Баргашт Чоп кардан

РОЗЕ ДОРАМ, КИ БОЗ НАТВОНАМ ГУФТ


Эрон барои мардуми мо кишвари умед аст. Ҳақиқати таърихӣ, ки таъсири тамаддунии миллати тоҷикро аз сарзамини аҷдодӣ то ба соҳилҳои баҳри Хазар дар шимол, халиҷи Уммон ва халиҷи Форс дар ҷануб паҳноӣ додааст, боиси ифтихори халқи мост.
Арнолд Тойнбӣ (1889 – 1975, таърихнигор ва файласуфи англис) дар асари машҳури худ «Манфиати таърих» умри сайёраи Заминро 4 миллиард сол мешуморад ва вуҷуди ҷомеаи башариро чор ҳазор сол.
Албатта, сохти давлатдорӣ барои ҳамаи миллатҳо доимо яксон набудааст. Аммо муҳим он аст, миллатҳо бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва забон, ки муҳимтарин ҷузъи он аст, абадият доранд ва ин ҳақиқати бебаҳс мебошад.
Лутсий Плутарх (олими Юнони Қадим) фармудааст: ҳангоми омӯзиши таърихи башарӣ, мебояд маҷмуи зуҳуротеро, ки дар олами ҳастӣ аломати қаробат нишон медиҳанд, ҳамчун мавзуи умумии тадқиқ қарор дода, онҳоро зери мантиқи як ибтидо ва қонунмандӣ ба самти созгорӣ ва комгорӣ ҳидоят намуд.
Ҳангоми адои хизмати дипломатӣ, мо тибқи имконот, бо ҳукумат ва вазоратхонаҳои гуногуни Эрон равобити корӣ барқарор намуда, табодули афкор ва муҳокимаи рушди равобити дуҷонибаро ҳамчун самти муносибот қарор медодем.
Ҷониби Тоҷикистон аз тарафи масъулони эронӣ хуб ва бо эҳтиром истиқбол мешуд. Ҳамкорӣ дар ин кишвар барои мо муқаддимаи гуворо дошт.
Ба фикрам, дар дунё дигар миллатҳое вуҷуд надоранд, ки мисли тоҷику эронӣ аз лиҳози забонӣ якдигарро чунин хуб фаҳманд.
Бо гузашти ду даҳсола аз хизмати дипломатӣ дар Эрон, вақте ман дар Анқара бо вазирони турк суҳбат мекардам, онҳо гуфтанд, ки аз Осиёи Марказӣ мо фақат бо Шумо бидуни тарҷумон суҳбат мекунем. Бо чор бародари турктабори минтақаи Осиёи Марказӣ, бидуни нафари сеюм, яъне тарҷумон мулоқот карда наметавонем.
Аммо мо бошем, бо ҳамкорони турк барои он якдигарро хуб мефаҳмидем, ки ба забони англисӣ суҳбат мекардем.
Қонунмандии дарки муҳити атроф донистани алоқаҳо, муносибатҳо ва миёнҷигариҳост.
Ҳангоми омӯзиши Эрон ва умуман, кулли воқеияти ҳастӣ, ман ҷонибдори ақидаи файласуфи Юнони Қадим Гераклит ҳастам, ки ташаккулро ҷараёни қатънашаванда ва беохир мешуморад. Ба андешаи Гегел, он чизе то ҳол вуҷуд надорад, дар он ташаккул оғоз шудааст. Дар он ҷойе, ки ташаккул оғоз шудааст, аллакай, зуҳурот арзи вуҷуд мекунад.
Чунин муайянкунии ашё хосси тамоми мавҷудот аст. Бошад, ки ин навъи такомул ба мардуми ориётабор таъсири бунёдӣ расонад.
Аммо бидуни донистан, дарки таърих, ояндабинии воқеият ва имконоти стратегӣ ғайриимкон аст.
Бе сафар кардан ба ноҳия ва шаҳру вилоятҳои мамлакат, омӯхтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мадании кишвар, анъана ва урфу одатҳои миллӣ, ривоҷ додани муносибатҳо бо кишвари иқомат қобили тасаввур нест.
Дар ин масъала, Вазорати корҳои хориҷии Эрон саъй мекард. Мо ҳам бо дастгирии сарвари намояндагӣ чунин сафарҳои дипломатиро ташаббускорона ташкил мекардем.
Ҳамин тариқ, ба шаҳрҳои Рай, Қум, Исфаҳон, Рафсанҷон, Кошон, Шероз, Бандари Аббос, Бушеҳр, Ҳузистон, Исломшаҳр, Бруҷерд, Омул, Гургон, Тунукобон, ҷазираҳои Кешм, Киш ва бисёри дигар манотиқи Эрон сайру сафарҳо доштем.
Махсусан, сафарҳое, ки ғайрирасмӣ, бидуни таоруфот ва истифода аз ташрифоти дипломатӣ, ба тарзи одӣ, мисли шаҳрванди кишвари иқомат сурат мегирифт, ҷолиб буданд.
Ҳангоми саёҳат дар ҳар шаҳр муддати як шабонарӯз сукунат ва сайру гашт мекардем. Бо ҷойҳои таърихии он шинос мешудем. Дар боғу бӯстонҳои маъруф, соҳили рӯдхонаҳо ва баҳру халиҷ қадам мезадем. Ба меҳмонхона вақте бармегаштем, ки Офтоб ғуруб мекарду шом фаро мерасид.
Тамоми гӯшаву канори Эрон мавзеи сайёҳӣ аст. Барои мо зиёрати мақбараҳои шоирони бузург Абуалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Насриддин Асадии Тусӣ, Толиби Омулӣ, Асадуллои Кошонӣ, Бобо Тоҳири Урён, қасру кӯшкҳои Исфаҳон, Тахти Ҷамшед, Кӯҳи Бесутун, иншоотҳои таърихии Зояндарӯд, девори навиштаҷоти қадимаи шоҳ Дорюш, бозорҳои ҳунармандон, косибон, табиати нотакрори Мозандарон, қариб ҳамаи нуқоти Эрон, ки аз таърихи шашҳазорсолаи мардуми эронзамин шаҳодат медиҳанд, ҷаззобияти хос дошт.


ЧУ ЭРОН НАБОШАД, ТАНИ МАН МАБОД
Барои мо, тоҷикон мавҷудияти Эрон ҳамчун кишвар ва миллати бародар, воқеан, муҳим аст.
Таърихи миллат – бунёдгузори ҳувияти миллӣ, омили асосии шаклгирии характери миллӣ аст.
Бузургтарин фоҷиаи мардуми эронинажод шикасти империяҳои давлатдории он – сулолаҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Сомониён буданд.
Махсусан, шикасти сулолаи Сосониён (асрҳои III-VII, аз замони Ардашери Бобакон то Фаррухзоди Хусрав (Хусрави V)), ки бар асари он истилогарон бар Эрон ва Осиёи Марказӣ тасаллут пайдо карданд, идеология, маънавиёт, урфу одат ва тарзи зиндагии як миллати бузург дар чаҳорчӯбаи дидгоҳи аҷнабиён тағйир пазируфт.
Ин падида барои мардуми ориёӣ ба ҳазор сол ва зиёда аз он фоҷиабарангез боқӣ монд.
Таназзули империяи Сомониён, бедавлатии асрҳо идомаёфтаи миллати тоҷик, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва хатарҳои воқеии имрӯза ба давлатдории миллии тоҷикон ҳам аз ҳамон фоҷиаи бузург сарчашма мегирад. Он шикасту рехт то ҳол тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда, мақсаднок идома дорад.
Парчами мардуми ориёнажодро бо сипарӣ гаштани беш аз якуним ҳазор сол, бори дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонмандона баланд бардошт.
Яке аз бузургтарин ифодаҳои диалектикӣ дар табиат, ҷамъият ва тафаккур назария ва амалияи инъикос аст. Он маҷмуи таъсири мутақобилаи табиат ба ҷамъият ва баръакс мебошад.
Маҷмуи таҷрибаи таърихӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ – сохтор, мундариҷа ва муҳтавои маънавиёт, характери миллии мардуми Эрон, ҳамчун ҳолат ва ҷараён дар замони муосир инъикос меёбад. Инро мо дар анъана, урфу одат ва хислати мардуми бародари Эрон баръало мушоҳида мекардем.
Мо характери миллии эрониёнро дар шаклҳои устувори ҷаҳонбинӣ, афкор, андеша, гуфтор, рафтор, анъана ва урфу одатҳое медидем, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои таърихии асрҳои аср шаклгирифтаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар муносибати ин миллат, афроди алоҳида нисбат ба хеш, муҳити атроф, халқ ва миллатҳои дигар, хусусан, мо, тоҷикон ифода меёфт.
Албатта, характери миллӣ маҷмуи зуҳуроти маънавӣ ва амалӣ мебошад, ки ҷузъиёти такроршавандагӣ доранд. Тағйири он дар муддати даҳсолаҳо тақрибан ғайриимкон аст.
Муҳимтарин омили таҳаввул ва эволютсияи он, тағйири сохти сиёсӣ, иқтисодӣ ва дараҷаи маърифатнокии миллат дар тули даҳсолаҳост. Куллан, ба тарзи мутлақ тағйир додани характери як миллат имкон надорад. Дар чунин ҳолат он миллат нест.
Дар сохтори характери миллӣ, тарзи инъикоси олами ҳастӣ, ангезаи рафторҳо, ҳиссиёт, арзишҳои моддӣ, маънавӣ, шакли миллии бархӯрд ба муҳити атроф, ақл ва фаросати умумӣ дохил мешаванд. Ҷузъиёти муҳимми характери миллӣ эҳсос ва масъулияти нигаҳдории мансубият ба умумияти генетикӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Эрониҳо аз қадимтарин мардумони сайёраанд. Таърихнигорон исбот кардаанд, ки аҷдодони форсҳои қадим – ориёиҳо буда, ба сарзамини ҳозира дар ҳазораи дуюми то замони мо омадаанд. Албатта, ин сарзамин борҳо ҳадафи тохту този аҷнабиён қарор гирифтааст, ки чунин рӯйдод бидуни таъсири этникии дигар қавму нажодҳо намондааст.
Лекин исбот гаштааст, ки дар замони ҳозира то 61% сокинони Эронро форсҳо ташкил мекунанд. Баъди форсҳо, озариҳо аз калонтарин майдамиллатҳо ҳастанд, ки дар ин сарзамин ба сар мебаранд. Онҳо аз 16 то 35% аҳолии Эронро дар бар мегиранд. Ҳамчунон, курдҳо, арманиҳо, туркманҳо ва чанд гурӯҳҳои этникии дигар аз ҷузъиёти мардуми Эрон мебошанд.
Бузургтарин ифтихори миллии эрониҳо империяҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониҳо, Сомониён ва замони гул-гулшукуфоии илм, маърифат, адабиёт ва санъат дар асрҳои Х–ХI мебошад. Ин ифтихор ҳувияти миллии эрониҳоро то замони мо нигоҳ доштааст.
Вобаста ба мушкилоти иқлим, норасоиҳои об, заминҳои корами мусоид барои зиндагии бофароғат, эрониҳо аз худ мардумони муассир ва меҳнатқаринро ба намоиш мегузоранд.
Дар Эрон бекорӣ вуҷуд дорад. Аммо мардум бекор нестанд. Барои худ касбу коре пайдо карда, шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Агар каме дуртар аз Теҳрон, ба шаҳри Рай сафар кунед, мебинед, ки дар хонаҳо зану мард, пиру барно ба қолинбофӣ машғуланд ва Эронро бо ин маҳсули дасти хеш маъруфи дунё гардонидаанд.
Ҳам дар Теҳрон ва ҳам дар атрофи он тоҷикон хеле зиёд ба сар мебаранд. Онҳо аз тоҷик будани худ ифтихор доранд. Мавзеъҳои асосии тоҷикнишин вилояти Хуросон, Шероз ва Исфаҳон мебошанд.
Аз он ки Саъдии Шерозӣ худро тоҷик меномад, ифтихори миллӣ ва як қавм будани миллати тоҷику форсро нишон медиҳад.
Эрониҳо тиҷорат ва савдо карданро дӯст медоранд. Санъати бузурги ҷалб кардани харидорро доранд. Агар қиматтарин маводро дар мағозаҳои Эрон пурсед, мегӯянд:
– Оғо! Хода вакели (яъне Худо шоҳид аст, ки...) ғобилии Шомару недоре! Мейли худетун ҳаст диге, бегӣ, чаро мипорсӣ? Азизам!!!
Вақте савдогар аниқ кард, ки шумо харидори воқеӣ, илова бар он, хориҷӣ ва ба замми он каме содаю зудбовар ҳам ҳастед, нархи чизи одиро даҳ баробар эълон мекунад. Аммо чун шуморо ҷиддӣ ва дониста дарёфт кард, савдо шакли нисбатан воқеиро мегирад.
Аммо хислати савдогари эронӣ ин аст, ки ҳаргиз аз дукони ӯ харидор, гарчӣ кораш барор нагирад ҳам, норизо намеравад. Бо як сухани нек, як пиёла чой дили муштариро ба даст меорад. Чунин хислати нек, дигар дар ягон гӯшаи дунё ба назар намерасад.
Мардуми Эрон хеле боодоб ва хушмуомилаанд. Дар меҳмондорӣ, рафоқат, ҳамраъйӣ, дастгирӣ ва мадади сайёҳон, мусофирон, одамони навомӯхт ҷони одаманд.
Чун ман аз аввал сайру саёҳатро дӯст медоштам, дар Эрон ҳам барои иҷрои вазифаи хизматӣ ва ҳам барои сафарҳои дипломатӣ, ки аз дидану донистанҳо ва кишваромӯзӣ иборат аст, бо аҳли хонавода ба тамоми гӯшаву канори мамлакат сафарҳо мекардем.


БИЁБОНИ БЕОБУ ГАРМОИ САХТ
Барои шинохти Эрон, мардумшиносӣ ва дарки вазъи воқеии зисти одамон, тавре хотирнишон гардид, мо имкони худро ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ истифода мебурдем. Ин иқдом таассуроти хуб мегузошт ва ҳамчун беҳтарин хотирот боқӣ мемонд.
Боре ман аз дӯстони эронӣ пурсон шудам, ки беҳтарин ҷойҳои тамошобоби кишвар кадом минтақаҳоянд. Онҳо ба ман маслиҳат доданд:
– Оғо, аге мейли дедани Беҳиштро дорӣ, баҳору тобестону пойез бру Шемол, бе Мозандерун. Аге мехой, ки боре ҳам Дӯзахро бебинӣ, бру бе Аҳвоз. Ва зуд таъкид мекарданд:
– Ҷунам, аммо меслеҳат нист, о, ки тобестун ун ҷо сефери доште башӣ-ҳо! Маге дар зерурет, териғи ҳевопеймо, ҳемегӣ бе ченд соат! На зиёде аз он, - о! Бобо! Мотеваҷҷеҳ мешӣ, чӣ мегам? Хода некарде, коре неконе, ки... – яъне таъкид мекарданд, тобистон рафтан ба Аҳвоз маънои рафтан ба Ҷаҳаннами ҳақиқиро дорад.
Ривояте роиҷ буд, ки ҳангоми ҷанги Эрону Ироқ дар фасли гармо, сарбозҳо болои танкро бо равған пок мекардаанд. Тухми мурғро дар ҷойи ҳамвории танк зада мешикастаанд, дар ду дақиқа тухм ранг гирифта, пухта мешудааст.
Гармтарин моҳи тобистон июл аст.
Ман қарор кардам, ки ғайр аз моҳи июл, дар дигар фасл рафтан ба Аҳвоз, маънии он мулкро на дидан ва на фаҳмидан аст.
Омодагӣ дидам.
Даруну беруни мошини майдаи куҳнаи бе кондитсионери «Тойота Королла»-ро, ки дар синну сол аз мошини қаҳрамони филми «Бандии Қафқоз» Едик (ронандаи аввалини он мошин Абу Ҳасан ибни Бей), тафовути ҷиддӣ надошт, то ҳадди муайян ба тартиб даровардам.
Ҳама асбоби сафарро омода намудам.
Чун аҳли хонавода аз нияти саёҳати чандрӯза ва раҳи ниҳоят дури наздик ба ду ҳазор километрии ман огаҳ шуданд, аз ҷузъиёт ва хатари роҳ напурсида, дастаҷамъона шавқмандии худро ба ин сафар эълон доштанд:
– Мо ҳам меравем!!!
Ҳарчанд, тибқи харита ва нишондоди боду ҳаво, ки моҳи июл аст, ҳаво дар роҳ ба Аҳвоз ва худи Аҳвоз то 60 - 65 дараҷа гарм мешавад, ягон кас аз хурд то бузург гапи маро гӯш кардан намехост.
Ба фикрам, аввалан, гӯё ният доштанд садоқати дастҷамъонаи худро ба сарвари хонавода нишон диҳанд: «Танҳо нарав! Мо бо туем!». Дуюм, тасдиқ кунанд: «Мо ҳам мард ҳастем!».
