(Тақриз ба монографияи Ширин Қурбонова «Пешвои миллат ва 34 соли роҳи сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон», Душанбе, 2025, 200 саҳ.)
Ҳамчун намояндаи илми дақиқ – физика, ки ба қонунҳои умумии табиат, сохтори материя ва заминаҳои равандҳои табиӣ таваҷҷуҳ дорам, ба таҳлили рисолаи профессор Ширин Қурбонова бо назари махсус ворид шудам. Дар ниҳодам саволе пайдо шуд: оё илми дақиқ метавонад ба равандҳои мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки дар асар тасвир шудаанд, нури таҳлил андозад? Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ин асар қонунҳои умумии системавӣ, устуворӣ ва динамикаи пешрафт – он чизе ки илми физика дар сатҳи материя омӯхтааст – дар сатҳи ҷомеа ва давлат низ таҷаллӣ ёфтаанд.
Монографияи мазкур аз таҳқиқоти муқаррарии таърихӣ-сиёсӣ бо он фарқ мекунад, ки муаллиф ба равандҳои таҳлилшаванда ҳамчун системаи динамикии устувор – шабеҳи системаҳои физикӣ, ки дар он ҳар як қисм ба кори кул таъсир мерасонад – муносибат кардааст. «Модели тоҷикии сулҳ», ки дар маркази асар қарор дорад, аз лиҳози сохторӣ ва функсионалӣ ба системаҳои мувозинати динамикӣ дар физика шабоҳат дорад: пас аз таназзули шадид (ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ) система таҳти таъсири омили берунии идоракунанда (роҳбарии Пешвои миллат) ба ҳолати нави устувор – сулҳ, ваҳдат ва пешрафт – мерасад.
Муаллиф монографияро дар асоси ҳафт рамз – сулҳофарин, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофарин, сипаҳсолор – сохтааст. Ин ҳафтгона ба мисли ҳафт унсури асосии системаи устувори давлатӣ мебошад, ки ҳар кадом бе дигаре маънои худро гум мекунад. Аз нигоҳи физика, ин ҳафт паҳлуро метавон ҳамчун ҳафт дараҷаи озодии системаи «Тоҷикистони муосир» тавсиф кард, ки ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангии онҳо устувории куллиро таъмин мекунанд.
Дар асари Ширин Қурбонова Тоҷикистон бо шахсияти Пешвои миллат комилу фарогир муаррифӣ шудааст. Дар шароити бесуботии солҳои 1990-ум, ки як навъ «хаоси динамикӣ» буд, маҳз ин нуқтаи устуворӣ ба система имкон дод, ки ба ҳолати нави мутавозин гузарад.
«Модели тоҷикии сулҳ», ки муаллиф дар боби 1 («Сулҳофар») ба таври муфассал таҳлил кардааст, маҳз гузариши системаро ба ҳолати нави устувор – сулҳи пойдор – тавсиф мекунад.
Аз лиҳози физикӣ, ин раванд шабеҳи кристаллизатсия аст: дар моеи гудохта (ҷомеаи пароканда) маркази кристаллизатсия (Пешвои миллат) пайдо мешавад, ки атрофи он зарраҳо ба тартиби муайян ҷойгир мешаванд ва сохтори устувори кристаллии давлатдориро ташкил медиҳанд. Дар монография ин раванд тавассути таҳлили музокироти сулҳ дар Теҳрон, Москва, Исломобод ва Алмаато, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (1997) ва татбиқи он – аз баргардондани гурезагон то ташкили ҳукумати муштарак – ба таври возеҳ нишон дода шудааст.
Бобҳои 5 («Роҳкушо») ва 6 («Нурофар») барои ман ҳамчун физик ҷолибанд. Дар ин бобҳо муаллиф нишон медиҳад, ки чӣ гуна Пешвои миллат захираҳои обии Тоҷикистонро, ки онро метавон ҳамчун «потенсиали энергетикӣ» тавсиф кард, ба энергияи воқеии барқ ва пешрафт табдил додааст.
Дар физика, ҳар як система барои нигоҳдории устувории худ ба «девори потенсиалӣ» ниёз дорад, монеае, ки онро аз таъсири омилҳои беруна муҳофизат мекунад. Дар боби 7 («Сипаҳсолор») муаллиф нишон медиҳад, ки чунин «девори потенсиалӣ» барои Тоҷикистон артиши миллӣ, неруҳои марзбонӣ ва ниҳодҳои амниятӣ мебошанд.
Таъсиси артиши миллӣ аз сифр дар солҳои аввали истиқлол, ки муаллиф онро тавассути таҳлили таъсиси Вазорати мудофиа (1993), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (1994) ба таври муфассал тасвир кардааст, дар забони физика маънои «баланд бардоштани сатҳи энергияи монеа»-ро дорад. Ҳар қадар ин монеа баландтар бошад, ҳамон қадар эҳтимоли «гузариши тунелӣ» (таҳдидҳои хориҷӣ ва дохилӣ) камтар мешавад.
Дар физика, энтропия ченаки бесарусомонӣ ва парокандагии система мебошад. Дар ҷомеа, ҷанги шаҳрвандӣ ҳолати баландтарини энтропияи иҷтимоӣ аст, яъне қариб ҳамаи робитаҳои байни унсурҳои ҷомеа вайрон шудаанд. Дар бобҳои 2 («Тоҷикпарвар») ва 3 («Ваҳдатгаро») муаллиф нишон медиҳад, ки чӣ гуна Пешвои миллат тавассути эҳёи фарҳанги миллӣ, забони тоҷикӣ, таърих ва анъанаҳо, инчунин, тавассути маърифати ҳуқуқӣ ва таълим «энтропияи иҷтимоиро» паст кардааст.
Маърифати ҳуқуқӣ, ки муаллиф дар зерфасли 3.3 таҳлил кардааст, дар забони физика маънои «ворид кардани қоидаҳои ягонаи бозӣ ба система»-ро дорад.
Яке аз нуқтаҳои қавии монография истифодаи усулҳои гуногуни таҳқиқот мебошад. Муаллиф ба равандҳои иҷтимоӣ бо нигоҳи системавӣ ва динамикӣ муносибат кардааст. Дар монография усулҳои зерин ба таври самаранок истифода шудаанд:
- усули системавӣ-функсионалӣ барои таҳлили ҳафт паҳлуи фаъолияти Пешвои миллат ҳамчун унсурҳои системаи ягона;
- усули таҳлили хронологӣ барои баррасии равандҳои таърихӣ дар пайдарпайии замонӣ;
- усули муқоисавӣ барои муқоисаи вазъи Тоҷикистон пеш ва баъд аз роҳбарии Пешвои миллат;
- усули таҳлили мундариҷа барои таҳлили санадҳо, осори Пешвои миллат ва маводи расонаҳо;
- усули моделсозии системавӣ, ки муаллиф «модели тоҷикии сулҳ»-ро ҳамчун як намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо дар сатҳи ҷаҳон пешниҳод мекунад.
Аз нигоҳи физика, ин монография як намунаи олии физикаи иҷтимоӣ мебошад. Соҳаи илме, ки қонунҳои умумии системаҳои динамикиро дар сатҳи ҷомеа ва давлат омӯхта, онҳоро бо забон ва усулҳои дақиқ тавсиф мекунад.
Асарро ҳамчун «дастури физикаи иҷтимоӣ» барои донишҷӯён, олимон ва роҳбарони давлатҳое, ки дар роҳи барқарорсозии сулҳ ва пешрафт қадам мегузоранд, раҳнамо номид. Он сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника мебошад.
Фарҳод РАҲИМӢ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон