ӯ мебарад, ки дар он либосҳояш то ҳол овезонанд. Дар ҳамин хонаи хурд як марди бузург тарбият ёфтаву дар ҷавонӣ ба яке аз марказҳои сиёсии давр – Тошканд, мепайвандад. Дар солҳои тираву хира ояндабинона кор кардаву барои ташкили Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон саҳм гузошт; барои ҳифзи забону асолати он ҷонбозиҳо кард, сарбаланд зери дор рафт, имрӯз ҳамчунон бо сари боло ба Ватан, ба хонаи худ омад...
Арҷгузорӣ ба шахсияти Нисор Муҳаммад исботи таваҷҷуҳи бесобиқаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи илму маориф аст, ки ҳар кӣ бо нури илм роҳи ояндаи миллатро рӯшан кард, қадр мешавад. Дар ин росто, хидматҳои Нисор Муҳаммад барои тарбияи кадрҳои миллатнигоҳдору давлатсоз хеле бузург аст. Зеро дар он замони ҳассос маҳз ҷомеаи огоҳ ва насли босавод метавонист дар бари Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдулқодир Муҳиддинов, Чинор Имомову дигарон истодаву дар бунёди Тоҷикистони навин ҳиссаи арзанда гузорад.
Замоне ҳамин абармардон қурбони туҳмату дасисаҳо гаштанд... Имрӯз бошад, он Ватане, ки барои якпорчагиаш ҷон фидо карданд, шукр соҳиб дорад ва аз гузаштагони худ шоиста пуштибонӣ мекунад. Ин абармард Пешвои муҳтарами миллатанд, ки қаҳрамониҳояшон гаштаву баргашта тасдиқ мегарданд.
Ба туфайли хиради волои Сарвари давлат, имрӯз қаҳрамонҳои дур аз Меҳан ба Меҳан омаданд, дар баландии Лучоб ором гирифтанд, то азамату нусрату зафари Ватанашонро дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бубинанд ва бо ворисони созандаашон ифтихор кунанд. Имрӯз қаҳрамонҳои Ватан аз дили хок бо ҳарфҳои Ҳабиб Юсуфӣ садо баланд мекунанд:


Ватанро бинозам, маро дар канор
Чу модар гирифту намуд
бахтиёр.


Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»