Ман доимо аз меҳнату заҳмати бачагии худ ба фарзандонам такрор ба такрор нақл мекардам. Баҳорон ҳангоми алафкашӣ бо модарам дар таги борони сел монданҳо, шип - шилта тар шуданҳо, аз хунукӣ дарақ-дарақ ларзиданҳо, шиори модарам дар саҳрои нопайдоканор: «Мо аз хунукӣ наметарсем! Мо аз гармӣ наметарсем! Мо ҷавонмардем!» – гуфтанҳо, корвони худро беист ба пеш бурданҳо ва ба муроди дил расиданҳоро.
Бо ёдоварӣ аз ин шиорҳо, худи бачаҳо маро бовар мекунонданд, ки ҳама ба ҳамин қавлу амал содиқанд. Мехоҳанд, воқеан, нишон диҳанд, ки дар рафъи мушкилот на камтар аз моанд.
Гар сафар бас хатарнок буду манзил бас баъид, ноилоҷ розӣ шудам. Аз тарафи дигар, дар ин раҳи дур дигар ҳамраҳу ҳамсафару ҳамнафасу ҳамсуҳбат надоштам. Тани танҳо будам. Мошини бистсолаи дипломатии ман на танҳо магнитофон, балки радиои одӣ надошт, ки он ҳам ба навъе тасаллои дил бошад.
Аммо дар дилам шукр мекардам: ҳатто, агар дарҳои мошин хуб маҳкам нашаванд, ойинааш чанд каф дошта бошад ҳам, боз ҷойи шукр аст. Айни замон, фикри мошини нав дар сари мо намеғунҷид. «Дароз кардани пой ба қадри кӯрпа», – гуфтаанд.
Субҳи 15-уми июли соли 1998, соати панҷи саҳар мо ба роҳ баромадем.
Барномаи ин сафарро ман дар давоми 18 рӯз тарҳрезӣ карда, дар он сайру тамошои ҷойҳои таърихии шаҳрҳои масири Теҳрон – Қум – Исфаҳон – Кошон – Қомсар – Шероз – Бандари Аббос – Бушеҳр – Дейлам – Хузистон – Исломшаҳр – Бруҷерд – Ҳамадон ва Караҷро интихобу ворид намуда будам.
Ҳамзамон, пешакӣ аз дӯстони эронӣ маслиҳат пурсидам, ки боз кадом ҷойҳои дидании ин шаҳрҳоро ба барномаи сафари хусусӣ даровардан мумкин аст. Ва пешниҳоди онҳоро ҳам қабул намудам.
Мо ғайр аз шаҳри Қум, ки дар навадкилометрии Теҳрон ҷойгир аст, қариб дар ҳамаи шаҳрҳои дигар аз як то ду рӯз макон гирифта, бо кирояи роҳбаладҳои тахассусманди маҳаллӣ тамоми ҷойҳои таърихии ин шаҳрҳоро тамошо мекардем.
Албатта, дар хусуси дидани ҷойҳои хотирмони ҳар шаҳри Эрон як китоби алоҳида навиштан мумкин аст. Аммо ба андешаи ман, дар дунё мисли Исфаҳон, Шероз, Ҳамадон, Бандари Аббос шояд дигар ҷову макони ҷаззобу тамошобобтаре набошад.
Лекин дар ин тобистони гарм, вақте ки мо тамошои шаҳрҳои ободро анҷом медодем, дар пеши чашми ман ҳамеша сахтии паси сар кардани биёбони Дашти Кабир, қумистонҳои беобу дона ва бекасу кӯй дар якҷоягӣ бо аҳли оила меомад. Ин сафарро хеле хатарнок ва масъулияти бузург ҳисоб мекардам.
Ба ҳамин хотир, вақте шаб дар Шероз истодем, ҳангоми хӯроки шом бо як пешхизмат, ки нисбат ба дигар ҳамкасбонаш ҳушманд менамуд, нияти сафари фардоро ба Аҳвоз гуфтам. Ӯ матлаби маро шунида:
– Оғо, Шома худтун, мидуне, ке аз Широз то Бушеҳр сисад килуметре ва аз Бушеҳр то Аҳвоз наздики чаҳорсаду пенҷоҳ килуметр. Аз Широз, ки берун шодид, диге эғлими биёбунӣ оғоз мише. Аз Бушеҳр то Аҳвоз коллан биёбуни бидуни сару баре. Арзам хидматтун, ке дар тобистун каси бигунайе ҷоръат нимеконе, орзуи сефери ин молке тефсунру. Маге, ки чизе дар он мулки хошк гом некарде боше. Чӣ тоуре, ки мибинем, Шома аз он ғебил мардом, ке нистид!
Ман ба эшон барои тафсир ва маслиҳати муфид миннатдорӣ кардам.
Аз мағозаҳои Шероз, ки шабонарӯзӣ кор мекунанд, рафта захираи об, обмева, ғизоҳои хушк, чандто нони сангакӣ, ки аз бомаззатарин нонҳои эронӣ аст, гирифтам. Панҷ дона шамъи биёбонӣ низ харидорӣ кардам: мабодо, ки кори мо ба торикиҳову мушкилҳо кашад, худро аз даррандаҳову хазандаҳои он биёбонҳои ҳавлнок битавонем ҳифозат кардан.
Бори дигар сару бадани «мошини Абу Ҳасан ибни Бейро»-ро аз назар гузаронидам. Дар устохонаи наздиктарин нафаси чархҳои ин ҷонвари оҳанинро пурратар кардам.
Усто:
– Оғо, Шома, ки сиёсӣ (дипломат) ҳастид, маге мошкиле, ки як мошини ҷадид барут бидан?!!! – гуфта, хандид ва дандони шикастаашро ба намоиш гузошт.
– Чанд бор арз немудам! Нимидан! – гуфтам ва ҳаққи хизматашро доданӣ шудам.
– Оғо, ғобилии Шомару ҳам недоре, Шома ке миҳмуни мо ҳастид! – гуфт.
Чун фурӯшандаи эронӣ «ғобилии шомару ҳам недоре», яъне «тешеккур, ҳеғи хезмат зерур нист. шома ахер меҳмуни мо ҳестид», – гуфт, яъне бидон, ки маблағи медодагии шумо кам аст. Ҳарчӣ бояд боз бештар, аммо зудтар бидиҳӣ.
Ман ҳам сахтӣ кардам. Чизи дигаре ба он маблағ илова нанамудам ва пулро ба кисаи усто андохтам. Усто худаш мутмайин буд, ки ин маблағ зиёдатӣ аст. Ташаккур гуфт ва ночор изҳори қаноатмандӣ кард. Албатта, баъди афту андоми мошини моро дидан, худи усто ҳам дигар ҷуръати тамаъи иловагӣ надошт.
Субҳи барвақт мо ба роҳ баромадем. Муддати шаш соат, ба иловаи як хӯроки нисфирӯзӣ дар роҳ, дар ошхонаи хубу барҳавое, ки барои ронандагону мусофирон сохта шуда буд, хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдем. Дилпур ба роҳи худ идома додем.
Ҳар қадаре ки ба ҷануб ҳаракат мекардем, ҳаво ҳамон қадар биёбонӣ ва гарм мешуд. Тавре ишора шуд, кондитсионер куллан кор намекард. Мо маҷбур будем тирезаҳои мошинро пойин фарорем.
Гармсели атроф сару рӯйи касро месӯзонд. Ман ба дасти бачаҳо як шишагӣ об додам. Таъкид мекардам, ки ҳар замон як қултӣ аз он нӯшанд. Шиддати гармии баданро муътадил гардонанд.
Бо сипарӣ гаштани шаш соати ронандагӣ ба Халиҷи Форс рӯ ба рӯ шудем. Сипас, ба Бушеҳр расидем.
Баъди биёбони қумзори хушк ва ноумедкунанда, ба баҳри беканоре мисли майдони беохири каб – кабуди мавҷнок, ба кас эҳсоси зиндагӣ мебахшид.
Аввалин коре кардем, дар суроғи меҳмонхона шудем. Онро пайдо намудем. Ҳама ниҳоят хаста ва бемадор буданд. Ҳаво тақрибан панҷоҳ – панҷоҳу панҷ дараҷа гарм буд. Тез вориди иморат шудем. Ҳамагӣ худро бидуни сухан ва шикоят болои катҳо партофтанд. Оромӣ ҳукмфармо гашт. Ҳама хоб.
Тахминан, баъди ду - дувуним соат оҳиста-оҳиста ба худ меомаданд. Шустушӯ ва либос иваз карданд. Гарчанде «кулер» – кондитсионери шамолу обии эронӣ босуръат кор мекард, аз шиддати гармии ҳаво дохили меҳмонхона аз берун чандон фарқ надошт.
Ман аз ҳамсафарон пурсидам:
– Ғизо мехоҳед ё оббозӣ?
Ҳама яку якбора ҳушёр шуданд:
– Оббозӣ!!! Оббозӣ!!! Шифти меҳмонхонаро ба сар бардошта, оромии муассисаро вайрон карданд.
– Хомӯш!!! Аз қафои ман саф кашед! – фармон додам ман.
Баъди ним соат бо гирифтани сандвич, яхмосҳои дар дунё беҳтарини эронӣ, обмеваву нӯшокиҳо мо тез макони ниҳоят хуби оббозии Бушеҳрро пайдо кардем.
Аҷоиб ба назар мерасид. Ин аввалин маконе дар Эрон буд, ки зану мард дар як соҳил, дар як мавзеъ оббозӣ мекарданд. Албатта занҳо бо кулли либосҳое, ки сар то по дар хиёбонҳо мепӯшиданд. Бо рӯсариву ҳиҷоб зери об медаромаданд.
Бачаҳо дигар касеро напурсида, ба оби халиҷ париданд. Дар берун дар ҳавои кушод ягон дақиқа истодан ҳам имкон надошт. Бадан мисле, ки дар назди оташи сӯзон истода бошед, месӯхт. Дар даруни об ҳам бояд тез - тез сари худро зери об кардаю берун мекашидӣ. Дар акси ҳол, эҳсос мекардӣ, ки мӯйҳои сар мисли мӯйҳои сари сиёҳпӯстон сӯхта, ҷинҷ мешаванд.
Ман Вориси чорсоларо, ки оббозӣ карда наметавонист, болои сар гирифта, дам ба дам ғӯтта мезадем. Илоҷи дигари гурехтан аз гармӣ вуҷуд надошт.
Ҳамин тариқ, мо ба хулосае омадем, ки «ҷой»-и хуб пайдо намудаем.
Андеша мекардем, ки ватани ҳамаи ҷонварҳое, ки кунун дар зери обҳо мегарданд, ҳамин регзори соҳилҳои Халиҷи Форс будааст. Дар рӯйи замин беғам мегаштаанд. Аммо дар ин мулк сол ба сол Офтоб ғазаболуд шудан гирифтааст. Ҳайвонҳо ҳамагӣ раҳи гурез кофта, ҷойи дигар наёфтаанд. Маҷбур шудаанд, даруни баҳр дароянд. Аммо диданд, ки Офтоби хашмгин тарки хислат намекунад, мулки онҳоро ба пуррагӣ забт кардааст, намегузорад, ки рӯ-рӯйи замин гашта, ризқи худро пайдо кунанд, аз ноилоҷӣ ҳамагӣ таги баҳрҳову дарёҳоро макони зиндагии худ баргузидаанд. Бо гузашти ҳазорсолаҳо ба ҳаёти даруни об омӯхт шудаанд. Хушкиро фаромӯш кардаанд.
Инсон, ки ақл доштааст, ҷойи дигари зиндагӣ ба худ интихоб карда тавонистаст. Дар акси ҳол, мо дар дунё шоҳиди одамони обӣ ҳам мешудаем.
Дар ҳамон ҳоле мо қарор доштем, фикр моро ба он самте мебурд, ки мисли ҳайвонҳои баҳрӣ дар зери ин намии моеъ зистанро оҳиста - оҳиста ёд бигирем, вагарна, ҳоли мо бад мешавад. Ман ба бачаҳо чунин таклифро кардам, аммо ташаббус чандон дастгирӣ наёфт. Лекин андак бошад ҳам, онҳо дар фикр монданд.
Воқеан, дар ин мулк аз рӯйи об дида, зери об зистан хубтару осонтар будааст. Об ширгарм. Ором. Таги по парниён.
Ман ба симои сайёҳони худӣ нигоҳ мекардам. Ҳамагӣ розианд. Маъюсии то меҳмонхона омадан, тадриҷан аз руҳияи онон рафъ мешуд.
Ҳар дақиқа шуълаҳои оташбори Офтоб, ки акнун гумон мекардӣ хонааш ин ҷост ва мо ҳарами муқаддасашро, гӯё халалдор мекарда бошем, сару рӯйи моро дигар гарм намекард. Месӯзонд. Қудрати худро ҳар лаҳза, бо алангаи оташ, ки воқеан, дар болои баҳр мавҷ мезад, нишон доданӣ мешуд. Моро маҷбур месохт, ки барои наҷот таги об дароем.
Ҳамсафи ман Ворис, ки аз об метарсид, акнун ҳар лаҳза интизори ҷустани сарпаноҳ дар зери об буд.
Яъне халиҷ ҷойе буд барои оббозӣ ва рифоҳ дар ин гармии тоқатфарсо.
Ҳамин тариқ, қариб шом мешуд. Одамони зиёде дар атрофи мо оббозӣ мекарданд. Ногоҳ як ҷавонмарди тахминан 30-35 сола, ки дар наздикии мо шино мекард, бо қулоч кашидан назди мо омад ва пурсон шуд:
– Оғо, салом! Шомоюн моли коҷа ҳастид?
Ҳоли мо хуш буд. Мо ҳам дониста шӯхӣ кардем:
– Оғо, дар кешвари мо мол маънои одамро, ке немиде!
– Оҳо! Маъзарат, оғо! Шомаҳо мардоми кудум мемлекет ҳестид? – гуфт, андак худро дар хиҷолат эҳсос карда.
Ман гуфтам.
Мо то гулӯ даруни об будем.
Ин мард худро муаррифӣ кард:
– Эсми ман Каёнӣ ҳастш.
Ман ҳам бо оҳанги дӯстона худро муаррифӣ кардам.
Суҳбати мо бо оғои Каёнӣ, ки номи сирф таърихиву тоҷикӣ дошт, гарм шуд. Ӯ аз вилояти Форси Эрон будааст. Дар Бушеҳр дар як корхонаи саноатӣ ба ҳайси муҳандис кору зиндагӣ мекардааст.
Оғои Каёнӣ марди фозил, таърихшинос ва шеърдон будааст. Дар бораи Тоҷикистон шунидаҳои худро гуфт. Орзуи дидани Ватани моро мекардааст.
Ӯ дар ҳамон шароити ғайримуқаррарӣ дар бораи адабиёти тоҷик пурсид. Ман як намунаи шеъри тоҷикӣ, ғазали Мирзо Турсунзодаро, ки ду байти аввалаш ин аст, хондам:


Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт,
Дид ҳоли ман табибу дар бари ман ҷо гирифт.
Ёри бепарвои ман аз ман хабардорӣ накард,
Гарчӣ дуди оҳи оташбори ман дунё гирифт.
Оғои Каёнӣ тааҷҷуб кард, ки дар шароити 70 соли ҳокимияти Шуроҳо мо забони худро гум накардаем ва бо забони Фирдавсӣ чунин шеъри зебо ҳам сароида.
Суҳбати мо ранг гирифт.
Оббозиро идома дода, ман оғои Каёниро барои идомаи маҳфили шоми гуворо ба меҳмонхонаи «Заркамар», ки мо он ҷо манзил доштем, даъват кардам.
Оғои Каёнӣ қатъиян ризо нашуд:
– На бобо! Шома, ки меҳмуни мо ҳастид. Ман Шомару на бе меҳмунӣ ба кодум рестуроне, балки ба хунеи худам даъват меконам.
Ман изҳори ташаккур намудам. Аввал фикр кардам, ки ин як таоруфоти эронист. Аммо чун дидам, ки оғои Каёнӣ дар таклиф ҷиддист, бо ваъдаи соати ҳашти шом бо мошини худаш моро аз меҳмонхона бурданӣ аст, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфтам:
– Бародари азиз! Ташаккур. Мо, ки ин ду кас, ману писарам нестем. Ними ҳамин мардуми оббозидошта «мол»-и ман ҳастанд.
– Аге даҳ кас ҳам, ки бошид, меҳмуни ман ҳастид. Вассалом, – гуфт.
Воқеан, соати ҳашти шом оғои Каёнӣ бо мошини хеле босалобати хориҷии худаш омад. Мо аҳли оила бо чор бачаамон кулчақанде бо худ гирифта, меҳмони оғои Каёнӣ шудем.
Оғои Каёнӣ бо хонум ва бачааш дар як хонаи алоҳидаи барҳаво зиндагӣ мекардаанд. Моро хуб меҳмондорӣ намуданд.
Соҳибхона чун нақша ва қотеиятии меҳмононро фаҳмид, ки аз сафари Аҳвоз, бо вуҷуди мушкилӣ, худдорӣ карданӣ нестем, моро шабонгоҳ назди як мағоза овард. Як зарфи бузурги бистлитра барои гирифтани об харид. Онро пур аз лимони ним - ним ва чанд пора ях карда, пуроб намуд. Даруни мошини мо монд.
Ҳарчанд неву нестон кардем, ба сухани мо гӯш накард. Бузургвории худро нишон дод. Ман ба ӯ нишони хона ва рақами телефонҳои корӣ ва манзили худро додам. Мо гарм хайрухуш кардем.
Баъдан, оғои Каёнӣ чанд маротиб дар Теҳрон меҳмони азизи мо буд. Дӯстии мо идома ёфт. Моро дафъатан ба Бушеҳр даъват кард. Мо ҳар замон: «Беҳтар, ки Шумо назди мо», – гуфта, изҳори маъзарат ва миннатдорӣ мекардем.


ЧУНОН ГАРМ ГАРДИД ҲОМУНУ ДАШТ
Акнун мушкилтарин қитъаи сафари мо оғоз шуд. Субҳ, соати панҷ ба роҳ баромадем. Аллакай, ҳаво 40-45 дараҷа гарм буд. Роҳи мо, агар мушкиле пеш наояд, тахмин ҳафту ним - ҳашт соат давом мекард. Мо мавзеъҳои Макобирӣ, Бандари Кановаро гузашта, ба Бандари Дейлам наздик мешудем.
Наздикии соати 11 гармии ҳаво 50 дараҷаро нишон медод. Мошин базӯр ҳаракат мекард. Гӯё аз қафояш ягон аробаро кашида мебурда бошад.
Дар Бандари Дейлам ним соат истода, хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдем. Ва тез ба роҳ баромадем. Маълум буд, ки ҳаво торафт метафсад. Аз мавзеи Ҳендиҷон, тахминан, панҷоҳ километр гузаштем. Акнун гармии ҳаво ба 60 дараҷа мерасид. Асфалт об мешуд. Мошини «Абу Хасан ибни Бей» дар болои асфалти тафсон ҷонканиҳо мекард.
Баъди чанд муддат ҳис кардам, ки «Тойота»-и пир «калладав» хӯрда, меравад. Яъне, аз дараҷаи баланди ҳарорати ҳаво насоси бензин қудрати кашидани сӯзишвориро намекунад.
Дар ин биёбони сӯзон, гоҳо аз як тараф ба тарафи дигари роҳ сусморҳои ба андозаи гурба ва аз он ҳам калонтар давида, моро ҳушдор медоданд, ки хоҷагони ин сарзамини фаромӯшкардаи Худо онҳоянд. Ягон намуди техника не аз пешорӯ меомад, на аз қафо сиёҳӣ мекард.
Дили маро андак воҳима зер карда буд.
Хавотирии ман аз ҳама бештар барои фарзандони хурдсол буд. Канори роҳ истодам. Тибқи таҷрибаи мошинҳои Шуравӣ, латтаеро дар оби ях тар карда, дар болои бензиннасос мондам. Ба ҳамаи бачаҳо лимоноб додам. Ва дар рӯйи ҳар кадомашон барои шӯхӣ як панҷагӣ оби хунук задам, либосҳояшон ҳам каме намнок шуд. Онҳо аввалин бор баъди баромадан аз Бушеҳр хандиданд. Ман боз як панҷагӣ об ба рӯйи бачаҳо партофта, фармудам, ки шиори модарамро такрор кунанд:
– Мо аз хунукӣ натарсидем! Мо аз гармӣ наметарсем!
Ману Ворис бо овози баланд, дигарон аз дунболи мо:
– «Мо аз гармӣ наметарсем!»-ро се маротибагӣ бо овози баланд такрор кардем.
Акнун ман бухори мошинро оҳиста-оҳиста ва баъдан бо тамоми андозааш кушодам.
Мақсад, бардоштани фишори гармӣ аз муҳаррики мошин ва албатта, аз бензиннасос буд.
Аз хавотирӣ ва хиҷолат ба бачаҳо нигоҳ намекардам. Шукр, ягон кас шикоят намекард. Ҳама ба шишаҳои хунук часпида, обро дам ба дам як қултӣ менӯшиданд. Ҳамзамон, ба сару рӯяшон мерехтанд. Ин замон ман дӯсти навпайдои бушерӣ, оғои Каёниро ба ёд оварда, ӯро аз малоика бузургтар мешуморидам, ки моро чунин ҳидоят кард, вагарна, бо термоси хурду даҳ-понздаҳ шишаи об ҳоли мо дар ин биёбони бесару бар чӣ мешуд?
Мошин дар «лой»-и асфалт ғӯтида, ба ҳар ҳол ҳаракати худро маҷбуран, аммо бо маром идома медод. Ҳамин тариқ, мо ду соати дигар ҳаракат кардем. Ҳуши ман ба бензиннасос буд. Акнун дараҷаи гармии ҳаво 60-62-ро нишон медод.
Шамоле, ки дар натиҷаи ҳаракати «Тойота»-и солхӯрда эҳсос мегардид, дар якҷоягӣ бо ҳавои аз бухории оби муҳаррик, ки ақрабак онро 95-98 мегуфт, буғи дилбеҳузуркунандаи ҳаммомро ба машом меовард.
Гоҳе ба роҳ ва гаҳ ба қуми зарде, ки аз он сояи шуълаи оташ бурун меомад, нигоҳ мекардам. Дилам таҳ мезад, ки мабодо мошин яку якбора аз кор монад.
Намедонам, бачаҳо чӣ эҳсосотро паси сар мекарданд, аммо ман як сухани Ҳофизро ба ёд меовардам, ки ҳамовози ҳоли мо буд:


Ман аз диёри ҳабибам, на аз билоди ғариб,
Муҳаймино, ба рафиқони худ расон бозам.
Худойро, мададе, эй рафиқи раҳ, то ман,
Ба кӯи майкада дигар алам барафрозам.
Ба ҷуз сабову шамолам намешиносад кас,
Азизи ман, ки ба ҷуз бод нест дамсозам.
Аммо аз тасмим ва ин сафар бо бачаҳо дар дилам эҳсоси пушаймонӣ надоштам. Бачагии худро ба ёд меовардам.
Вақте баҳорон бо модарам дар саҳро кор мекардем, алафҳо тари хунук бошад ҳам, бояд онҳоро ҷамъ карда, аз об таконида, дарзача мебастем. Илоҷе карда, то хона барои молу ҳол меовардем. Либосҳои ман боз барзиёд тар мешуданд. Пойафзолам дар лой мечаспид ва аз поям раҳо мешуд. Ман сахт хунукхӯр будам. Асабонӣ мешудам. Модарам:
– Бачам, зиндагӣ бо меҳнату заҳмат ширин мешавад. Одаме, ки меҳнат намекунад, аз эҳсоси роҳат дур аст. Борон мегузарад. Мо кулӯх нестем об шавем. То хона он қадари дигар намондааст, – гуфта, маро дилбардорӣ мекард.
Ин суханони модарам ба ман руҳу неру мебахшиданд. Ба дил мегуфтам: гоҳо мушкил набошад ҳам, онро барои фарзандон эҷод бояд кард. То қимат ва мушкилоти зиндагиро дар худ биозмоянд. Фаҳманд. Ба қадри рӯзгор расанд. Тобовар ва соҳибирода тарбия ёбанд.
Асоси фаъолияти инсонро принсипнокӣ (решаи калима лотинӣ – principium мебошад, маънояш асос ва ибтидо) ташкил мекунад. Мантиқи он сифати шахсияте аст, ки бо нақша ва ормону орзуҳои барои инсон нек ва фоидабахш содиқ мондан ва онҳоро собитқадамона иҷро кардан аст.
Аммо ирода ё принсип дар сирати инсон дар раҳи рост, дар зиндагии орому осуда ва серу пури бемеҳнат ба вуҷуд намеояд. Ҳадди ақал, авлод бояд донад, ноне, ки падар барои онҳо пайдо мекунад, бо кадом заҳмат рӯйи дастурхон меояд. Махсусан, фарзандони вазирон, мансабдорҳо, ононе, ки фақат номи падар боис гаштааст, то ба охиринҳо низ эҳтиром гузошта шавад.
Устоди бани Одам – Саъдӣ ҳамин оқибатро дарк намуда, барои эҳтиёт ва рӯзи мабодо таъкиди ҳамагонӣ кардааст:


Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд,
Ба вазирии подшо рафтанд.
Писарони вазири ноқисулақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Сафар кардан ба тамоми гӯшаву канори Эрон, шахсан омӯхтани мамлакат аз вазифаҳои хизматии дипломат аст. Инро ҳамроҳони ман медонистанд.
Рӯз аз ним гузашта бошад ҳам, гӯё баръакс, мо ҳоло ҳам сӯйи гармӣ ҳаракат доштем.
Ногоҳ аз дур хонаҳои хурде, мисли похсаҳои тӯда ҷой-ҷой намудор шуданд. Ҳисоб кардам 1, 2, 3, 4 ва аз ин ҳам зиёдтар. Аммо он ҷо аз дарахт асаре набуд. Ба худ гуфтам, ки бояд ин тӯдаҳои похсагӣ хонаҳои мардум бошанд. Ҳадди ақал ҷонзоде дар он макону манзил ҳатман ҳаст. Ба як даст харитаро дар роҳи бемошин кофтам. Деҳаи Ҳендиҷон. Тақрибан сад метр то он макон монда буд, ки хурсандии ман шикаст. Ҳис кардам, ки яке аз чархҳои мошин кафидааст. Хайрият, гуфтам худ ба худ, ки маҳз дар ин ҷо. Суръати мошинро паст кардам. Бо ҷойи мулоими роҳ ҳаракат намуда, то назди аввалин хонаи похсагӣ расидам. Зане он ҷо, дар ҳавлии бе девору дарвоза гаштугард дошт.
Мошинро монда он сӯ давидам.
– Хонум, маъзарат, дар ин деҳ устои мошин ҳаст? – пурсидам аз ин хонуми қаддарози сиёҳҷурда, вале бо чашмони неку ҳалим.
– Оре, ҳо ана, – бо дасташ ишора кард соҳибхона.
Устохона дар мобайни деҳа будааст. Ман бачаҳоро фароварда, дар як дақиқа чархи эҳтиётиро мондам.
Он хонум дид, ки мо мусофиру хастаем, бачаҳоро ба ҳавлии нимдошти худ ба ҷойи соя даъват кард. Сайёҳон гӯё инро интизор буданд.
Ман мошинро ба устохона бурда, чархи ҳавогусехтаро соз кардам. Дар қафои мошин мондам. Усто дид, ки сару рӯйи ман ғарқа дар обу арақ ва либосам тар аст, рафта аз хонааш як коса об овард:
– Инро нӯшид, ҳолетун хуб мише. Гоман дорам, аз раҳе хили дур ташриф овурдед, – гуфт.
– Оре, аз илтифоти Шумо миннатпазирам, –гуфтам ман ба меҳрубонии усто.
Чун як қулт аз он нӯшидам, намакоб буд:
– Оғо, маъзарат. Шумо оби хамирро овардед. Намакоб аст.
Лиқои усто тағйир нахӯрд:
– Хода векелӣ, абе ношедении мо ҳемине. Ин абе хелиҷе. Бе помп (насос) онру беройе хонок кардане чоҳҳои нафт мекешанд. Бе мо ҳам миданд. Мо оби диге недорим. Ва марди зарифе будааст усто, ки фармуд:


Дар мастабаи ишқ танаъум натавон кард,
Чун болиши зар нест, бисозем ба хиште.
Ман ба хонаи ин марди Худо нигоҳ кардам: сирф аз гил, бидуни оҳакзадагӣ, дарҳои каҷи нимкора, тирезаҳои бешиша ва бо селофан маҳкамкарда. Хонаҳои дигари атроф ҳам, аз ҳамин қабил буданд.
– Оғо, умри ин деҳа чанде? – пурсидам аз усто.
– Аслан, нимидунам. Ҷадди мо садсолаҳо ин ҷо буде.
Ман ба ин устои сухандон ҳисобӣ ва изҳори миннатдорӣ кардам. Бо сад фикру хаёл ин маконро тарк гуфтам.
Мардумони деҳа аз гармии зиёд, ҳама сӯхтаву сиёҳ, мӯйҳои сарашон мисли сиёҳпӯстон кӯтоҳи сахт печидаву ҷингила. Аммо дили поку сафед доштанд.
Пеши бачаҳо омадам.
Хонаводаи мо аз меҳрубонии он зан миннатдорӣ карданд. Ба ӯ кулчақанд доданд. Ӯ ба бачаҳои мо қурутҳои аз шири шутур тайёркардаро додааст, ки хеле бомазза буданд.
Баъди зиндагии ин мардумро дидан ва таҷриба кардан, ҳамсафарони ман ба ҷаҳони андеша фурӯ рафтанд. Каме ҳам бошад, таскин ёфта буданд.
Мо ба самти мавзеи Бандармоҳишаҳр ҳаракат кардем. Дараҷаи гармӣ ҳамон зайл буд.
Термоси бистлитраи мо, баъд аз мошини «Абу Ҳасан ибни Бей», дуюмин умеди расидан ба ободиҳо ба шумор мерафт.
Тахминан ҳафтод-ҳаштод километри дигар ҳаракат кардем.
Мошини мо бори дигар ба «атсазанӣ» сар кард.
Ман ба ақрабаки гарминишондиҳӣ нигоҳ кардам. Қариб ба сад наздик мешуд.
Бухории мошин гармии бадани муҳаррикро ба дохили чорчархаи нимшикастаи мо, дар ин қумистони зарди ҷо-ҷо хордори биёбон, мисли он ки барои ин иқдоми ғайриодиамон моро ҷазо медода бошад, якзайл ва бераҳмона пуф мекард. Ҳарорати ҳаво ҳеҷ тағйир намеёфт.
Дар роҳи тафсони мумфарш, аз гармии зиёд асфалти ба лойи сип-сиёҳ мубаддалгашта, бо дандонаҳои чархҳои мошини фатарот ошиқу маъшуқӣ мекард ва мехост онро ба оғӯш бигираду дигар сар надиҳад. Калтакалосу сусморҳо дам ба дам парида ва аз ҳама бадаш, гоҳо хазида аз роҳ мегузаштанд ва фазои бе ин ҳам ваҳшатноки атрофро вазнинтар мекарданд.
Аз хотирам саҳнаҳои филмҳои даҳшатафкан мегузаштанд. Яқин мешуд, ки онҳо ҳам дар ҷойе, дар маконе воқеият дошта будаанд ва муаллифон чунин манзараҳоро рӯйи саҳна меовардаанд.
Аммо ман сир бой намедодам.
Ин замон мошин мисли нафаре, ки касалии «аллергия» дошта бошад, якбора чунон ба «атсазанӣ» сар кард, ки гумон кардам ҳоло мемирад ва дигарбора ӯро рӯшан кардан муяссар намегардад.
Саросема аз мошин фаромадам. Як латтаи калонро бо яхоби лимондори термос хуб тар карда, давида, дар болои помпи бензин (бензиннасос) мондам. Онро бо латтаи дигари тари хунук печонидам.
Андак пас «атсазанӣ»-и мошин камтар шуд. Мо боз ба умед ба роҳ баромадем. Мисле, ки дами ин ҷонвари солхӯрда каме сабук шуда буд.
Аммо баъди андак ҳаракат «Тойота»-и куҳна ба оҳистагӣ боз ба «ҳак-ҳакзанӣ» сар кард.
Ин дам, дар масофаи тахминан панҷ-даҳ километрӣ хонаҳои майда-майдаи ба қуттии гӯгирд монанд намудор шуданд.
Монанди сарнишинони киштии раҳгумзада, ки хушкиро мебинанд, ҷумла киштинишастагони мо, ки то ин дам, хайрият, бидуни шикоят хомӯш буданд ва фақат дам ба дам ҳулт-ҳулти обнӯшиашон шунида мешуд, якбора ба сухан даромаданд. Хурсандӣ мекарданд.
«Қуттиҳои ҷо-ҷо партофтаи гӯгирд» торафт наздик мешуданд. Ҳаракати мошини мо ҳам, гӯё инро эҳсос мекарда бошад, каме бардамтар шуд. Лекин ман кӯшиш мекардам, ки ягон вокуниш нишон надиҳам. Гӯё ҳамаи ин гармиҳо, «атсазанӣ»-ҳои мошин, эҳтимоли шаб дар роҳ монданҳо, дар сари роҳ бозӣ кардани сусморҳо ба ман ягон таъсир нарасонидаанд ва бароям чизи одию маъмулианд. Зеро, воқеан, ман намедонистам, ки боз дар пеш моро чӣ интизор аст.
Оқибат, мо ба «қуттиҳои гӯгирд» расидем.
Ин дам як галлаи хурди шутуру шутурбачаҳо хеле ба оҳистагӣ, нописандона, ба мо таваҷҷуҳ ҳам накарда, хастаҳолона ва андешамандона қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда, аз пеши мошини мо гузашта рафтанд.
Баъди онон се-чор сар гӯсфанд, мисли он ки аз тӯй ё ягон маърака қафо мемонда бошанд, давида раҳро убур карданд.
Ман гӯсфандро нағз медидам. На танҳо аз рӯйи маззаи гӯшт. Бештар аз он ки гӯсфандҳо аҷали мору калтакалос, ҷондорҳоеанд, ки бо дидани аксашон дар коғаз ҳам худро нороҳат ҳис мекардам. Душмани душмани ман дӯсти ман аст.
Хонаи мо дар Ориён, дар охири деҳа ҷойгир буд. Баъд аз он дигар саҳрои беканор, то лаби дарёи Сурхоб доман паҳн мекард. Морҳо, бадбахтона, бисёр вақт ба хотири паррандаҳои болохона дар атрофи манзили мо пайдо мешуданд. Аммо роҳи онҳо аз сарҳади чарогоҳ, ҳелу оғили гӯсфандҳои мо мегузашт.
Ман чандин бор медидам, ки бо дидани мор гӯсфандҳо бо шавқи том ба дунболи он давида, бо як чолокӣ болои ҷонвари заҳрчош хам шуда, бо суми дуангуштаи худ ба сари мор чунон мезаданд, ки майнаи он авлоди аждаҳор пора-пора мешуд.
Баъди ду-се бор ин амалро такрор кардан, морро аз сар то ба дум пӯст канда, қарс-қурскунон газида мехӯрданд. Мисли он ки ба он чорпоёни гаранги ба кори худ ҳушёр, кӯкаи серғизои пахта дода бошанд.


ЗАМОНА ПАНДЕ ОЗОДВОР ДОД МОРО
Дар сари роҳ, аввалин пайки хурсандӣ, як мағозаи хурд ба назар расид.
Дар деҳа яке аз нишонаҳои зиндагӣ барқ ҳам будааст. Сарчашмаи он муҳаррики дизелии аз мошини мо ҳам куҳнатар. Садои аз дохилаш беруномада, биёбонро пахш мекард. Гӯё дар баданаш санг мешикаста бошанд. Вале дар он ҳолат ба гӯши мо чун мусиқии дилнавоз мерасид.
Вориди мағоза шуданӣ будем, ки аз он як мӯйсафеди сиёҳчурдаи кушодачеҳра, бо либосҳои куллан арабӣ – дар сар гирдаи сиёҳ, рӯмол ва пероҳани сафед, ба фикрам, овози мошини моро шунида, берун омад.
Ба ҳамаи мо нигоҳи тааҷҷубангез кард. Аввалан, ҳеҷ вокунише нишон надод. Гӯё киштии кайҳоние бояд дар биёбонҳои Ҷезқозғани Қазоқистон фуруд меомаду хато карда, дар пеши мағозаи ӯ нишастааст.
Бачаҳои пасту баланди мисли аскарбачаҳо қатори моро дида завқ бурд:
– Эҳ, бе Хода дар эн ҳевои гермсил мо уштурру нимегузорем раве бирун, шома аз коҷа пейда шодид, маге, ки мисли малоике аз осмон? – гуфт мӯйсафед ва саросемавор ба мағозааш баргашта, аз ман нопурсида, ба бачаҳо як шишагӣ кока-кола оварда дод.
Пирамард гӯё маро надида бошад, дигар бо ман гап намезад. Фақат аз бачаҳо пурсупос мекард. Онҳо аз куҷо ҳастанд, чанд солаанд, аз куҷо забони форсиро ин қадар хуб ёд гирифтаанд? Ба ин тифлони маъсум кӣ чунин ҷабрро раво дидааст, ки дар ин «Биёбони сусмор» (баъд фаҳмидем, қисмати саҳрои беохири қумзоре, ки мо гузар карда будаем, чунин ном доштааст), дар 65 дараҷаи гармӣ, бо ин мошини куҳна, ҷуръат карда, дар масири хатарнок ба роҳ барояд? Ҳой-ҳою вой-войкунон нишаста, ба сару рӯйи ҳар кӯдак нигариста, бо онҳо суҳбат мекард.
Бачаҳо, ки дар ин се рӯза сафари сузону ҳавлнок сурху сиёҳ шуда буданд, бо мӯйҳои ҷӯлидаи шонанадидаи арақшор, ба мӯйсафед, мисле нав бобои худашонро пайдо карда бошанд, унс гирифтанд. Гоҳе ба якдигар ва гоҳо ба мӯйсафед нигоҳ мекарданд.
Ман аз мағозаи пирамард даҳ-понздаҳ шишаи обу кола ва кулчақанд гирифтам. Хоҳиш кардам ҳисобу китоб кунад.
Мӯйсафед:
– Алъон онро дар покет бигузорид. Муҳосибе баъдтар. Экнун бегуйид, ки моли коҷастид? Аз коҷа дорид меойид? Чӣ саргардонӣ дорид? Ин тифлон чӣ гонаҳ карданд, ки шома онҳору дар эзобэ кебир герефтор намудед?
Ман ба мӯйсафед изҳори миннатдорӣ кардам. Ба суолҳояш кӯтоҳ посух додам. Устои мошин пурсидам. Гуфт:
– На, бобо! Дер эн ҷа устойе нист. Маге, ки мошин зарур бошад, пейдотун миконам. Эллати машин чийе? – пурсид дар охир пирамард.
– Помпи бензин, – гуфтам ман.
– На, оғо! Иллатеш пумп, ки нист. Иллатш ҳавру гэрмии биёбан ҳастш. Дар ин месире, ки Шома ташриф овурдед, дар ен мовсим не тенҳо мошин, балке шотори саҳархиз ҳерекет нимеконе, маге ки Шумойи соде! – бо иллат гуфт мӯйсафед. Ва изҳор дошт:
– Моттаваҷеҳ шодам. Месири Шома Эҳвоз ҳастш. Аз ҷоде тағрибан саду хурдие монде. Дар месири Шома шаҳрҳои Ромшир ва Ғизонийе.
Аммо Шома алон йик ғадам ҳам нимитунен бирин. Гармии ҳева экнун доре иртифоъ мегире. Чун Эҳвоз ноғтеи гармтерини ин месире. Хуб аст, Шома шом эн ҷо бимуне, – бо меҳрубонӣ гуфт мӯйсафед ва илова кард, – ферда собҳ соати чору ним бе панҷ ҳерекет биконе. Ҳемиш хуб мише, – бо сухани даст ба фикраш қувват бахшида, гуфт мӯйсафед.
Бо изҳори ташаккур, ман имкон надоштани таваққуфи сафарро гуфтам. Маблағи харидро болои мизи мағоза гузоштам.
Мӯйсафед ниҳоят сахтгирии ғайритаоруфотӣ кард. Моро дар хиҷолат монд.
Мағозадори солманд бо қатъияти ҷиддӣ пеши роҳи моро гирифт:
– Аз берои Хода, бе ҷуни баччеҳо мише ҷабр! Мошинтун ғобели эътимод нист! Шом эн ҷа бимунед. Ғурбони шома! – гуфт.
Ман дидам, ки мӯйсафед ниҳоят бо сидқ сухан мегӯяд, ба пешниҳоди ӯ розӣ нашудан мумкин набуд. Фақат то шикасти гармӣ.
Ӯ зуд мағозаашро баст. Пеш даромад. Супориш дод, ки аз дунболи ӯ ҳаракат кунем. Хонаи мӯйсафед дур набудааст. Баъди панҷоҳ қадам ӯ дарвозаи хоксоронаашро кушод. Моро ба як ҳуҷраи тақрибан панҷ ба чор метрӣ, ки хеле тамиз ва озода буд, даровард. Кулерро рӯшан кард.
Бачаҳо як оҳи сабук кашиданд. Пиракӣ дастурхон густурд. Чою мевагӣ ва аз анвои ғизоҳои маҳаллӣ оварда, моро хуб меҳмондорӣ кард.
Бо муаррифӣ аз худаш изҳор дошт:
– Банде оғои Амерӣ ҳастам. Авлодони мо аз арабҳои Аҳвозанд. Ҳафтоду панҷ соламе. 35 фарзанд аз панҷ хонумаме.
Шоғли хоневодегии мо, аслан, аз нахл ва тиҷорати хорд ҳастш. Шокр рӯзгорамун мире.
Ман ҳам худро муаррифӣ кардам. Ва чун дидам, ки аз панҷ зан гуфтани мӯйсафед ранг аз рӯйи хонуми ман парид, бо оҳанг ва лаҳҷаи мӯйсафед гуфтам:
– Панҷ фарзандаме, – каме танаффус карда, аз йик хонумаме, – гуфтам.
– Оғо, воғеан, Шома ченд ханум дарид? – пурсид бо ҷиддият мӯйсафед. Гӯиё як суҳбати одии маъмулӣ мекарда бошад.
Ман шумораашро такроран гуфтам.
Мӯйсафед каме хандид ва гуфт:
– Оғо! Йекхонумеҳо мардони хуб, аммо тарсуанд-о!
Барои шод намудани дили мӯйсафед гуфтам:


Маро корест мушкил бо дили хеш,
Ки гуфтан менаёрам бо дили хеш.
Чӣ фурсатҳо, ки гум кардам дар ин роҳ,
Зи бахти хобноки ғофили хеш!
Ғайр аз хонуми ман дигарҳо ҳама хандидем. Ин шеър барои мӯйсафед хуш афтод.
Мо тақрибан дар хонаи ин пирмарди неку яку ним - ду соат нишастем. Бачаҳоро ҳамагӣ хоби роҳат бурд. Офтоб рафта буд наздик ба хонаи худ. Гумон кардам, тафси ҳаво андак шикаста.

ГУФТ: ОСОН ГИР БО ХУД КОРҲО
Бо неву нестони мӯйсафед нигоҳ накарда, бачаҳоро аз хоб бедор кардем. Бо изҳори ташаккуру миннатдорӣ ба роҳ баромадем.
Ҳаво тақрибан 55 - 60 дараҷа гармӣ дошт. Як шамоле қумзори тафсонро лесида, рӯйи моро мисли бухори пуфкунандаи электрикӣ, ки гӯё дар гармии тобистон рӯшан карда бошанд, боз ҳам гармтар мекард.
Наздикии ғуруби Офтоб ба шаҳрчаи Ромшир расидем. Ба ҳар ҳол, онро як даври хурд зада, ҳуши бачаҳоро тағйир додам ва чанд яхмоси шириву шоколодӣ харида, боз сафари худро идома додем.
Дар роҳ мошини «Абу Ҳасан ибни Бей» чандин маротиба хислати худро нишон дод. Моро таконида-таконида пеш мебурд. Оби хунукро дар сару рӯйи помпи бензини ин ҷонвар мерехтем. Ӯ мисли кӯдаки хурде бо ин «ширинӣ» каме ором мешуд. Чун мошин аз мардумони падардори Ҷопон буд, ҳарчанд нозу нуз мекард, акнун боварамон меомад, ки ҷурмбахши айбпӯш аст. Моро ба манзили мурод, шаҳри Аҳвоз мебарад. Соатҳои нуҳи шом чароғҳои ин шаҳри қадима намудор шуданд. Ва дили мо андак ором гашт.
Акнун медонистем, ки барои халосӣ аз ҳалқаи гармӣ ва бозгашт ба боду ҳавои биҳиштӣ, баъди ин шаҳр ҳамагӣ бояд як кӯтали бузургро паси сар кунем. Бо ҳамин, ба ин иқлими фавқулода хайрбод мегӯем.
Ман аз як дукон, барои ба мақсад расидан ва хурсанд кардани бачаҳо беҳтарин меҳмонхонаи Аҳвозро пурсидам. Дукондор марди шарифе будааст:
– Хили хуб. Биҳтерин миҳмунхунеи шеҳри мо ҳемноми шеҳри бозорги мост, – гуфт.
Тез дар рӯйи коғаз харитаи ҷойгиршавии онро кашид. Ба ман дод. Муддати даҳ дақиқаи дигар ман ин макони хубро пайдо кардам. Аммо бачаҳо дигар қуввати ягон ҷо рафтанро надоштанд. Ман ба онҳо ба лафзи хуши иронӣ:
– Азизони ман! Ин охерин шом ҳастш, ки мо дар ин шаҳри хошбоду ҳева миҳмун ҳастим-о! Донесте бошид, ке диге ҳемчунин шонс Хода мидуне, кей насеби мо бише – о!
Ҳама, дӯстона хандиданд. Ин аломати ризо буд. Ман супориш додам, ки ҳама таги оби хунук дароянд. Сару либос иваз кунанд. Баъди ним соат омода бошанд.
То он дам ман бо меҳмондор ресторани хуберо, ки дар лаби дарёи Қорун бошад, интихоб кардам.
Мошини «Абу Ҳасан инби Бей»-ро дар устохонаи шафат барои ташхиси «вазъи саломатӣ»-аш супоридам. Бо мошини кирояи меҳмонхона ба он ресторан рафтем.
Ғизоҳои маҳаллӣ ва сабук, ки аслан арабиасос буданд, супориш додем. Ҳангоми тановул, ки акнун ними шаб мешуд, ҳама шикоят карданд, ки дар души хонаҳои хоб аслан оби хунук нест. Ман гуфтам:
– Шумо бачаҳои хушбахт ҳастед. Асосан, мардумони олам доим дар бораи набудани оби гарм шикоят мекунанд. Шумо бошед, баръакс. Бачаҳо аз ин кинояи ман ҳеҷ чизро нафаҳмиданд. Охир, дар ин шом, ки гармии ҳаво 60-65 дараҷаро нишон медиҳад, барои хунук кардани об чӣ қадар нируи барқ зарур аст.
Шаб ману Ворис барои аз назди усто гирифтани мошин рафтем. Усто ҳам моро интизор будааст. Саломро алейк гирифта:
– Бобо, аслан боварии кас немиойе, ке Шома бо ин мошен чӣ гоне Сеҳрои Кебир ва Биёбони Сусморро паси сар кардид ва аз биёбонҳои Аҳвоз селамат рафтид бирун. Ин мошинру серӣ (ба зудӣ) бойед тоҳфе конид бе йегун бичорейе. Аслан бидуни пейсе. Ва аз ишун йек дуойе бигирид.
Мен ҳемегӣ ду кор кардам: равғанашро аваз, черхҳояшру каме дам. Диге ҷойи иваз карден, ке недоре. Пумпаш биҳтерине. Модарзоде. Эз ун биҳтар касе даъвои аваз бикуне, фериб ҳастш.
Субҳи барвақт мо бачаҳоро аз хоб хезондем. Ман мошинро рӯшан карданӣ шуда, ба ҳарорати оби он, ки мо акнун кӯтали печ дар печи бузургро паси сар карданӣ будем ва хавотирии ҷӯшидани он мадди назар буд, нигоҳ кардам. Аҷаб, ақрабак ҳарорати гармии оби мошинро шаст дараҷа нишон медод. Аммо ин воқеият дошт.
Субҳи миёнаи моҳи июл гармии ҳавои шаҳри Аҳвоз панҷоҳу панҷ дараҷа буд. Оҳан бошад аз замин, аз қумзор гармиро бештар ҷалб мекунад.


ОХИР БИРАСАД БА СУБҲИ СОДИҚ САРИ МО
Мо дар субҳи каммошин хиёбонҳои ин шаҳрро як давр задем. Майдони марказии онро тамошо кардем. Боғи пойтахти ҳамноми вилоятро низ дидан намудем.
Ман тибқи харита, роҳи Исломшаҳрро, ки нуқтаи навбатии ҳаракати мо буд, пеш гирифтам.
Акнун маълум буд, ки дар ҳар сурат, рӯз ба некӣ рафта истодааст ва мушкилоти сафар паси сар. Ҳатто намунаи гиёҳу дарахтони талу теппа ҳам аз ин шаҳодат медоданд.
Аз ҳамин ҷиҳат, андак дуртар аз роҳ, баҳузур дастурхон паҳн карда, субҳона хӯрдем. Гармии ҳаво дар ин баландӣ панҷоҳ дараҷа буд. На шасти Аҳвоз.
Ман ҳолати кӯтали гирдгардони дарози нӯгтезро пешбинӣ карда, дар Аҳвоз як арғамчини шашметраи бақувват харида, дар ҳамин фароз эҳтимоли кӯталкунии мошини ҷопониро пешбинӣ карда будам.
Мошини боркаши калонеро даст бардошта манъ кардам. Аҳволро фаҳмондам. Ронанда одами нексиришт будааст. Ба суханони ман:
– Оғо, Шома экнун подоши хезмати нокардаи маро додид: масалтун «Ҳам музду ҳам миннатдорӣ»-ру аввалин бор дорам мешунавам. Ҳикмат бе ҳиммат, ки нист, бобо, – гуфт ронандаи суханшинос ва ишора кард, – Шома бифармоид, мошинтунру кунед рӯшан ва ба орумӣ берид ҷелув. Дер ҷайе, ке текники Шома истод кард, он гаҳ ман дар хидматетун ҳастам.
Ман ҳамон тавр кардам.
Кор нек омад. Кӯтал охир шуд. Мошини «ибн Бей» вафодории худро, ахиран, исбот кард. Ҳарорати ҳаво ҳам акнун наздик ба 40 шуда буд. Нафаскашии саманди солхӯрдаи мо ҳам муътадил мегашт. Ман мошинро доштам. Аз кулчаву нонҳои сафарӣ ҳамчун ифодаи поси намак ба он ронанда додам. Ӯ ҳам бо дарки ҳамраъйиву изҳори ҳамдастӣ онҳоро бо арзи сипос қабул кард. Мо бо ҳам хайру маъзур кардем.
Минбаъд се шабу се рӯз дар шаҳрҳои Бруҷерд, Ҳамадону Исломшаҳр сайру тамошо карда, ба Теҳрон баргаштем.


(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо»,
қисми 2, Душанбе,
«Эко Принт», 2024, саҳ. 379 - 416)